То чанд муддат пеш донишмандон ва таҳлилгарон андеша доштанд, ки Тоҷикистон имсол дар ҳоле аз 20-солагии истиқлоли худ ҷашн мегирад, ки тайи ин муддат барномаи стратегии таъйинкунандаи дурнамои миллатсозиву давлатдории миллиро надорад. Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, доктор Сӯҳроб Шарипов ҳам иброз дошт, ки мо зарурати шадиде ба доштани чунин барнома дорем:
«Ҳарчанд пеши роҳи характери идеологӣ додани ин гуна равандҳоро Конститутсия мегирад, яъне дар он зикр шудааст, ки дар Тоҷикистон набояд ҳеҷ идеология давлатӣ бошад. Аз дигар тараф: ҳам аз нуқтаи назари илмӣ ва ҳам фарҳангӣ мо бояд ин гуна пружаҳоро амалӣ созем. Се сол боз мо конфронсҳо дар мавриди пайдоиш ва ташаккули идеяи миллӣ, миллатсозии Тоҷикистон ва дар чӣ асос бояд миллатсозӣ кунем, мегузаронем. Ба ин масъала коршиносон ва фарҳангиён ҷалб шудаанд ва фикру андешаҳои худро ироа мекунанд. Зеро ин кори осон нест. Мо бояд ин масоилро ҷиддӣ таҳлил кунем ва пасон ба миллат пешниҳод созем, ки асосҳои сохтани миллат ва давлати соҳибистиқлоли тоҷик ҳаминҳо ҳастанд. Бигзор дар ин маврид баҳсу мунозираҳо шавад, аммо мо бояд як доктринаи миллатсозиро ҳатман қабул кунем».
Ахиран Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз зарурати таҳия ва қабули чунин як барномаи ваҳдатофару миллатсоз сухан дар миён гузошт: «Ҳар ҷомеа ба ҳадаф ва қутбнамое ниёз дорад, ки роҳи рушди худро мутобиқи он муайян созад. Чунин ҳадаф бояд дар заминаи таърих, арзишҳо ва ҳувияти миллӣ ташаккул ёфта, ба воқеият, ниёзҳо ва дархостҳои имрӯзаи ҷомеа ҷавобгӯ бошад, аксари афрод ва табақаҳои ҷомеаро дар атрофи худ муттаҳид сохта, мардумро ба сӯйи рушду созандагӣ роҳнамоӣ кунад. Чунин андеша ва ҳадафи муттаҳидкунанда барои мо маҳз ғояи ваҳдати миллӣ мебошад. Дар шароити муосир таҳкиму ташаккули чунин ғоя на дар шакли як шиори таблиғотӣ, балки фақат дар шакли таҳияи як консепсия ё барномаи дақиқи дурнамои рушди миллӣ имконпазир аст. Таҳияи чунин ҳуҷҷати сарнавиштсоз кори саҳл нест. Аз ин рӯ, он бояд бо иштироки намояндагони соҳибназари тамоми табақаву гурӯҳҳои ҷомеа сурат гирад».
Масъалаи қабули барномаи таъинкунандаи дурнамои миллатсозиву давлатдорӣ, ки аз он дар ҳар шакле: консепсия, доктрина, барнома ном бурда мешавад, нав нест. Ҳанӯз аз оғози истиқлол ба ин масъала таваҷҷӯҳ буд. Раиси собиқи Дастгоҳи Президенти кишвар Султон Мирзошоев дар як сӯҳбат гуфт, ки ҳанӯз ҳамон солҳо мо донишмандонро ба муайян намудани ҳамин идея ҷалб кардем, вале пешниҳодоти онҳо ба дард нахӯрд. Аз ин ба баъд дар навиштаву пешниҳодҳои олимону донишмандон ва бештар рӯзноманигорон зарурати қабули чунин барнома таъкид шудааст. Ба таври амалӣ дар соли 2007 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президент як конфронси ҷумҳуриявиро низ доир кард ва хулосаи ин конфронс нашри китоби «Масъалаҳои ташаккули идеяи миллӣ дар Тоҷикистон» гашт. Баъди ин конфронс мисле ки ин масъала аз забонҳо афтод. Ҳамчунин банда низ чанде пештар як матлабе бо номи «Пешниҳод ба ҳукумат: Барномаи стратегии миллатсозиву давлатдорӣ» ба нашр расонда будам. Акнун дар сатҳи Президент расидагӣ кардан ба ин масъала, таҳияи ин консепсия ҷиддӣ матраҳ гардид. Аммо дар миёна расонаҳо ва ҷомеаи илмиву фикрии кишвар баҳсҳоеро ба бор наовард ва мисле, ки нодида гирифта шуд. То ҳатто телевизионҳои давлатӣ ба ин масъла бархӯрде накарданд.
Имрӯз тавре дар суханронии Президенти кишвар ишора рафт, дар ростои таҷлили 20-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Тоҷикистонро зарурат пеш омадааст, ки аз ниҳодҳои зиррабт ва ҷомеаи фарҳангиву илмии кишвар як лоиҳаи барномаи стратегӣ ё доктринаи таъйинкунандаи дурнамои миллатсозиву давлатдории моро дархост ва баъди коркардҳои ҳамаҷониба қабул кунад. Ҷомеаи фикриву фарҳангии мо дар масъалаи давлатдории миллӣ назарҳои гуногунро пешниҳод мекунад. Як қисм такя мезананд ба фарҳанги тоисломӣ ва асосан ба зардуштия, қисми дигар комилан рӯйи арзишҳо ва суннатҳои исломӣ ҳисоб мекунанд ва қисми сеюм, ки зерқисми чорум низ дорад ба идеяҳои атеистиву коммунистиву демократии замони муосир эътимод доранд. Дар чунин сурат калавишҳо ва чархишҳое дар амал ва рафтори давлатмардону қисми нухбагони миллӣ мушоҳида мешавад. Бо будани чунин назароти гуногун зарурат пеш омадааст, ки системаи мукаммали ин арзишҳо ва ҳувиятҳо бо дар назар гирифтани дурнамои рушд ва густариши миллат ва давлатдорӣ коркард шавад ва дар қолаби барномарезиҳои давлатӣ ворид гардад.
