• Муаллима, чун Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ навтаъсис асту на ҳама дар бораи он маълумоти пурра доранд, сараввал мехостем оид ба самтҳои таҳсил дар он каме маълумот медодед.
– Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002 бо мақсади бозомӯзӣ ва тайёр намудани кадрҳо – хизматчии давлатӣ таъсис ёфтааст. Бояд гуфт, Донишкада ягона муассисаи таҳсилоти иловагии касбӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ мебошад. То ин дам дар он, тавассути курсҳои тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос беш аз 8 000 нафар хизматчии давлатӣ таълим гирифтаанд. Ҳамчунин аз моҳи ноябри соли 2009 дар Донишкада таҳсил дар магистратура аз рӯйи ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» оғоз ёфт, ки дар соли аввал 61 нафар хизматчии давлатӣ аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ тариқи озмун дохил шуда, онро хатм карданд. Ҳоло боз 65 нафар хизматчии давлатӣ таҳсилро дар магистратура идома дода истодаанд. Шунавандагони курсҳои ин Донишкада баъди такмил додани ихтисосу омӯхтани илми идоракунии давлатӣ ҳамчун кадрҳои дорои тахассуси идоракунии давлатӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ пешниҳод мешаванд.
• Хуб, гуфтед, ки баъди таҳсил дар ин Донишкада шунавандагон ҳамчун кадр ба мақомоти давлатӣ пешниҳод мешаванд, пас чаро ҳамеша сари нарасидани кадрҳои баландихтисос баҳс сурат мегирад?
– Бояд гуфт нафароне ҳастанд, ки 2-3 диплом доранд, аммо онҳоро матахассис гуфтан мумкин нест. Зеро диплом гирифтан, ё диплом доштан маънои онро надорад, ки онҳо соҳибкасбанд. Барои кадри хуб шудан зинаҳои махсусро бояд гузашт: зинаи аввал, дуюм, сеюм. Яъне, маъмулан таҷриба аз вазифаҳои паст оғоз шуда, зина ба зина боло рафтан мегирад. Масалан, аз 61 нафар хатмкунандаи курсҳои магистрии мо танҳо 4-5 нафарро боэътимод метавон кадри пурра тайёр гуфт, боқимондаҳо бояд боз ҳам донишу малакаи худро такмил диҳанд, таҷриба бигиранд. Ман ҳамеша дар вақти дарс ба шогирдон барои дарки дурусти мақсад, як мисоли оддиро меорам, ки худро ҳангоми дар нардбон баромадан тасаввур кунанд. Баъдан, чашмашонро пӯшида, як пойро дар зинаи якуму дигарашро якбора дар панҷум монанд, оё баромада метавонанд ё не? Барои соҳиб шудан ба мансабҳои баланди роҳбарикунандаи давлатӣ низ бо ҳамин тартиб кадрҳо бояд омода шаванд.
• Воқеан, ҳамчун ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ нигоҳатон ба озмуни «Чеҳракушоӣ»-и маҷаллаи мо, ки ҳадафаш кашфи кадрҳои тайёр, вале ҳанӯз пурра шинохтанашуда буд, чӣ гуна аст?
– Албатта, Донишкадаи мо кадрҳоро барои хизмати давлатӣ омода мекунад, озмуни «Чеҳракушоӣ»-и маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» низ кадрҳои тайёрро, ки метавонанд бо истеъдоду малакаи сарварии хеш дар такмили соҳоти гуногуни хизмати давлатӣ саҳм бигиранд, муаррифӣ намуд. Яъне, занон ва бонувони арзандае, ки дар пешаи худ таҷрибаи хуб дошта, кореро анҷом дода анду метавонанд боз амалҳои бузургтареро анҷом бахшанд, дар ин озмун муаррифӣ гаштанд. Ин хеле иқдоми хуби замонавӣ ва шоистаи дастгирист. Охир, дар тамоми олам мутахассисон тариқи озмун ба кор қабул мешаванд. Вазифа низ аксаран бо ҳамин роҳ дода мешавад. Ин ҳам як шакли пешқадами дарёфти кадрҳост.
