19
Апрел, 2025
Шанбе
19
Апрел, 2025
Шанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
Раҳима Ғоибова: «МАН ҶАСОРАТИ РАҲБАРӢ ДОРАМ!» (Ё СЕ ФАЗИЛАТИ ЯК БОНУ)
Вале Раҳима дигар аст. Аз ҷасорату қатъияташ бӯи бонувони Ғарб меояд. Дар сӯҳбат бо ӯ мепиндорӣ, ки бо кадом маркизаи фаронсавӣ, герсогиняи англис ва ё баронессаи аустриявӣ сухан мекунӣ. Сӯҳбатҳои ашрофонааш пахшкунанда ва фарогиранд: ӯ мусоҳибро бо махзани дониш ва анвори андеша фарогир мепечад. Ва ҳатто аз чеҳраи зебояш нури лидерӣ меборад.
Далел барои андеша:
Пас аз 5 соли омӯзгорӣ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, сар аз соли 2006 Раҳима Ғоибова ба Ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон шомил шуда, дар андак фурсате сабзида, нафари пешбаранда ва мубаллиғи асливу усулии ин ҳизб дар яке аз бузургтарин навоҳии пойтахт гардид. 3 забони хориҷиро комилан балад аст. Бо русӣ ва англисӣ на камтар аз забони модариаш ҳарф мезанад ва фаронсавиро ба дараҷаи олӣ медонад.
Воқеан ҳам забондонӣ дар ҷаҳони муосир аз афзалиятҳои ходимони ҳизбиву давлатӣ бояд бошад. Зеро ҷаҳони имрӯза дигар дар як колбади миллӣ намегунҷад ва пайваста тавсеа меёбад, ки бе донистани забонҳои пешбар дилхоҳ нафар имкони берун мондан аз қаторро дорад…
Донистани 3 забон ба қаҳрамони матлаби мо низ имкон дод, ки дар муддати кӯтоҳе аз мутахассиси шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ то мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҳамин ҳизб расад. Пайваста бо мардум аст ва аз дили халқ огаҳӣ дорад…
БОБИ 2. ЗАНИ-ИСЛОҲОТГАР
Бебок аст ва мардона иқрор мекунад, ки мутаассифона, аксари масъулони ҳизбӣ камтар бо мардум дар робитаанд; «Мо бештар дар интихоботҳо бо мардум канор меоем ва пас аз ин маъракаҳо боз фосила байни ҳизбу раъият пайдо мешавад, ки набояд чунин бошад!».
Ӯ мегӯяд, ҲХДТ бояд як соат ҳам аз мардум фосила нагирад ва пайваста дар маҳаллаҳо, хонаҳо, ҷамъиятҳо, сӯҳбатҳо ҳузури ин ҳизб гарм эҳсос ва истиқбол гардад. Яъне бо мардум ва дар мардум будан лозим аст. Зеро кори ҳизбӣ ва низ замона ҳаминро металабад…
Ба гуфтаи Раҳима «аъзои ҳизб, ба вежа вакилони мардумӣ дар ҳама сатҳ, сар аз парлумони касбӣ, то маҷлисҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва маҳаллӣ бояд бештар бо мардум кор баранд. Сафи ҷавонон бояд дар раҳбарияти ҳизб нерӯмандтар гардад, зеро таври маълум «ҷавонон ояндаи моанд!». Аъзои фаъоли ҳизб, хоса ҷавонон бояд ҳатман барои омӯзиш ва табодули назар ва ихтисос ба хориҷа сафар кунанд ва фаъолияти аҳзоби пешбари давлатҳои мутараққиро аз дохил биомӯзанд».
Ин ҳама дар ҳолест, ки ба иттилои Раҳима Ғоибова табодули назар ва сафарҳои дохилиҳизбӣ ҳатто ба минтақаҳои Рашту Дарвоз, Кӯлобу Вахшу Хоруғу Хуҷанд камтар сурат мегиранд…
БОБИ 3. ЗАН-МОДАР!
Раҳима Ғоибова соҳиби 2 фарзанд аст ва ҳар дуро дар рӯҳияи ватанпарварӣ, инсондӯстӣ тарбият мекунад. Дар хонадон тамоман нафари дигар аст; ҳалим, мунъим, ҳамсӯҳбат ва мураббӣ. Мегӯяд: «Барои зани тоҷик беҳтар аз ин мартаба нест, ки модар бошад ва дар тарбияти фарзандон бевосита саҳм гирад».
Бо ҳама серкорӣ ҳатман зуволаи хамирро бо дасти худ рост кардаву нони гармро худаш мепазад. Зеро ба гуфтаи Раҳима «кӯдак бояд аз дасти модар нон хӯрад!».
Ғизоҳои дӯстдоштааш низ сирф миллианд:
Шакароб бо фатири сангакӣ ва оши бурида, (маъруф ба отала). Ҳамкорон қисса ҳам мекунанд, ки ин ду ғизои сирф миллиро мисли Раҳима дигар нафаре таҳия карда наметавонад.
Чун сирри ин ғизоро пурсидем, Раҳима гуфт:
– Шакаробу оши буридаро бояд ҳатман … либоси миллӣ пӯшида, таҳия кард. Дар ин сурат ғизо маънану мантиқан лаззати миллӣ мегирад!
Ҳине, ки бо қаҳрамони матлаб падруд мегуфтам, суоле чанд ҳеҷ оромам намедод ва онро иброз доштам:
– Раҳима, ин бовар ба зиндагонӣ ва ба шахси худ аз куҷост, ки дар оғоз гуфтӣ: «Ман ҷасорати раҳбарӣ дар дилхоҳ зинаи давлативу ҳукуматӣ дорам!»?
– Ман модарам! Фикр мекунам, ҳар бонуи тоҷике, ки аз ӯҳдаи Модарӣ мебарояд, аз ӯҳдаи дилхоҳ вазифаву масъулият низ ба осонӣ мебарояд. Ба забони дигар, дилхоҳ зани тоҷик тавони бардошти дилхоҳ масъулиятро дорад ва ҳатто аз мардон бештару хубтар…
– Кадом вазифае ҳаст, ки аз он «метарсӣ»?
–Ягон вазифа! Ман аслан аз роҳбарӣ наметарсам! Зеро, тавре гуфтам, бузургтарин мансабро соҳибам: Ман модарам!
Анатол Франс як ҳикмат дорад, ки онро ман сармашқи кору зиндагонӣ кардаам:
«Вақте одам фикр мекунад-шубҳа дорад, вале соате амал мекунад-аллакай бар худ бовар дорад!». Ба забони дигар «ҷавшанро дар бадан месанҷанд», яъне занҳоро низ бояд дар амал санҷид: онҳо омодаанд, метавонанд, мегӯяд Раҳима Ғоибова.
С. Ҳусайнова
:.
Сиёсат
29.02.2012 07:26
2592
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz