Бахтинисо Мирзоева, раиси деҳоти Калинини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ танҳо баъди 25 соли фаъолият дар корҳои ҷамъиятӣ, ба ин вазифа таъйин гашт: «Барномаҳои марбут ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа дар сатҳи маҳалҳо иҷро намешуд. Дар ноҳияи мо бошад, таваҷҷӯҳ ба пешбарии бонувон ба вазифаҳои роҳбарикунанда, аз замони раисии Рӯҳулло Ҳакимов оғоз ёфт, – мегӯяд Бахтинисо. –Деҳоти моро дар гузашта Шветсариёи хурдакак мегуфтанд. Зеро омезиши қавму миллатҳои русу немис, гурҷию арманӣ, тотору молдован ва дигар миллатҳо дар ин ҷо як маданияти хосаеро ба вуҷуд овардаву он зеботарин маҳаллаи ноҳия маҳсуб меёфт. Духтарони мо дар муҳити шарқу аврупоӣ ба воя мерасиданд. Чуноне зикр кардам, то соли 2009 ҳукуматдорон ба нерӯи кадрии бонувони мо таваҷҷӯҳ надоштанд. Аз ин рӯ, аз ин маҳалла, ба ҷуз духтуру омӯзгор дигар дар ягон соҳа бонуе рӯи кор наомад. Ҳоло дар ноҳияи мо якчанд зан дар риштаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кор мекунад, ки баъди муддате метавон бо боварӣ, ақаллан ба вазифаҳои муовини раис оид ба иқтисод, бахшҳои андозу молия пешбарӣ намуд. Баъди кор дар ин зинаҳои хизмати давлатӣ, бонувон метавонанд аз ӯҳдаи раисии ноҳия ҳам бароянд».
Коршиносони масоили умури идоракунии давлатӣ мегӯянд, ки раисони ноҳия бояд дар баробари иқтисодшиноси хуб будан, инчунин лоиҳаи панҷ соли ояндаи рушди иқтисодӣ-иҷтимоии (яъне стратегия) ноҳияи роҳбарӣ мекардаашонро рӯйи даст дошта бошанд. Дар Хатлон мисли Гулбаҳор Хоҷаева, муҳосиби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, бонувони иқтисоддону молияшинос ангуштшуморанд. Ин насл дар мушкилтарин солҳои 90, бо ранҷу азобҳои зиёде таҳсилу дар соҳаи иқтисодиёти вилоят кор кардаанд. Аммо, баъдан меъёрҳо дигар шуда, бонувони мутахассис ба ҷойи боло, поин рафтанд. Гулбаҳор Хоҷаева баъди хатми техникуми кишоварзии ноҳияи Бохтар, муддате ба ҳайси муҳосиб ва мутахассиси иқтисодшинос, дар ташкилотҳои гуногун фаъолият менамояд. Баъдан, донишгоҳро бо ихтисоси иқтисодшинос хатм намуда, якчанд сол дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав ва Раёсати молияи вилояти Хатлон, дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Ӯро Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон, ба сарраёсати молияи вилоят овард. Аммо дар доираҳои ҳукуматӣ, ки Гулбаҳорро «Леди-финансист» ном мебаранд, мегӯянд, ки ӯ, бешубҳа, сазовори вазифаҳои баландтар аст.
Шоира Атабаева, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд: «Нобоварӣ ба иродаю имкониятҳои бонувони кордон, ақидаи кӯҳнаи замони шӯравист. Зеро дар 70 соли режими мазкур бонуе дар водии Вахш дар чунин вазифаи баланд таъйин нашуда буд. Ин шеваи тақсимоти вазифаҳои иҷтимоӣ, ки ба бонувон танҳо шуғли хонаву боғча, мактабу беморхона ва кори саҳрову фабрикаҳо расидааст, назари ҷомеаро нисбат ба зан дар муҳити носолим тарбия менамояд». Ба гуфти Шоира аз ҳисоби бонувони сиёсатмадор, менеҷерон, мутахассисони барқу саноат ва иқтисод метавон раисону вазирони ояндаро тарбия кард, агар дар мақомоти маҳаллӣ барои онҳо «роҳ» кушода шавад.
Ойимнисо Саидшоева, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷиликӯл, бар ин назар аст: «Дар вилояти Хатлон ба сиёсати гендерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса надоранд. Кори бахши занон ва оилаҳо дар сатҳи ноҳияҳо хуб ба роҳ монда нашуда, сиёсати гендерии давлат дар рӯйи коғаз мемонад. Оид ба ин мавзӯъ дар ҳузури раисони Кумитаи кор бо занон ва оилаи вилоят ва ҷумҳурӣ баҳс кардаам, аммо натиҷае ба даст наомад. Иштибоҳи дигар дар сатҳи мақомоти маҳаллист, солҳои пеш дар интихоби бонувон ба вазифаҳои роҳбарикунанда аксаран меъёр ҳусну ҷамол, хешутаборӣ ва дигар нишонаҳои носолим буд. Вақте ба роҳбарии ҷамоат бонувоне таъйин мешаванд, ки боварии халқро арзанда нестанд, эътимоди мардум нисбат ба мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ коста мегардад. Мутаассифона, дар баъзе маҳалҳо вазифаи раиси деҳотро қариб меросӣ кардаанд.