Маош ва эътироз
Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов лоиҳаи қонун «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муаррифӣ намуда, гуфт, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат таҳия гардидааст.
Лоиҳаи пешниҳодшуда, хароҷотро вобаста ба фаъолияти узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, ки то ҳол баробари 5 маоши ҳади аққал пардохт мешавад, ба 10 нишондиҳанда барои ҳисобот иваз хоҳад кард. Ин баробари ҳаҷми иловапулиҳои амалкунандаи имрӯза мебошад.
Тибқи иттилои вазири молия, соли 2000-ум музди меҳнат ҳамагӣ 100 сомонӣ, ҳади аққали нафақаи музди меҳнат 1 сомонӣ буд. Дар соли 2010 он 3 300 ва соли 2011 маоши вакилон ба миқдори 5 350 сомонӣ муқаррар шудааст.
Вале Шодӣ Шабдолов аз ин изҳори норозигӣ намуд, ки ин маош нисфи маблағи дар даврони шӯравӣ мегирифта нест.
«Ҳеҷ гоҳ маоши вакилонро дар буҷет ҳар сол мавриди таҳлил қарор намедиҳанд. Онро як бор муайян мекунанду давоми 5 соли дигар бетағйир мемонад»,– қайд кард ӯ.
Дар ҳамин ҳол, бархе коршиносон ба ин андешаанд, ки агар вакилони мо воқеан мардумӣ мебуданд, аз зиёд шудани маошашон даст мекашиданду пешниҳод мекарданд, ки он маблағҳоро 50-100 сомонӣ ба маоши муаллимону духтурон илова намоянд.
Ё вазифа диҳед ё маош, талаб доранд вакилон
Вакили Маҷлиси намояндагон Ҳабибулло Саъдуллоев гуфт, ки тибқи тағйироти лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вакилон баъди анҷоми ваколат танҳо се моҳ маоши моҳонаи худро мегиранд.
Ҳарчанд ин боиси нигаронии вакилон гардид, вале танҳо ду-се нафар эътироз карданду халос. Аз қонунҳои пештара бошад, вакилон баъди анҷоми ваколаташон то шаш моҳ дар ҳаҷми маошашон пул мегирифтанд. Аз ин рӯ, вакилон эътироз карданд, ки баъди анҷоми ваколаташон чун аз имтиёзҳои вакилӣ маҳрум шуданд, имтиёзи дигаре барқарор шавад. Зеро пештар пас аз тамом шудани мӯҳлати иҷрои вазифа, онҳоро ба кори муносиб ва ё ба вазифаи пештара барқарор мекарданд.
Аммо ба қавли Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ин меъёр баъди солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба онҳое дахл дошт, ки фирорӣ шуда буданд. Яъне, барои баргардонидани онҳо ба Ватан чунин имтиёз вуҷуд дошт, ки вакилон ба вазифаҳои баробарвазн ва ё пештара барқарор мешуданд. Аммо имрӯз зарурияти ин чиз нест.
Ҳамчунин, ӯ сабаби аз 6 то 3 моҳ кам кардани кӯмакпулии баъди анҷоми ваколати вакилонро дар он шарҳ дод, ки ҳар нафари аз кор рафта, дар давоми 3 моҳ ҷойи кор пайдо карда метавонад. Аз ин рӯ, тибқи ин қонун ҳам вакилу ҳам корманди оддӣ баъди аз вазифа озод шудан, ба қавле «баробар» шуданд. ӯ гуфт: «Вакилон ҳам шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва аз ҳама бештар бояд онҳо зиндагӣ ва пешравии худро бо мардуми оддӣ ва бо онҳое, ки хизматчии давлатианд, баробар нигоҳ доранд. Аз ин рӯ, агар чунин рафтор намекарем, ноадолатӣ мешуд.»
Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин гуфт, ки мақсади дигари тағйироти қонун дар он аст, ки пештар вакилони ваколаташон анҷомшуда 6 моҳ музди меҳнат мегирифтанду ҳатто ҷойе барои кор муроиҷат накарда, дар хона истироҳат мекарданд.
Дар ин маврид вакили Маҷлиси намояндагон Шодӣ Шабдолов изҳори норозигӣ намуда гуфт, ки агар вакилро баъди анҷоми ваколаташ ба кори муносиб таъмин созанд, вай ҳеҷ гоҳ даъвои маош намекунад. Аз ҷумла, ӯ чунин гуфт: «Мо вакилонеро медонем, ки дар ба дар шуданд. Таксӣ мезананд. Ин ҷо вакилон тасодуфӣ намеоянд. Як кас аз сатҳи прокуратура, вазорат, суд, илму маориф омада, баъди вакилӣ бекор мондаанд. Барои ҳамин кафолат дода шавад, ки дар мӯҳлати 3 моҳ собиқ депутатҳо боз бо кор таъмин карда шаванд.»
Меарзанд, намеарзанд?
Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайфулло Сафаров ба он назар аст, ки вакилони мардумӣ ҳама вақт андешаи халқро мекунанд: «Агар гӯем, ки музди вакилон зиёд аст, шояд дуруст набошад. Зеро ин намояндаҳо, ки ба таҳияи қонунҳои давлати мо машғуланд, бояд зиндагии аз ҳар ҷиҳат таъмин дошта бошанд. Вагарна, шахсони варзида ҳаваси намояндагии мардумро намекунанд ва бе қонунҳои заъиф давлат ҳам сусттар шудан мегирад. Мардум худаш бояд ин масъаларо, яъне, боло бурдани маоши хизматгорони худро бо фаҳмиши худ ва саводи худ баланд намояд, на ин ки муқобил бошад. Мо, бояд чунин шароите муҳайё кунем, ки онҳо баъди хотима ёфтани ваколаташон дарҳол ба дигар корҳо машғул шаванд. Зеро ҳар як рӯзи кории одами таҷрибадор ва босавод нисбати шахсони камсавод ва бетаҷриба барои миллат муфидтар аст, ки инро бо пул чен карда намешавад. Як рӯзи кории чунин шахсон шояд даҳҳо ва садҳо баробар аз он маоше, ки мо ба онҳо медиҳем қиматтар меистад», – гуфт ӯ.
Аммо, ба андешаи иқтисодшинос, Муҳаммад Аҳмад, фаъолияте, ки вакилони Маҷлиси намояндагон доранд, арзиши 5000 сомониро ҳам надорад. Тавре ӯ мегӯяд: «Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳанӯз ҳам мустақилияти корӣ надошта, ваколатҳои хешро дуруст истифода бурда наметавонанд. Дар ин сурат, на аз муаллим дифоъ мекунанд, на аз муҳоҷир.»
Фарқият аз рӮйи адолат нест
Дар ҳамин ҳол, бархе коршиносон бар ин назаранд, ки ин гуна фарқияти бузург миёни маоши мақомдори давлатӣ ва як корманди сатҳи пойин аз рӯйи адолат нест. Масалан, мутахассисони дигар соҳаҳо низ вақте аз вазифаҳо дур мешаванду бе кор мемонанд, чунин имтиёз надоранд, ки то 6 моҳ ё се моҳ маош гиранд. Ва ё бо кори баробарвазн таъмин шаванд.
Ба андешаи иқтисодшиноси номбурда бошад, тағйироти суратгирифта, ки минбаъд вакилон баъди поён ёфтани ваколат танҳо 3 моҳ маош мегиранд, кори дуруст шудааст.
«Имрӯз дар МНМО 61 вакил фаъолият доранд, ки маҷмӯан дар 63 моҳ баъди муайян шудани маоши қариб 5500 сомонӣ, онҳо 18 миллиону 940 ҳазору 500 сомони буҷаро ҳамчун маош мегиранд.
Илова бар ин 61 вакил бо ронанда, мошин, аксарияташон бо хонаи давлатӣ, сафарҳои хидматӣ ва дигар иловапулиҳо таъминанд ва дар зарфи 63 моҳ 5 миллион сомонӣ хароҷот доранд. Ҳамагӣ 23 миллиону 940 ҳазору 500 сомонӣ.
Худ, қазоват кунед, маоши роҳрӯбу муаллиму духтуру милиса 300 сомонӣ ё каме зиёдтар аст. Хароҷоти умумии панҷсолаи 61 вакили мардумӣ, баробари маоши панҷсолаи 1500 нафар муаллим буда, 25 маротиба тафовут дорад. Вақте ки фарқи вакил аз тарбиятдиҳандаи насли оянда 25 маротиб зиёд бошад, худ гувоҳи таҳқири муаллим аст»,–қайд кард ӯ.
Воқеан, омӯзгорон ва ё табибон чӣ кадар вазифаҳои душворро ба дӯш доранд, вале маоши аз ҳама кам мегиранд. Яке ба тарбияи фарзандон, ки дар ҳар синф 30-40 нафар будаву онҳо психологияи гуногун доранд, сару кор мегираду дигарӣ бо саломатӣ, ҳаёт ва тақдири инсон. Омӯзгороне ҳастанд, ки бо бемориҳои вазнин ба нафақа мебароянд, ҳатто нафақаашон ба дорупулиашон намерасад.
Ба андешаи Муҳаммади Аҳмад, ин гуна муайянкунии маоши кормандони соҳаҳои иҷтимоии давлат дар қиёс бо моҳонаи вакилону вазирону сафирон маънои тақсимкунии табақаҳои ҷомеа ҳисобида мешавад. ӯ дар ин маврид чунин мегӯяд: «Вақте маоши муаллиму пизишку пулис 250 сомонӣ муқаррар шудааст, аммо, мансабдорони кишвар аз 5000 то 14000 сомонӣ моҳона мегиранд, воқеан ба ҳайсияти омӯзгору духтур таҳқир аст. Аз ин рӯ, хеле мутаассифам, ки ҳанӯз ҳам Вазорати молия фарҳанги дурусти тақсимоти пулиро соҳиб нашудааст».
Бояд гуфт, вақти он расидааст, ки вакилон аз утоқҳои гарму машинаҳои роҳат баромада, бо мушкилоти мардум аз наздик шинос шаванд. Аз аҳволи мардуми оддии даруни пахта бохабар ва огаҳ шаванд, ки чӣ рӯзгоре доранд. Аз беморхонаҳои касалиҳои силу саратон дидан кунанд ва бубинанд, ки кадом табақаи мардум бештар ба ин бемориҳои вазнин гирифтор мешаванд ва чаро? Ё онҳо низ ба ин боваранд, ки бе овоздиҳии ҳамин табақаи мардум вакил интихоб шудаанд?
Саида ҚУРБОНОВА