19
Апрел, 2025
Шанбе
19
Апрел, 2025
Шанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
АГАР ИН АГАРҲО НАБУДАНД…
Агар ҳар мансабдори побарҷо интиқодро ба хотири ислоҳ мепазируфтӣ, кишвари мо ба қатори мамолики мутараққӣ умеди ҷо шудан доштӣ.
Агар оташи шӯру шавқи ҳар як мансабдори навкурсӣ баъди андӯхтани як каме сарват бераҳмона хомӯш карда намешудӣ, ё баъди пешниҳоди навҷӯёнаи аввалин, рашки болонишине завқи ӯро намекуштӣ, кишвари мо ба садсолаҳо пеш мерафтӣ.
Агар ҳар чиновники сари қудрат ҳади аққал аз нафарони боистеъдоду ҳунар ва соҳибандешагону донишмандони соҳаи хеш, бо тарси аз даст додани курсии худ дур намешудӣ ва баръакс аз онҳо истифода мекардӣ, аз мардумони соҳибхирад шумурда мешудандӣ.
Агар он ҳалқаи касногузари сохтаи соҳобмақомони бахил, дар атрофи қарорқабулкунҳо то рафт тангу тангтар намегаштӣ ва аз дарди ноумедӣ ба эътирофи касбу ҳунар раҳоӣ меёфтему авомиву бесаводӣ то ин андоза равнақ пайдо намекардӣ, эътимоди мардум ба давлат ва илм коста нагаштӣ.
Агар бутпарастии гузаштагони гумроҳамон бо ин кароҳату қабоҳат дарси ибрати бутшикастагон мегаштиву ба шеваи тозае тарҳи парастиши дубораи фардҳо ин андоза пазируфта намегаштӣ, миллат бо истифода аз ақлу андешае не, балки ба ақлҳову андешаҳо пеш мерафтӣ.
Агар ҳар нафаре бо коста шудани донишу заковат ва истеъдоду ҳунараш, ҳунари пазируфтани ин ҳақиқатро медоштӣ, бехирадӣ ҷойи хирадмандиро намегирифтӣ.
Агар рақобати ақлҳо рақобати нафсҳоро ғолиб мебудӣ, моро оламиён эътироф мекардандӣ.
Агар ба хотири ба даст овардани ризоияти миллӣ ҳокимаке ҳам, дар муборизаи ҳисру тамаъ бар нафс ғолиб меомадӣ, ҷомеа ба қарнҳо дасти ҳам мегирифтӣ.
Агар ақл муайянкунандаи ҳайсият, ҳунар муайянгари истеъдод, ахлоқ меъёри соҳибэҳтиром будани шахсият, маърифат нишонаи фарҳанг, шикастанафсӣ ҳамчун собитгари виҷдону имони инсонҳо пазируфта мешудӣ, ҷойи мо миёни қавмҳои соҳибэҳтиром будӣ.
Агар модар дар тарбияи духтар аввал «дастёр»-у баъдтар «моли мардум» ва падар дар бузург кардани писар «тобутбардор»-у «мурдагуркун»-ро намедидӣ, мо насли ояндасоз ба камол мерасондем.
Агар ҷавоне дар симои ҳамсараш ҳамсафари якумраи ҳаётро медиду яқин медонист, ки мард шоҳу зан гадо неву ҳарду инсонҳоеанд, ки баробар ба ҳамдигар ниёз доранд, мақоми оила побарҷову мафҳуми «ҳамсари»-ӣ як марду даҳҳо занро қабул намекардем, ахлоқи ҷомеа боиси нигаронӣ намешудӣ.
Агар тифлон дар чеҳраи коҳидаи модар ва тани ғамбемору афгор, чашмони аз мушкилоти рӯзгор беранггаштаи падари худ нишоне аз меҳру муҳаббат ба ҳамдигарро меёфтандӣ, марбутии ишқро ба инсон меомӯхтандӣ, на ба сарват.
Агар мардум аз васоити дидории тарғиботӣ ин қадар дурӯғу сано ва маддоҳиву риё намеомӯхтӣ, миёни мардум сухангӯйӣ бештар мешудӣ, на маддоҳӣ.
Агар сар дорон сардор мешудандиву на пулдорон «сардор», дониш пешбари кору фаъолият мегаштӣ. Зеро дороӣ ҳунари ба ҷойи ақл амале анҷом додан надорад. Ва пул танҳо воситаи хариду фурӯш аст, ки мутаассифона, дар зиндагии имрӯз ҳама чизу ҳама касро ба фурӯш мондӣ.
Агар макотиби олӣ бо каллаҳои холӣ пур намешудӣ, «ҳунар хор шуд, ҷодуйӣ арҷманд»-и Фирдавсӣ баъди 10 қарн замонавӣ маҳсуб намегардидӣ.
Агар табиб дар ранги зарди бемор, ранги сабзи долларро намеҷусту омӯзгор ба шогирд бо пул баркашидани баҳои ҳама чиро, хоса виҷдону донишро намеомӯхтӣ, талаба медонист, ки касби падараш «харида» барояш, харидор надорад.
Агар сарвариро дар хонадон ба ақл медодандӣ, на ба ҷинс, нишеманро на зану шӯ, балки хирад обод мекардӣ.
Агаршоева Магарбону Агаралиевна
:.
Сиёсат
22.11.2011 05:29
2586
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz