Дар ин матлаб танҳо як паҳлуи ин мавзӯъ; сиёсати кадрии давлат дар самти таъмини баробарии гендерӣ дар вазифаҳои хизмати давлатиро матраҳ карданием.
Новобаста аз он ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барномаҳои давлатиро барои баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа ва таъмину ҷойбаҷогузории бонувон дар вазифаҳои роҳбарии соҳаи хизмати давлатӣ мавриди амал қарор дод, бо вуҷуди ин дар музофотҳои кишвар интизориҳои ҳукумат дар ин самт ба қадри лозима бароварда нашуданд. Масъулини сатҳи маҳал далел пеш меоранд, ки дар таъмини баробарҳуқуқии занону мардон дар ишғоли вазифаҳои давлатӣ захираҳои кадрӣ аз ҳисоби бонувон кифоят намекунад.
Аммо дар ин хусус Азимҷон Ваҳоббов, коршиноси масоили сиёсӣ ба ин бовар аст, ки яке аз сабабҳои ҳузури камшумори бонувон дар соҳаи хизмати давлатӣ ин сатҳи пасти донишандӯзии толибилмон - кадрҳои оянда аст, ки аз таҳсил дар мактабҳои миёнаву олӣ дониши кофӣ гирифта наметавонанд.
- Имрӯз натанҳо бонувон балки ҷавонписарони соҳибмаълумот низ донишу малакаи ҷавобгӯйи сатҳи вазифаҳои давлатиро надоранд. Агар аз як тараф сатҳи таълим дар муассисаҳои мутахасситаёркунӣ коҳиш ёфта бошад, аз ҷониби дигар дар худи мақомотҳои маҳаллии давлатӣ боқӣ мондани низоми идоракунӣ бо усули кӯҳнаи шӯравӣ, низ сабабгори ҷавобгӯ набудани кадрҳои нав ба муҳити идорӣ шуда метавонад, - мегӯяд ҳамсӯҳбатам.
Масъалаи дигар дар ҷалби бонувон ба соҳаи хизмати давлатӣ ин аст, ки гарчанде духтарон дар нисбати ҳамтоёни ғарбии худ каме дертар дар сини 22-24 солагӣ соҳиби касбу маълумоти олӣ мешаванд, аммо бар замми ин оид ба сохтори идоракунии ҳокимияти давлатӣ тасаввуроти кофӣ надоранд. Боз ҳам барои пайдо кардани таҷрибаи кор дар сохтори хизмати давлатӣ кадрҳои ҷавонро мебояд, якчанд сол фаъолият намоянд. Дар баробари ин ягон нафар аз бонувони соҳиби маълумоти олӣ, бидуни 5-6 соли таҷрибаи кор дар ин ё он соҳаи хизмати давлатӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин намешаванд.
Дар кишварҳои тарақикардаи дунё, ки усули таълимашон аз мо ба куллӣ фарқ дорад, шароите фароҳам оварда шудааст, ки насли ҷавон аз сини 14-15 солагӣ дар сохторҳои давлатӣ ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб карда мешаванд. Бо ин восита ҳукуматдорони ғарбӣ насли ояндаи худро аз синни наврасӣ бовар мекунонанд, ки дари идораҳои давлатӣ барои ҳамаи табақаҳои ҷомеа кушода асту ҳар инсони лаёқатманд ҳуқуқу имконияти ворид шуданро ба сохтори давлатӣ дорад. Насли ҷавони мамолики Ғарб ҳанӯз аз синни 21 солагӣ имконияти кор дар сохторҳои давлатиро доранд. Дар кишварҳое, ки мардумонаш ҳузури хешро дар умури идоракунии давлат эҳсос мекунанд, соле якчанд рӯз толору курсиҳои парлумони олии кишвар ба ихтиёри сиёсатмадорони ҷавон ё худ вакилони алтернативӣ гузошта мешавад. Вакилони муваққатӣ мисли вакилони ҳақиқӣ ҷаласаҳои парлумонӣ доир намуда, баъзе қонунҳоро муҳокима мекунанд. Ин ихтиёриён, ки қисмати аъзамашонро бонувон ташкил медиҳанд, то як андоза дар соҳаи қонунбарории кишвар, таҷрибаҳои нахустинро аз бар менамоянд. Баъзан фикру пешниҳодоти онҳо дар қабули лоиҳаи қонунҳои мавриди муҳокима ҳам ба назар гирифта мешаванд.
Бино бар гуфтаи Дилафрӯз Раҷабова, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, соли дуввум аст, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва саёҳӣ дар кишвар парлумони Ҷавонони Тоҷикистон иборат аз 63 - нафар вакилони алтернативӣ фаъолият дорад.
- Алъон дар ҷаласаҳои парлумони ҷавонони Тоҷикистон бештар масоили марбут ба ҳаёту зиндагии ҷавонон матраҳ мешаванд. Ҳамин парлумони ба гуфте таҷрибавии ҷавонони Тоҷикистон ҳам як нуктаи заъф дорад. Вакилонаш, ки аз донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар таркиб ёфтааст, интихобӣ набуда, балки аз лиҳози дар донишгоҳҳо фаъол буданашон, ба ҳайси «вакил» таъйин шудаанд. Ба ҳар ҳол ин таҷриба шоёни таҳсин ҳам ҳаст, ки андаке ҳам бошад, ҷаҳонбинии сиёсии хусусан ҷавондухтаронро зиёд мекунад, - мегӯяд, Дилафрӯз.
Аммо дар идораҳои ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар барои ҷалби ҷавонондухтарон ба хизмати давлатӣ таваҷҷӯҳи лозима зоҳир намегардад. Шояд худи донишҷӯёни ҷавон барои кор дар хизмати давлатӣ шавқу рағбат надошта бошанд. Коршиносони мустақил иброз медоранд, ки барои боз ҳам ҷолиб сохтани соҳаи хизмати давлатӣ барои бонувон ва ҷалби онҳо ба хизмати давлатӣ мебояд, ки низоми идоракунии давлатро каме тағйир дод. Дар сохторҳои маҳаллии давлатии мо бошад, то кунун роҳбароне рӯи коранд, ки бо ҳамон усули кӯҳна кору фаъолият дошта, бонувони бо диди нав ба коллектив омадаро чандон қабул надоранд. Аз ин рӯ, мутахассиси ҷавоне, ки дар муҳити замонавӣ таҳсил кардааст, маҷбур аст, ки ё ба муҳити кӯҳнаи идора мутобиқ шавад, ё ин ки тарки кор намуда, дар маҳалли худ ба ягон кори ғайрикасбӣ машғул шавад. Зеро дар муҳите, ки аксариятро фаҳмишҳои кӯҳна ташкил медиҳанд, кору фаъолият барои кадри ҷавон, ба хусус бонувон имконнопазир аст.
Як сабаби дигари камтаваҷҷуҳии бонувон ба кори хизмати давлатӣ ин аст, ки дар мақомоти давлатӣ музди маоши кормандон нокифоя буда, барои кадрҳо ягон имтиёзҳои иҷтимоӣ вуҷуд надорад. Бар замми ин имрӯз бештар аз хизматчиёни давлатӣ аз меъёри муайяншудаи вақти корӣ бештар машғули вазифаи давлатӣ мебошанд.
Наргис Раҳмонова, ҷонишини ректори Донишгоҳи Давлатии Қӯрғонтеппа бар он бовар аст, ки барои ҷалби ҷавонон ба хусус бонувон барои кор дар соҳаи хизмати давлатӣ мебояд мансабдорон ҳатто вузарои ҳукумат вақтҳои холигӣ дар муассисаҳои таълимӣ дарс гӯянд.
- Ин таҷриба дар кишварҳои тараққикардаи дунё натиҷаҳои мусбӣ додааст. Зеро вақте омӯзгори мансабдор шогирдони худро барои таҷрибаомӯзӣ ба идора-коргоҳи худ ҷалб менамояд, албатта аз байни шогирдон нафароне барои кор дар идораи устоди худ таваҷҷӯҳ пайдо мекунанд, - гуфт Наргис.
Ба гуфтаи Наргис Раҳмонова айни ҳол аз ҳисоби кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ танҳо як нафар Абдуҷаббор Саидов, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва алоқа бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа дар баробари кор дар ҳокимияти иҷроия инчунин дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав низ дарс мегӯяд. Бо ташаббуси номбурда тӯли чанд сол мешавад, ки донишҷӯёни шӯъбаи коргузории факултаи филологияи донишгоҳи мазкур барои таҷрибаомӯзӣ ба ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа ҷалб мешаванд. Аммо ба гуфтаи Абдуҷаббор Саидов аз сабаби он ки мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту корхонаҳои вилоят барои тайёр кардани мутахассисони коргузор ба донишгоҳи мазкур дархост намекунанд, эҳтимол аст, ки дар солҳои оянда шӯъбаи коргузории донишгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа баста шавад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мусоҳиби мо, мебоист барои такмил додани сохтори кадрии соҳаи хизмати давлатӣ дар муассисаҳои олӣ шӯъба ё факултаҳои идоракунии давлатиро кушод. Солҳои пеш сиёсати омодасозии кадрҳо дар соҳаи хизмати давлатӣ дигар буд. Дар назди мақомоти маҳаллӣ шӯъбаҳои ҷавонон ва омодагии кадрҳо ё худ мактаби назди комсомол фаъолият мекард. Воқеан ҳам он шӯъбаҳо аз иҷрои рисолати хеш дар самти омодасозии кадрҳои ҷавон ба хубӣ мебаромаданд.
Як мушкили кадрии мо ин аст, ки баъзе собиқадорони мақомоти давлатӣ нафақагир ҳам бошанд, аммо аз вазифаҳои худ рафтан намехоҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола теъдоди чашмраси кадрҳои ҷавон мунтазири ишғоли ҷойҳои холи корӣ мебошанд.
Наргис Муродалиева яке аз кадрҳои ботаҷрибаи соҳаи хизмати давлатӣ иброз медорад, ки роҳбари давлат дар амалӣ намудани сиёсати кадрӣ барномаҳои ҷадидеро рӯи даст гирифтааст. Аммо, мушкил иҷроиши сифатноки онҳо аз тарафи масъулини сатҳи шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо ба амал меояд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки масъулини мақомоти маҳаллӣ дар пешбарии довталабон ба курсҳои бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ аз рӯи меъёрҳои ҳатмӣ кор намегиранд. Суоли матраҳ ин аст, ки ҳамасола хизматчиёни давлатие, ки такрор ба такрор барои бозомӯзӣ фиристода мешаванд, воқеан ҳам сазоворанд?
Иллати дигар дар сиёсати кадрии ҳукуматҳои маҳал ин аст, ки озмунҳо барои интихоби кадрҳо, шаффоф доир намегарданд. Агар ҳамаи кадрҳое, ки тариқи озмун дар вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин шудаанд, воқеан ҳам кадри беҳтарини шаҳру навоҳии худ бошанд, пас чаро баъзеашон дар муддати кӯтоҳ аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод карда мешаванд?
Гарчанде аз минбарҳои ҳукуматҳои маҳал мавзӯи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа тез-тез садо диҳад ҳам, аммо бештар аз мансабдорон рӯҳан омода нестанд, ки ташаббус нишон дода, ҷойи худ ё наздикони худро барои бонувони кордон холӣ кунанд.
Ҷамолиддин Сайфиддинов