Қисме аз хонаводаҳои ҷавон аз ноилоҷӣ барои ҳал намудани масъалаи манзили зист ба Русия мераванд, зеро дигар чора надоранд. Ҳоло барои он, ки як оилаи ҷавон соҳиби замин ва хона шавад на камтар аз 60 то 80 ҳазор доллар зарур аст. Дарёфти ин миқдор маблағро дар ҷумҳурӣ, хусусан вилояти Хатлон, бо меҳнати ҳалол танҳо метавон орзӯ кард. Мутаассифона, қисме аз оилаҳои ҷавон ба ин гирудори зиндагӣ тоқат накарда аз ҳам мепошанд ва ҳар сол рақамҳои ҷудошавии оилаҳо ва теъдоди бачаҳои хиёбонӣ меафзояд.
Сабаб аз як қисса:
Бахти сӯхтаи занҳои муҳоҷир дарднок аст. Зиндагии хоҳароне, ки «бахт» аз онҳо рӯй гардонидааст, яъне ба ҳар сабаб оилавайрон гаштаанд ва бори зиндагии онҳоро касе ба дӯш намегирад ва гирифтан ҳам намехоҳад:
«…Маълумоти олӣ дорам. Шавҳарамро ба мӯҳлати 4 сол ҳабс карданд. Дар оилаи онҳо хӯрандаи зиёдатӣ шудам ва маро хусурам ҷавоб дод. Зиндагии волидайнам аз зиндагии онҳо сангинтар буд. Ноилоҷ ба Маскав рафта дар як корхонаи сохтмонӣ ба кор даромадам. Аввал дар хобгоҳ зиндагӣ мекардам. Агар ягон урус маро мехост, не гуфта наметавонистам. Гуруснаҳои худӣ низ маро ба ҳолам намегузоштанд. Аз ноилоҷӣ ба никоҳи як ҳамшаҳрӣ, ки дар Тоҷикистон оиладор буд, даромадам. Бо ӯ дар хобгоҳи оилавӣ беш аз 4 сол зиндагӣ доштем. Ман бо забони англисӣ, русӣ ва туркӣ хуб гап мезанам ва туркҳо маро бештар ҳақмузд медоданд. Ин ҳақдоданҳоро шавҳарам дигаргуна мефаҳмид ва маро азият медод. Тоқатам тоқ шуд. Ҷавобамро гирифтаму ба Ватан баргаштам. Чи рӯзҳои сахтеро паси сар накардаам, вале аз он хурсандам, ки барои оилаамон гандум ва гов харидам ва онҳоро хору залил шудан нагузоштам.
Дар Ватан хостам зани як ҳамдеҳаамон, ки тракторчӣ аст ва замоне маро мехост, шавам. Вале нашуд. Мардҳои деҳа дар симои ман фоҳишаеро тасаввур мекунанд, ки 5 сол Русияро «сер» карда баргаштаам. Ба шаҳр омадам. Агар ягон корхона хобгоҳ медошт ба кор даромада кор мекардам. Ба якчанд корхонаи давлатӣ рафтам. Роҳбарони корхонаҳо аввал хуб қабул мекунанд. Ҳатто бешавҳар буданамро ҳам қабул доранд, вақте мегӯям, ки панҷ сол дар муҳоҷирати меҳнатӣ будам, дигар рӯй метобанд. Шаш моҳ боз бекорам. Доштаам ҳам тамом шуда истодааст. Бовар кунед, аз назди волидайн ва бародаронам ба ҳеҷ куҷо рафтан намехоҳам. Зиндагии осудаҳолонаро мехоҳам. Дар шаҳр хона қиммат, нашиносанд ба кор қабул намекунанд…» Ин оҳи ҷонсӯзи як бонуи бетақдир ва босаводи тоҷик аст. Вой бар ҳоли бонувони мактабнадида.
Сабаб аз назари коршинос:
Қисме аз бонувони «бахтгумкарда», ки ҷойи кор доранду моҳонаи кам мегиранд ва онҳое, ки умуман ҷойи кор надоранд, барои дарёфти ризқ ба чӣ корҳое машғул намешаванд. Барои дарёфти воқеияти зиндагии онҳо, бо бонувоне, ки дар 4 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон аз рӯи лоиҳаи «Муошират оид ба вируси масъунияти норасоии одам ва бемори сил», ки аз моҳи майи соли 2010 инҷониб (бо маблағгузории USAID) фаъолият мекунанд, ҳамсӯҳбат шудем. Нағзигул Сатторова – корманди саҳроии ин лоиҳа ба он бовар аст, ки бонувони ба фоҳишагӣ даст мезада, асосан онҳое мебошанд, ки на ҷойи кор доранду на ҷойи истиқомат.
– Мақсади мо паст задани чунин хоҳарон нест, – мегӯяд Нағзигул, – мо талош мекунем, ки ба онҳо ҳамсӯҳбат шуда маслиҳат диҳем, ки худро аз гирифтор шудан ба маризиҳои пайваста бо бадахлоқӣ эҳтиёт намоянд. Мо зимни сӯҳбатҳо ба боварии онҳо даромада, барои гузаштан аз ташхиси тиббӣ ҳам маслиҳат медиҳем ва ҳам роҳбаладӣ мекунем, то онҳо саломатии худу дигаронро ба хатар нагузоранд. Агар бемор бошад, инро ғайр аз бемор ва дух тур касе намедонад. Ҳолатҳое буданд, ки бархе аз ин бонувон мавҷуд будани чунин бемориҳо, ба мисли масъунияти норасоии баданро намедонистанд.
Зимни баргузории як сӯҳбат бо ин қабил бонувон яке аз хоҳарони мо, ки маълумоти нопурраи миёна дошт, гуфт:
«Дар хонаамон зиндагӣ душвор шуд. Бародаронам ба Русия рафтанд. Зиёда аз як сол мешавад, ки аз ҳисоби танфурӯшӣ зиндагӣ мекунам ва ба хона низ ёрӣ мерасонам. Маро роҳбаладӣ кунед, то аз ташхиси духтур гузарам».
– Ӯ ташхиси тиббӣ гузашт, бемор набудааст. Бахташ омад карду вайро ба шавҳар додам ва худамро чунон ҳис мекунам, ки дар умрам аз ин кори савоберо анҷом надода бошам. Пештар бо чор нафар бону сӯҳбат доштам, ки аз деҳа ба шаҳр омада ҷойи истиқомат надоранд. Як мӯйсафед онҳоро дар ҳаммомаш ҷой додаст ва ҳар лаҳзае, ки мехостааст бо онҳо ҳамхоба мешудааст. Маслиҳат додам, ки ба Маркази мо биёянд.
Сабаби дигар – «даллаҳо»:
Файзигул Ғуломова, ки солҳои зиёд дар мактаб кор кардааст, дар тӯли беш аз як соли дар ин лоиҳа кор кардан таҷриба гирифтааст, ки аксари занҳоро ба фоҳишагӣ «даллаҳо» ва мардҳои фосиқ «роҳнамоӣ» мекунанд. Ӯ мегӯяд:
«Сӯҳбати занҳои ба фоҳишагӣ машғул аз сӯҳбати бонувони боиффат ба куллӣ фарқ мекунад. Он ибораю калимаҳое, ки онҳо истифода мекунанд зуд кӣ буданашонро маълум мекунад. Мо низ барои боварии онҳоро соҳиб шудан, зимни сӯҳбат худро аз онҳо вонамуд мекунем. Агар чунин накунем, ба мо бовар намекунад ва агар касе бо онҳо кор накунад, расвогӣ дар ҷомеа бештар мешавад». Хонум Ғуломова мегӯяд, ки дар шаҳрҳо даллахонаҳо зиёданд. Зимни вохӯрӣ «даллаҳо» аз мо меҳаросанд ва ё ба таҳдид мегузаранд. Танҳо бо нишон додани варақа (ваучер) ва муомилаи хуб ба боварии даллаҳо медароем. Онҳоро бо тарс аз мақомоти қудратӣ ба сӯҳбат моил мекунем. Ба «даллахона» даъват накарданд, вале нуқтаҳои ҷамъшавии «мизоҷон»-ашонро нишон доданд. Ҳоло дар шаҳри Қурғонтеппа ҳамаи нуқтаҳои ҷамъшавии «мизоҷон»-и даллаҳоро медонам. Бештарашон дар гӯшаҳои назарногири шаҳр ҷойгиранд, вале як нуқтаи асосии «бозор» дар боғи фарҳангию истироҳатии шаҳр ҷойгир аст, ки онҳо дар вақти муқарраршуда ҷамъ меоянд ва аз ин ҷо ба даллахонаҳо «роҳхат» мегиранд. Ман ҳам аввал чунин андеша доштам, ки мизоҷони асосии занҳои ба танфурӯшии машғул мардҳои соҳибмансаб ва пулдор мебошанд. Ҳоло ба хулосае омадам, ки дар қатори пулдорҳо миёнаҳолҳо низ кам нестанд, ки барои «кайфу сафо» ҳаққи фарзандонашонро ба даллаҳо медиҳанд, – мегӯяд хонум Ғуломова.
