Саида Нурляминова – мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Ба қавли ӯ: «Зан бояд мисли фаришта бошад – пок, беолоиш, покдомон. Ва мард мисли офтоб субҳ ҳама ҷоро мунаввар созаду шомгоҳон ба маскани худ баргардад».
Аз мардумаки дида бибояд омӯхт,
Дидан ҳама касрову надидан худро.
Чун аз ин шиораш дар зиндагӣ огаҳ шудем, ҳавои сӯҳбат бо ӯ аз сар парид, зеро ин тоифа ба дову дағдаға завқ аниқтараш, ниёз надоранд. Аммо моро кори як духтари ҳамеша дар такопӯ, серташвишу сертараддуд ва дар айни ҳол дилрабову дилоро ва хушмуомилаву самимӣ водор сохт, то бо ӯ аққалан як сӯҳбати сарироҳӣ анҷом диҳам ва Саидабонуро ба ҳар сурат розӣ кардем, то чанд ҳарф аз худ ва фаъолияташ бигӯяд.
Замоне, ки ӯ ба симмати мудири бахши кор бо занон ва оила дар Кӯлоб ба кор шурӯъ кард, чи дар долонҳои ҳукумат ва чи дар беруни он андеша ин буд, ки оё ин духтарак аз ӯҳдаи чунин як масъулияти бузурге мебаромада бошад? Зеро дар Кӯлоб – сеюмин шаҳри калонтарини Тоҷикистон, шаҳри таҳаввулоташ ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти кишвар қарордошта, шаҳри мардумонаш сахтгир ва серталаб на ҳар касе ёрои дар чунин маснади масъулиятнок фаъолият карданро дорост. Аммо Саидабону накебид, баръакс, таҷрибаи ҳамтои собиқи худ Зулайхо Комиловаро, ки ҳамакнун муовини раиси шаҳри Кӯлоб таъин шуда буд, омӯхт. Бо занони фаъол ва таҷрибадори шаҳр вохӯриҳо анҷом дод, аз эшон маслиҳат пурсид, то сари риштаи калобаро дарёбад. Саидабону ҳини сӯҳбат иброз дошт, ки «ман аз кору рӯзгори заноне, ки солиёни пешин дар Кӯлоб фаъолият карданд, чизҳои зиёдеро омӯхтам. Аз собиқадори соҳаи маориф, муаллима Аккалаева тамкин дар кор, аз собиқ котиби комиҷроияи шаҳрӣ Аслбӣ Шарифова муносибат бо одамон, аз собиқадори меҳнат – Турсунбӣ Ҳотамова меҳнати софдилона ва садоқат ба кор, аз Зулайхо Комилова тарз ва усули муосири роҳбарӣ, аз кампиракҳои рӯзгордида, ки бо тақозои вазифа гоҳ-гоҳ ба аёдаташон меравам, одобу одамгарӣ ва аз хушдомани азизам, мудири мактаби рақами 52, шаҳри Кӯлоб Шафоат Комилова одоби оиладориро омӯхтаам, ки ин таҷрибаҳо имрӯз бароям ёру ёваранд».
Панҷоҳу ду фисади ҷамъияти Кӯлобшаҳрро бонувон ташкил мекунанд ва масоили ҳалталаб миёни занон хело зиёд аст. Аз масъалаи бекорӣ то хонавайронӣ дар феҳрасти мушкилоти занони шаҳри мо шомил аст. Тайи ду соли ахир барои рафъи мушкилоти бекории занон 2750 ҷойи корӣ таъсис дода шуд, аммо дар ин самт ҳанӯз зиёд бояд кор кард» Ҳарчанд ин нишондод дар қиёс ба як ҷамъияти бузурги занони бекору хонашин хело кӯчак аст, аммо кӯшишу ғайрат ва тасмимоти бахши занон дар ин роҳ қобили истиқбол аст. Хонум Саида меафзояд: «Ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, рӯҳи моро ҳамеша болида нигаҳ медорад ва дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ мо тамоми ғайрати худро барои сазовор будан ба ин самти сиёсати роҳбарияти давлату ҳукумат равона созем. Айни замон дар Кӯлоб теъдоди занони роҳбар ба 130 нафар расидааст ва ин рақам дар ҳоли болоравист. Бештари занони роҳбар дар соҳоти маориф ва тандурустӣ кор мекунанд, аммо хуб мебуд дар дигар соҳаҳо низ занон дар кори роҳбарӣ мебуданд» Чун аз ҳоли занони деҳот пурсон шудем бону Саида беихтиёр оҳ кашид. Усулан пушти ин оҳи бадард як идда масоил