Ҳар гоҳ ин байт ба ёдам мерасад, бидуни ихтиёр муаллимаи азиз Биҳоҷал Раҳимова ба ёдам мерасанд. Ва ё баръакс, чун муаллимаро мебинам, бидуни иродаи ман ҳамон байти он бузургшоир ба ёдам мерсад. Чӣ ҳикмате дар ин иртибот нуҳуфта бошад? Шояд ва бешак он аст, ки ин бону воқеан, бо як маслаку бо як маром, дар лаҳазоти сарнавиштсоз накалавидаю наҳаросида, аз як ҷӯй ба ҷӯйи дигар наҷаҳида, чун дигарон худро ба рангҳои назарфиребу зуд-зуд тағйирёбанда мувофиқу ҳамранг насохта, роҳ мепаймояд?! Вай коммунист буд ва ҳамон тавр монд. Вай ҳамеша аз ҳуқуқҳои бонувону духтарон дифоъ мекард, ҳамон тавр монд. Вай бонуи хона, ҳамсару модари меҳрубон буд ва ҳамон тавр монд. Талотумҳои ҳаводис нигоҳи ӯро, мавқеъи ӯро ба зиндагӣ дигар накарданд. Вай ҳарчанд коммунист буд, вале аз истиқлолият истиқбол кард. Дигаронро ба созандагӣ даъват кард. Чун ба нафақа баромад канори танҳоӣ ихтиёр накард. Бо ҳамон шӯру шавқе, ки хоси ӯст, фаъоляти ҷамъиятияшро идома дод. Чандин сол аст, ки коршиноси созмони байналмилалии ҒNIFӯM дар вилояти Суғд маҳсуб мешавад. Вай барои ҳадди ақал ду насл улгуи раҳбарист. Метавон роҷеъ ба шахсияти Биҳоҷал Раҳимова аз номи худ сухани зиёд гуфт, вале салоҳ донистем, ки ин корро ба зиммаи дигарон вогузорем. Бошад, то онҳо бигӯянд, ки Биҳоҷал Раҳимова кист ва чӣ нақше дар зиндагияшон гузоштааст. Пой бар домани сӯҳбати чанде аз шахсиятҳое мениҳем, ки ин бонуро аз наздик мешиносанд.
– Ман Биҳоҷал Фатҳиддиновнаро аз соли 1975 бад-ин сӯ мешиносам, – иброз дошт Раиси Ассотсиатсияи бонувони соҳибкори вилояти Суғд Муҳаббат Нозимова. – Он замон он кас дар вазифаи котиби Кумитаи Марказии комсомоли ҷумҳурӣ ва ман ба ҳайси котиби кумитаи комсомоли корхонаи истеҳсоли равғани ноҳияи Конибодом адои вазифа менамудем. Дар бисёр машварату ҳамоишҳо ва маҳфилҳои сатҳи ҷумҳурӣ якҷоя иштирок мекардем ва дидору сӯҳбатҳои пайваста моро бо ҳам қарин сохта буд. Дӯстию рафоқати мо ҳангоми мовини мудири шӯъбаи кадрҳои Кумитаи Марказии Ҳизби Комунисти Тоҷикистон кор карданашон идома ёфт. Соли 1983 он касро ҳамчун котиби Кумитаи ҳизби коммунистии вилоят таъин карданд. Ин замон ман низ дар Конибодом ба ҳайси котиби кумитаи ҳизбии шаҳр фаъолият менамудам. Баъдан, маро саодати паҳлӯ ба паҳлӯи ин шахси воқеан донишманду матинирода истода кор кардан муяссар гашт. Ин соли 1985 буд. Маро ба ҳайси муовини раиси вилояти Суғд оид ба идеология ба кор гирифтанд. Мо акнун якдигарро мукаммал мекардем. Тайи таърихи беш аз 35-солаи ошноӣ бо ин бону ман дарк кардам, ки то чӣ андоза ғамшарикӣ, дилёбӣ, беғаразӣ, одамро мӯътабар месозад. Ман кам андар кам дидаам, ки дар як инсон беҳтарин хислатҳои ҳам барои роҳбар, ҳам сиёсатмадор, ҳам барои як тан зан, ки посбони оташи хонадон аст, зарур тавъам омада бошад. Гузашта аз ин, Худованд ба ин бону ончунон нерӯи бузурги зеҳнию ҷисмоние ато кардааст, ки дар дигарон нест. Шикастанафсӣ, ғамхорӣ дар ҳаққи дигарон, хоксорӣ ва одоби ҳамида Биҳоҷал Фатҳиддиновнаро маҳбуби ҳамагон кардааст. Ман низ пайваста таманнои онро дорам, ки чунин хислатҳои наҷиби инсониро аз ӯ биёмӯзам ва дар шахси худ таҷассум намоям.
