БИҲОҶАЛ РАҲИМОВА, то кунун узвияти хешро дар сафи ҳизби коммунист нигаҳ доштааст, камранг шудани нақши занонро дар сиёсат тасдиқ намуд. Вай иброз дошт, ки дар замони шӯравӣ ҷавонон орзу мекарданд, ки сиёсатмадор шаванд. Аз ин рӯ, дар чорабиниҳо бошавқ ширкат меварзиданд. Ҳоло бошад, ҳатто ҳизбҳои сиёсӣ бахши захиравӣ надоранд.
сарвари Созмони ҷамъиятии «Бонувон бо маълумоти донишгоҳӣ» собиқаи беш аз сисолаи мақоми баланд дар кори ҳизбӣ дорад.
раиси бахши бонувони Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, баъди он ки Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон, соли 1999 дар мавриди баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа як силсила иқдомоти ҷиддӣ гирифт, раванди ворид шудани бонувон ба майдони сиёсат, суръати бештар касб кард. Алҳол аз 49 ҳазор аъзои ҲХДТ дар вилояти Суғд, наздик ба 24 ҳазорро бонувон ташкил медиҳанд. Чанд омиле ҳаст, ки дар роҳи ворид шудани бонувон ба сиёсат халал эҷод мекунад. Бонувоне ҳастанд, ки маърифати баланди сиёсӣ надоранд ва сиёсатро кори беҳуда мешуморанд. Дувум, баъзе хушдоманҳо ба ворид шудани арӯси хонадон ба сиёсат монеъ мешаванд. Савум, дар интихобот мардҳо боадолатона, бо қувваи баробар вориди мубориза намешаванд. Дар натиҷа бонувон мағлуб шуда, аз сиёсат дилсард мегарданд.
сарвари Созмони ҷамъиятии «Оштии миллӣ», вале, мутаассифона, дар даврони истиқлолият ба он бонувоне, ки аллакай чеҳраҳои сиёсӣ дар майдони сиёсат буданд, камтар эътибор доданд. Қонунҳои нонавишта ва тафаккури қолабие ҳаст, ки гӯё зан дар ҳар зинае мақоми аввалро дар сиёсат ишғол карда наметавонад. Мардоне ҳастанд, ки дар мақоми аввал будани занони боҷасоратро намеписанданд. Дар Тоҷикистон даҳҳо бонувоне ҳастанд, ки метавонанд аз ӯҳдаи вазоифи баланд бароянд. Ин гуна бонувон дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ аксар дар созмонҳои байналмилалӣ кор мекунанд ва дар он сатҳ пазируфта ҳам шудаанд. Дар дохили кишвар баръакс маҳдудиятҳо доранд ва аз ҷониби сохторҳои марбутаи давлатӣ барояшон дар роҳи ба мақсад расидан гоҳҳо саддҳои «искандарӣ» гузошта мешаванд. Ҳамчунин нобаробарии иҷтимоию иқтисодии занон, нарасидани таҷрибаи сиёсӣ низ садде мешаванд дар роҳи ворид шудани онҳо ба сиёсат.
Мо дар муборизаҳои сиёсӣ акнун қадамгузориро омӯхта истодаем. Агар бонувони сиёсатмадор дар кишвари мо зиёд бошанд, ҷомеа тезтар рушд мекунад. Вале бояд таъкид кард, ки то кунун занон миёни худ иттиҳоди бузург ва ҳамбастагӣ надоранд – меафзояд ҳамсухбати мо.
Лекин намедонам бо кадом сабабҳо, ин барномаҳо татбиқ намешаванд. Кумитаҳо ва бахшҳои занон ба куҷо нигоҳ мекунанд, ба чӣ кор машғуланд, ки барои муаррифии кадрҳо нақше надоранд? Аксари ҳизбҳо бошанд, танҳо дар вақти интихобот садо баланд мекунанд. Аз сӯйи дигар ман чун рӯзноманигор набояд пойбанди ин ва ё он ҳизб бошам. Зеро рисолати рӯзноманигорӣ, инъикоси воқеият буда, журналист наметавонад манфиати як тарафро боло гузорад. Ҳизбҳо бошанд, ҳар кадом манфиатҳои сиёсии худро доранд – мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.