ва мушкилоти зани деҳотӣ ниҳон аст, ки ҳалли оҷилӣ мехоҳанд. Саидабону мегӯяд: «Маро аз ҳама беш адами саводи ҳуқуқии занон ташвиш медиҳад. Онҳо дар шикасту рехти рӯзгор ва дар қиболи аъмоли ноҷавонмардонаи бархе мардон аз ҳуқуқ ва имтиёзоти худ истифода карда наметавонанд ва бо атфоли ширхораи худ гоҳо пушти дар ё дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрон мемонанд. Ба ин хотир мо дар шаҳр машваратхонаҳои ҳуқуқӣ барои занон таъсис додем, ки онҳо битавонанд барои ҳимояи худ аз маслиҳати мутахассисини ин марказ ройгон истифода кунанд. Аммо ҳоли зани деҳот аз ин дида сангинтар аст. Бештари занон дар радифи меҳнати вазнини 12 - соатаи кори саҳро боз аробаи зиндагиро худ мекашанд. Барои дарёфти қути лоямути панҷ, шаш фарзанд худ масъуланд. Мо бояд мушкилоти занони деҳотро саҳл нагирем, зеро он метавонад натиҷаи ҳузнангез ба бор биёрад» Дар ин ҷо пай бурдем, ки Саидабону аз вазъи ногуворе дар ташвиш аст ва аз сирри таги коса пурсонаш шудем. Ӯ гуфт: «Шумо дуруст дарк кардед, маро худкушиву худсӯзии занон ва талоқу хонавайрон гаштани наварӯсон азият медиҳад. Арқоми бозгӯ мекардаи ман низ қобили хурсандӣ нест, ҳарчанд дар қиёс ба соли қаблӣ он коҳиш ёфта, ду адад кам гаштааст. Аммо дилхушкунанда он аст, ки барномаҳои мукаммали ҳукуматӣ ҷойҳои нави кориро барои занон пешбинӣ мекунанд ва рӯз то рӯз ин масоил ҳалли худро меёбанд. Ба гунаи мисол чанде пеш дар шаҳри Кӯлоб фабрикаи дӯзандагӣ ба фаъолият шурӯъ кард, ки дар бозкушоии он Президенти Тоҷикистон ширкат варзид. Ин фабрика дар ду баст 600 нафар занонро ба кор фаро гирифт, ки гувоҳ аз гуфтаҳои болост, вале ҳалли мушкили бекории занон ҳанӯз побарҷост».
Чун Саидаро аз ҳолу рӯзгори инфиродӣ пурсон шудем, хоксорона гуфт: «Ман ҳанӯз на он касеям ва на чизе кардаам, ки кору зиндагиям дарси ибрати дигарон бошад, беҳтараш дар бораи масоили мавҷудаи занон ҳарф бизанем, то ки ин мушкилот ҳалли худро биёбанд. Чун ин мушкилот ҳал бигарданд, мо рисолати худро иҷрогашта меҳисобем» Аммо сӯҳбати мо бо шаҳрбонуи Кӯлоб Саида Нурляминова бидуни ошкори чанд ҳарф аз олу авлод ва роҳи тайкардааш дар зиндагӣ дастагули зебои бе гулдонро мемонад ва бадин хотир сари анҷоми ин мавод хостем бигӯем, ки Саида дар оилаи пизишк таваллуд ёфтааст. Падараш ҷарроҳи дараҷаи олӣ ва модараш ҳамшираи тиб аст. Ба ғайр аз Саидабону акаи Абдулямин ва апаи Туронбибӣ боз панҷ фарзанди дигарро хонондаву соҳиби маълумоти олӣ карданд.
Саида Нурляминова то замони ба ин вазифа расидан ҳамчун муаллимаи мактабҳои таҳсилоти умумии 9 ва 52 фаъолият карда, бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маорифи кишвар сарафроз гаштааст. Ва ҳам пухтани кулчақанду тортҳои лазизро дар рӯзгори худ шуғл кардааст. Лаззати дасти Саидаро ҳамкоронаш низ пеши мо васф карданд.
Саидаро дар Кӯлоб бештари мардумон Бону мегӯянд. Чун нек назар кардем, сари як сӯҳбати холисонаи кӯтоҳ дарёфтем, ки ӯ дар ҳақиқат бонуи ин шаҳр аст. Ҳам ба маънои аслӣ ва ҳам аз рӯйи вазифаи дошта. Бонуи шаҳри Кӯлоб. Усулан барои миёни халқ сазовор гаштан ба ин унвон хело бахти баланд, заҳмати софдилона ва самимияти ҳақиқии мардум лозим аст. Чун Саида аз ин марҳамат бархурдор аст, пас бидуни шак ва шубҳа шаҳрбонуи Кӯлоб аст ӯ.
Сӯҳробшоҳи ФАРРУХШОҲ