Шояд бо маргу аз олам рафтани Беназир Бҳутто кохнишинони Исломобод эҳсоси холигоҳи бузурге дар масъалаи тавозуни гендерӣ дар фазои сиёсии кишвари худро мекарданд, ки дар моҳи июни соли ҷорӣ чеҳраи сиёсии наверо аз ҷинси латиф ба олами сиёсат муаррифӣ намуданд. Ҳино Раббонӣ ҷавонзани 34солаи покистонӣ ба симати вазири умури хориҷаи ин ҷумҳурии исломӣ таъин шуд. Аз бози расиданаш ба ин мансаб, бархе таҳлилгарони покистонӣ ба далели ҷавониву таҷрибаи нокофӣ доштан муваффақияти ӯро дар фазои сиёсии кишвари пурмоҷарои Покистон зери суол мебурданд. Иддае бар ин бовар буданд, ки хонум Раббонӣ барои фазои мардсолори сиёсии ҳукумати Покистонро симои нав бахшидан ба ин вазифа баргузида шудааст, яъне барои расидан ба вазирӣ шоистагияш дар мадди аввал набудааст.
Аммо Ҳино Раббонӣ чеҳраи наву ҷавони сиёсӣ дар нахустин мубоҳисоту музокироти худ бо вазири хориҷаи ҳамсоякишвари ҷанҷолияшон, яъне Ҳинд аз худ шоистагиву лаёқати сиёсӣ нишон дод ва музокироти худро бомуваффақият анҷом дод. Бо ин амалаш хонум Раббонӣ гӯё ба ҳама фаҳмонид, ки ӯ воқеан ҳам сазовори курсии вазири хориҷа буда, шоистаи боварии ҳукуматаш ҳаст. Оё Ҳино Раббонӣ воқеан ҳам метавонад Беназири наве барои Покистон бошад? Оё ӯ «духтари навбатии машриқзамин» аст? Хонум Раббонӣ оё таъсире дар сиёсати кишвари худ дошта метавонад?
Шарҳи ҳоли Ҳино Раббонӣ
Хонум Ҳино Раббонӣ ноябри соли 1977 дар шаҳри Мултони музофоти Панҷоби Покистон, дар хонадони сиёсатмадор ва сарватманд таваллуд шудааст. Соли 1999 аз Донишгоҳи улуми идории Лоҳур дар риштаи иқтисод дипломи дараҷаи бакалавр ва соли 2001 дараҷаи магистри улуми иқтисодии худро аз Донишгоҳи Массачусет ба даст овардааст. Ҳино Раббонӣ бонуи мутааҳил буда, модари ду духтар: Аннаё ва Дино аст. Ӯ нахустин вазирзан ва ҷавонтарин маснаднишини сиёсӣ дар кишвараш ҳаст. Ҳино соли 2002 дар интихоботи Асамблеяи миллии Покистон пирӯз шуд, ки ҳамагӣ 25 сол дошт ва дар соли 2008 низ дубора дар интихоботи Асамблея пирӯз шуд. Хонум Раббонӣ байни солҳои 2008 ва 2011 ҳамчун вазири умури иқтисод ва молияи кишвараш адои вазифа намуда аст.
Тоҷикистони мо аз нахустин кишварҳое ҳаст, ки хонум Ҳино баъди вазири умури хориҷа шуданаш аз он дидан намуд. Айнакҳои бузурги офтобӣ пӯшида, паҳлӯи Президенти Покистон ҳангоми гузоштани санги бунёди сафоратхонаи нави ин кишвар дар Душанбе ва дар мулоқотҳояш дар гузоришҳои телевизионии Тоҷикистон дида мешуд.
Ҳино ва Беназир
Оё Ҳино Раббонӣ Беназири нави Покистон аст ва оё метавонад ҷойгузини ӯ бошад? Аз рӯйи таҳлилҳову кандуковҳо дар посухи мусбат додан ба ин савол наметавон аҷала кард, балки ҳатто мешавад ба ин пурсишҳо посухи муқаддамотии манфӣ дод. Ҳино Раббонӣ на аз лиҳози таҳсил ва на аз ҷиҳати шахсияту таъсиргузорӣ ба Беназир баробар нест.