Аз ҳама ташвишовар ва танзимнашаванда, – мегӯяд Файзигул Ғуломова, – дар ин «бозор» он аст, ки бештари «мизоҷон» таҳҷоӣ набуда, зуд- зуд ҷошонро иваз мекунанд.
Сабаб бар асоси омор:
Даврон Қунғуротов, директори Маркази мубориза алайҳи СПИД-и вилояти Хатлон гуфт, то имрӯз дар вилояти Хатлон 615 нафар сироятёфтаро ба қайд гирифтаанд, ки аз онҳо 152 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Теъдоди гирифторони ин вирус аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ 120 нафарро дар бар гирифта, ба иттилои Қӯнғуротов нисбати соли гузашта афзудааст. 20 %-и мубталоёни ин вирус аз ҳисоби муҳоҷирини меҳнатӣ буда, сироятшудагони нашъамандони тазриқӣ аз 55 % ба 48 % коҳиш ёфтааст.
Сабаб ба ҷойи хулоса:
Боре шоҳид будам, ки саҳар барвақт аз милисахонаи шаҳр як гурӯҳ занҳоро ҷавоб доданд. Онҳо маҳсули рейди шабонаи милиса будаанд, ки аз даллахонаву сари роҳу кӯчаҳо «ҷамъу гир» гашта буданд. Ин гурӯҳи ба «озодӣ» баромада бо садои баланд ҳарф мезаданд ва аз касби доштаашон ифтихор доштанд. Яке аз онҳо бо овози баланд мегуфт: «Мы проститутки наведём порядки».
Таҳлил ва таҷрибаи коршиносон нишон дода, ки фоҳишагии занҳои таҳҷоӣ мисли бархе аз фоҳишаҳо дар Русияву дигар кишварҳои урупоӣ масъалаи ахлоқӣ набуда, балки омили иҷтимоӣ дорад. Аз сӯҳбат бо аксари онҳо маълум шуд, ки тангии рӯзгор онҳоро ба ин кор маҷбур кардааст ва бештаринашон аллакай ба худ нафрат пайдо кардаанд. Хулоса мешавад, ки агар ҷойи кор ва шароити мусоидтаре фароҳам шавад, занҳои тоҷик онҷо кор мекунанду ба бозори фаҳшу фасодат барои танфурӯшӣ майл намекунанд. Ин мушкили ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаи мост, ки ба нанг ва номуси миллӣ латма мезанад. Гузашта аз ин ҳар марде, ки аз хизмати бонувони танфурӯш истифода мекунад оё фикр намекарда бошад, ки зану хоҳар дорад ва агар мисли инҳо ба мушкил мувоҷеҳ шавад, «рӯ ба Ҳинд меорад». Ҳарчанд фоҳишагиро аз байн бурдан сахт душвор аст, вале бояд ҳукумат ҳам аз ҳар роҳе ин доғи домани номуси миллатро пок кунад, ки густариши он анҷоми фоҷиабарангез дорад.
Давлати ШОҲЭЪТИБОР
Иршод СУЛАЙМОНӢ