Профессор Абдунабӣ Сатторзода зимни мусоҳиба ба муаллифи сатрҳо гуфта буд: «Як иллати дигар, вале ба назари мо, асосӣ дар он аст, ки мо ҳанӯз барномаи мушаххаси миллатсозӣ надорем. Барномаи ташаккули миллати ягона, миллати воҳид. Мо тоҷикон дар Тоҷикистон миллат ҳастем, аммо ҳанӯз миллати ягона, миллати воҳид нашудаем. Аз ин рӯ бояд миллатсозӣ кунем, зеро то миллати воҳиду ягона нашавем, корҳоямон дар ҳама соҳа ба дараҷаи матлуб барор нахоҳанд гирифт».
Ба назари профессор Сатторзода мо дар сатҳи давлатӣ ё ҳукуматӣ ниёз ба танзими як барномаи стратегии миллатсозӣ дорем. Ӯ бар ин назар аст, ки ҳар қадар барвақттар ба танзиму татбиқи он шурӯъ намоем, ҳамон қадр бештар ба манфиати мо хоҳад буд. Ва ҳар андоза дар амалӣ гардонидани ин рисолати миллиамон дер кунем, ба ҳамон андоза хоҳем бохт.
Албатта дар ин барнома ё доктрина чӣ арзишҳое авлавият пайдо мекунанд ва ба ҳайси арзишҳо ва ҳувиятҳои мудовими миллатсозиву давлатдории мо пазируфта мешаванд, масъалаи фикри як нафар нест. Аммо бояд гуфт, ки дар таҷрибаи илмиву амали ҷаҳон то ҳол ду улгу ё модели чунин барномарезиҳо вуҷуд дорад.
Яке модели англосаксонӣ (nation-state) миллат-давлат, ки инҷо ба ҳайси давлатдор миллат нақши умда ва калидӣ дорад. Дигаре модели фаронсавӣ (state- nation), ки давлат ҳамчун унсури миллатофар бартарӣ ва нақш дорад. Масъалаи муҳим ин аст, ки дар Тоҷикистон бар асоси кадоме аз ин улгуҳо давлати миллӣ эҷод мешавад ё улгуи махсуси худӣ пешниҳод мешавад.
Ба ҳар ҳол, бояд дар ин барномарезӣ аз авомили боздорандаи давлатсозии миллӣ сарфи назар кард. Яъне бояд дар худи Конститутсияи кишвар зикр шавад, ки бар асоси арзишҳои мушаххас ҳукумат (новобаста аз ҳукуматҳо, ҳам ҳукумати феълӣ ва ҳам ҳукуматҳои баъдӣ) ба сохтани давлатӣ миллӣ, ки ифодакунандаи манфиатҳои олии тамоми сокинони Тоҷикистон мебошад, масъул аст ва дар эҷоди он тамоми шаҳрвандони кишвар, сарфи назар аз ирқу мансубияти нажодӣ ва забону хуну пӯст саҳм бигиранд.
Ин барномаи стратегӣ ё доктринаи миллатсозӣ бояд ба аз байн бурдани миллатчигӣ ё маҳалгароии сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию илмӣ ва динӣ дар кишвар хотима бидиҳад. То ин замон ташаккул наёфтани фазои умумимиллӣ дар кишвар ва амалан ба се минтақа: Суғд, Бадахшон ва Ҷануб (водии Ҳисор ва Хатлон) тақсим будани Тоҷикистон дар роҳи эҷоди давлати миллӣ халалҳои ҷиддӣ эҷод кардааст. Аз ҷониби дигар заъфи фазои умумимилливу фарҳангӣ, яъне диниву арзишӣ, мисли Шӯрои уламо ва рӯҳониёни харизматикии эътирофнашаванда садди дигари роҳи миллатсозиҳои мост. Аз ҷониби дигар, ҷойгоҳи дин чун як унсури ташаккулдиҳандаи миллат ва давлати миллӣ бояд мушаххас шавад.
Мисли авомили боло ва омилҳои зиёди дигар ниёзи шадидро ба қабули барнома ё консепсия ва ё доктринаи миллатсозиву давлатдорӣ, ки имконоти таъйини дурнамои рушди миллӣ дар он мушаххас ва амалишаванда бошад, бозгӯй мекунад.
Аз ин рӯ, Президенти Тоҷикистон дар ростои 20-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ, ки олитарин неъмате барои ҳар миллат ва хусусан миллати заҷркашидаи тоҷик дар раванди таърих мебошад, таҳия ва эҷоду қабули чунин барномаро аз Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан давлатмардону нухбагони милливу фикрии мо тақозо кард. Акнун мутмаинем, ки бо ифода шудани зарурати доштани чунин барномаи стратегӣ аз забони шахси аввали кишвар, талошҳо барои ба бовар овардани он танҳо дар сатҳи «гап» хулоса намешаванд. Мазмуни байти Иқбол:
«Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт,
-ро бояд дар таҳияи дурусту саҳеҳи ин консепсия ва бар нафъи давлатдории мудовими худ хулоса кунем. Он набояд ифодакунандаи манфиати қудрат сиёсӣ ва дорои характери замонӣ бошад, балки барои рушди Тоҷикистон, густураи миллӣ ва пешбурди кишвар мусоидат намояд.
Иршод Сулаймонӣ