– Сенздаҳ сол аст, ки ман Биҳоҷал Раҳимоваро мешиносам ва ҳамзамон чизеро аз ӯ меомӯзам, – мегӯяд раиси Кумитаи бонувон ва кор бо оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, профессор Раъно Бобоҷонова. – Яке аз хислатҳои неки ин инсон якрӯ будани ӯст ва ҳар чизе ки фикр мекунанд дар рӯ ба рӯ мегӯяд. Ман ягон маротиба надидаам, ки ин зан ғайбат карда бошад. Вақте ӯ сарзаниш мекунад, ин амал танҳо ба хотири пешрафти кор ва ислоҳи камбудиҳост. Биҳоҷал Фатҳиддинона як зани хайрхоҳу фидокор аст. Ҳамеша дар андешаи пешрафти Ватан, ободию озодӣ, зиндагии пурсаодати инсонҳо, ба вижа модарону духтарон аст. ӯ худ як бонуи озод асту таманнои онро дорад, ки дигарон низ озоду саодатёр бошанд. Муҳим аз ҳама пойбанди тамаъ ва илтифоти дигарон нест. Сарбаланд асту муттаҳам пеши касе нест. Шояд қасру кӯшкҳои сарбафалак надорад, вале дӯстони зиёду хотири ҷамъу хоби хуш дорад. Ин бону ҳар он чӣ медонад, ҳамеша омодааст то онро ба дигарон бидиҳад, то онҳоро ба роҳи рост ҳидоят карда бошад.
Биҳоҷал Раҳимова дар тарбияи фарзандон ва наберагон заҳмати бисёр кашидаанд. Духтари калониашон Мавҷуда кардиолог, номзади илми тиб аст ва дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекунад. Мавҷуда низ се фарзанд дошта, ду писари ӯ: Ҷаҳонгиру Дадоҷон ҳамроҳи бибиашон, яъне дар Хуҷанд зиндагӣ мекунанд. Духтари дигарашон Малика корманди бахши хуҷандии Бонки Миллии Тоҷикистон аст. Шавҳарашон дар яке аз корхонаҳои нақлиётии шаҳр мушовир аст. Як чиз мусаллам аст, ки ин зан дар таърихи навини тоҷик нақши носутурданӣ дорад ва заҳмати зиёде барои дарёб кардани номи неку обрӯйи баланди зан кашидааст. Ин аст, ки имрӯзу фардоиён ӯро қадр мекунанд. Мавриди он аст бигӯем, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд ба таърихи 27-уми декабри соли 2011 таври тантанавӣ 70-умин солрӯзи Биҳоҷал Раҳимова таҷлил хоҳад шуд. Дар чаҳорчӯбаи ин ҷашнвора баргузории як силсила маҳфилҳои илмию фарҳангӣ, нашри як китоби маҷмӯъаи мақолаҳо роҷеъ ба соҳибҷашн ва тақвими руйимизии соли 2012 бо акси зебои ӯ ба нақша гирифта шудааст.
– Мо бо Биҳоҷал Фатҳиддиновна зодаи як маҳалла ҳастем ва аз ин рӯ аз роҳи тайкардаи ин шахс ба пуррагӣ огоҳ ҳастам, - зимни сӯҳбат изҳор дошт собиқ Муншии аввали Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Fуфронҷон Рустамов. - Дар ёд дорам, ки соли 1963 он кас баъди хатми факултаи энергетикаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ба шаҳри Қайроққум омаданд ва фаъолияти меҳнатии хешро дар корхонаи қолинҳои шаҳр ба ҳайси усто оғоз намуда, баъдан чун сардори лабораторияи барқии корхонаи мазкур корро идома доданд. Баъдан аввал ба кори комсомолӣ, сипас ба кори ҳизбӣ гузаштанд. Солҳои 1989-90 муовини Раиси кумитаи Шӯрои Олии ИҶШС оид ба занон, ҳифзи оила ва кӯдакон буданд. Соли 1991, яъне то ба фурӯпошии он кишвари абарқудрат ба ҳайси муовини Сарвазири ИҶШС кору фаъолият намудаанд. Вақте он давлат аз ҳам фурӯ рехт, чун фанатикҳо ҳаёҳуй накарданд, аз пайи барқарор кардани СССР нашуданд ва таҳаввулотро дуруст қабул намуданд. Ҷараёни ҳодисаҳоро як амри мантиқӣ донистанд ва зуд дарк карданд, ки баргашт ба пас имконнопазир аст. Ин қадами барҳақи муаллимаро худи ҳаёт нишон дод, ки роҳи бозгашт вуҷуд надорад ва бо як Тоҷикистон наметавон СССР сохт. Вале муборизаи хешро барои беҳбудии рӯзгор идома доданд. Яъне аз андешаҳои коммунистии хеш, ки баробарии иҷтимоӣ буд, даст накашиданд. Матонат, ҷасорат, хайрхоҳӣ, бо ҳама баробар будан, дарди дигаронро чун дарди худ қабул кардан ва муҳим аз ҳама принсипнокӣ аз муҳимтарин хислатҳои шоистаи муаллима ба шумор мераванд. Ман фикр мекунам, ки инсоне, ки дорои чунин сифатҳост, шахси некбахту саодатёр аст.
Якдилу якҷиҳату якрӯ бош,
В-аз дурӯёни ҷаҳон яксӯ бош!
Оре, Биҳоҷал Раҳимова ҳамон бонуи сиёсатмадорест, ки тоҷикбонуи сиёсатмадорро дар шӯрои олии СССР муаррифӣ мекард ва имрӯз ҳам бо номи некаш ҳамонест, ки буд. Ҳамонест, ки замоне шӯҳратёр дар сиёсат. Ҳамонест, ки шӯҳратёр дар заковат. Ҳамонест, ки шӯҳратёр дар садоқат ба Ватан ва миллат. ӯ бонуест, ки ҳамчун таҷассуми матиниродагиву бурдбории занони сарвару лидер, бояд дар сархати таърихи бонувони муосири тоҷик ҷо бигирад. 70-солагии рӯзгори пур аз ҷасорату кордонии Шумо муборак, Биҳоҷал Фатҳиддиновнаи арҷманд!
«Бонувони Тоҷикистон»