• Пас аз курсҳои Донишкадаро гузаштан, шояд шогирдоне буданд, ки дар симояшон роҳбар ва кадри хубро дида бошед?
– Бешубҳа чунин шунавандагони арзанда доштем. Ҳоло нафароне, ки ҳангоми таҳсил дар магистратура фаъолияти хуб нишон доданд, дар ҷойи кор низ тавонистанд худро чун мутахассиси арзанда муаррифӣ намоянд ва имрӯз онҳо як зина аз зинаи фаъолияташон болотаранд. Масалан, аз 61 магистранти хатмкарда, 18 нафарашон айни замон дар зинаи баландтари фаъолият қарор доранд.
• – Дар рафти таҳсил кадом фанҳо омӯзонида мешаванд?
– Фанҳои «Идоракунии давлатӣ», «Идоракунии маҳаллӣ», «Идоракунии захираҳои инсонӣ», «Сарварӣ дар низоми идоракунии давлатӣ», «Коргузорӣ ва ҳуҷҷатгузории мақомоти давлатӣ», «Этикаи касбии хизматчии давлатӣ», забонҳои хориҷӣ, барномаҳои таҳсилоти касбӣ бо истифода аз усулҳои интерактивии таълим ба мисли бозиҳои корӣ, «ҳуҷуми фикрӣ», мубоҳисаҳо ва ғайра. Ҳамчунин семинарҳои проблемавӣ ва мизи мудаввар низ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, шунавандагон имконият доранд, ки дониш ва маҳорати худро оид ба фарҳанги муоширати корӣ такмил дода, технологияи рафторро дар вазъиятҳои муқаррарӣ ва фавқулодда азбар кунанд. Оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти маъмурию идоракунӣ аз тайёрии махсус гузаранд.
• – Ширкати занону духтарон дар курсҳои шумо чӣ гуна аст?
– Дар ин масъала бояд қайд кард, ки ғайр аз курсҳои махсус барои занҳо, дар дигар курсҳо аз ҳисоби бонувон, шунавандагон кам буданд. Масалан, соли равон дар курси такмили ихтисос, ки фарогири муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар мавзӯи «Амнияти озуқаворӣ – ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд, аз 55 нафар, ҳамагӣ 1 зан ширкат дошт. Ё ин ки дар курси азнавтайёркунии касбӣ дар мавзӯи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 99 нафар 14 зан, ва дар курси такмили ихтисос аз рӯйи барномаи «Идоракунии ҳайат» аз 68 нафар 19 нафар зан – шунаванда доштанд. Ғайр аз ин, курсҳои сайёр ҳам доштем, ки дар онҳо ҳам, мутаассифона, иштироки занҳо камтар буд.
• – Шунавандагон баъд аз курсҳои Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро гузаштан чӣ имтиёзеро ба даст меоранд?
– Онҳо баъди аз санҷиш гузаштан, яъне баъди аз худ намудани барномаҳои таълимӣ соҳиби диплом, гувоҳнома ва шаҳодатнома мешаванд.
• Умуман, курсҳои Донишкадаи шумо чанд зина ва чиҳоро дар бар мегирад? Яъне, таҳсил дар он чӣ гуна ва аз рӯйи кадом меъёр ба роҳ монда шудааст?
– Аслан, Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ 3 зина – тайёркунии касбӣ, (аз тариқи магистратура) азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисосро дар бар мегирад, ки диплому шаҳодатнома низ аз рӯйи хатми ҳамин зинаҳои таҳсил дода мешавад.
• Тавре ба назар мерасад, дар аксар кишварҳои пасошӯравӣ Академияҳои хизмати давлатӣ ва ё академияҳои идоракунии давлатӣ амал мекунанд. Дар ин замина чӣ нақшаҳост?
– Албатта, мо чунин нақша дорем. Яъне, мувофиқи зербанди 3, 4-и «Ҷадвали чорабиниҳо оид ба тадбиқи Барномаи ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2007 №548 тасдиқ шудааст, дар заминаи Донишкада таъсиси Академияи хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст. Албатта, боз вақт ҳама чиро муайян мекунад. Кишвари мо рӯ ба тараққӣ аст ва корҳои зиёде дар пешанд.
Мусоҳиб Саида ҚУРБОНОВА