Беназир Бҳутто ҳам шахси таҳсилдидатаре буд ва ҳам дар муборизаву сиёсатҳо обутобёфтатаре. Ӯ дар даврони нисбатан сахттаре аз ҳаёти кишвараш, вориди саҳнаи сиёсати Покистон шуд ва ранҷу машаққатҳои бештаре дид. Ва, албатта, ба андозаи ҳамон ранҷу машаққатҳо низ ӯ пухтатару болаёқаттар шуда буд. Ин ҳама имтиҳонҳо боис ва сабаби обутобёбии Беназири Бхутто шуд ва ӯро барои як сиёсатмадори муассиртар шуданаш омода намуд. Бо ин ки Ҳино Раббонӣ аз хонадони сиёсатмадор бархоста аст, вале дар умум ба андозаи Беназир обутоби сиёсӣ наёфтааст. Вале ӯ ҳанӯз ҷавон аст ва фурсатҳои зиёде барои ба истилоҳ «сабзидан» дар арсаи сиёсати кишвараш дорад.
КамбудИҳои сиёсӣ ва шахсиятии «Духтари нави машриқзамин»
Ин масъалаи маълум аст, ки дар Покистон забони давлатӣ англисӣ буда, забони барои аксарият ва ё шояд ҳам барои тамоми мардуми ин ҷумҳурии исломӣ дастрас забони урду ҳаст, ки мақоми забони миллиро дорад. Аммо бо вуҷуди ин надонистани забони урду ва на танҳо надонистан, балки хубу дурусту дақиқ надонистани он барои сиёсатмадорони ин кишвар як камбудии бузурге маҳсуб мешавад. Дурусту дақиқ надонистани забони урду барои ҳам Беназир Бхуттои марҳум ва ҳам барои Ҳино Раббонӣ мушкили муштарак маҳсуб мешавад.
Дигар мушкили умдаи хонум Раббонӣ ин аст, ки ӯ нисбат ба Беназир Бхутто дар қиболи арзишҳои мазҳабӣ ва миллии покистониҳо зиёд боэҳтиёт нест. Дар Покистон бисёриҳо ӯро ба як бонуи ғарбзада бо ҷаҳонбинии ғайридинӣ мешиносанд. Хонум Раббонӣ бар хилофи Беназир Бхутто гоҳҳо либосҳои танги аврупоӣ мепӯшад ва дар маҳали ом зоҳир мешавад, кореро, ки Беназир Бхутто ҳаргиз анҷом надод, бо ин ки бештар аз Ҳино ба ғарбзадагӣ муттаҳам буд. Аммо дар сафари расмияш ба мамлакати мо ва дигар кишварҳои хориҷӣ хонум Раббонӣ бо либосҳои миллии покистонӣ дида мешавад.
Чолишҳо ва фурсатҳои ояндаи «Беназири нави Покистон»
Бузургтарин чолиши хонум Ҳино Раббонӣ ин худи кор дар як муҳити мардона, мардсолор ва дар коми суннатҳои қадимаву оҳанини гуногун фурӯрафтаи Покистон аст. Дигар ин ки ӯ дар ҳоле ба вазирии умури хориҷаи кишвараш баргузида шудааст, ки равобити Покистон бо Амрико, шарики стратегӣ ва ҳампаймони деринааш бӯҳронӣ шудаанд. Аз сӯйи дигар хонум Раббонӣ бояд дар самти беҳбуд бахшидани равобити кишвараш бо ҷаҳони барои фазои сиёсии Покистон начандон ошно – Русия ва кишварҳои ҳамҷавори Осиёи Марказияш бошад. Ва ин ҳамаро хонум Раббонӣ бояд дар сояи рақобати ҳамсоякишвараш Ҳинд амалӣ созад.
Аммо ин ҳама чолишҳоро хонум Раббонӣ бо шоистагии сиёсӣ метавонад аз чолиш ба фурсати комёб шудан дар арсаи сиёсии кишвараш табдил диҳад. Инро табиист, ки вақту замон нишон медиҳад. Аммо муваффақиятҳои зудаш дар оғози кор маълум намуд, ки хонум Ҳино Раббонӣ бо як шурӯи бақуввате вориди корзори душвори сиёсат дар Ҷумҳурии Исломии Покистон шудааст.
Саъдии ЮСУФӢ