Қубодиён масъулини риштаи маънавиёт бояд ҷомеаро аз ҷиҳати равонӣ омӯхта, тавассути воситаҳои идеологӣ кор баранд ва шахсиятҳои мӯътабари маҳалро барои пиёдасозии сиёсати идеологии давлат истифода карда тавонанд, мегӯянд коршиносон.
Ҳамчунин ХАДИЧА АБДУРАҲИМОВА, муовини раиси деҳоти Носири Хусрави ноҳияи Кубодиён, меафзояд, ки аз ҳудуди деҳоти мазкур 16 нафар ба маҷалла обуна шудааст. Ӯ мӯътақид бар он аст, ки масъулини риштаи маънавиёт бояд занони рустоиро, ки гӯё вақти мутолиакунӣ намеёбанду шабу рӯз ба тамошои филмҳои пурмоҷарои 100 – 120 қисма тавассути DVD машғуланд, ба китобу маҷаллахонӣ ҷалб намоянд. Зеро маънавиёти мардумро танҳо бо роҳи иттилоотонӣ ва фаъолгардонии онҳо барои ширкат дар ҷомеа метавон боло бурд.
«забон» ёфта натавонистам. Рости гап, дар Қубодиён аз бедории бонувон метарсанд, моро дар минбарҳо дида наметавонанд. Метарсам, ки карахтии занон дар ҷамъияти имрӯза ба манфиати бегонаҳост. Сиёсати давлат дар самти баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, бо «дарки сиёсӣ» ва «ҳушёрии сиёсӣ»-и чунин мансабдорон гумон аст, ки амалӣ бигардад».