Каме дар хусуси кӯдакиатон мегуфтед…
- Дар оилаи оддӣ таваллуд шудаам. Падарам дар вазифаи хизмати давлатӣ фаъолият мебурданду модарам хонашин. Қиблагоҳам фориғ аз кор бо кирмакпарварӣ ҳам машғул мешуданд. Молу чорво ҳам доштем. Мактаби миёнаро дар зодгоҳам шаҳри Исфара ба итмом расонидаму барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи хоҷагии халқи шаҳри Москав дохил шуда, онро бо ихтисоси иқтисодчӣ ба итмом расонидам. Бо сабаби хуб надонистани забони русӣ солҳои донишҷӯӣ каме мушкилӣ кашида бошам ҳам, аммо баъдтар онро ба таври бояду шояд омӯхтам.
Баъди хатми донишгоҳ ба зодгоҳ баргаштед?
- Бале, баъди итмоми донишгоҳ ман ба Исфара баргаштам. Ин ҷо фаъолияти кориамро аз созмони ҷавонон оғоз карда, баъдан дар вазифаҳои котиби ташкилоти комсомолӣ, ташкилоти партиявӣ, иттифоқи касаба, раиси ҷамъияти матлуботи шаҳр, ҷонишини раиси комиҷроияи шаҳр, раиси комиҷроия, котиби аввали ҳизб ва аз соли 1994 ҳамчун раиси шаҳри Исфара фаъолият бурдам.
Ба ҳайси роҳбар фаъолият бурдани як бону дар ноҳияе чун Исфара мушкил набуд?
- Роҳбарӣ ҷинс надорад. Ман инро аз таҷриба фаҳмидам. Албатта, дар вазифаи раиси комиҷроия, баъдан раиси ноҳия фаъолият бурдан осон нест. Мушкилиҳо зиёд буданд. Мушкили марзӣ (ноҳия бо ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳамсарҳад аст), кам будани замин (теъдоди аҳолӣ зиёд асту замин кам), устувор будани ақидаҳои динӣ (баъзан сабаби нофаҳмиҳо мешуданд), ҳамаи ин маро водор месохт, ки ҳамчун роҳбар ҳушёр бошам ва сари вақт баҳри ислоҳи камбудиҳо талош намоям. Хулоса, ин мақом аз роҳбар (чӣ зан бошаду чӣ мард) масъулият талаб мекард.
Мегӯянд бонувони роҳбар дар истифодаи маблағ «сахтанд». Шумо ҳам?
- Замони роҳбарии ман дар Исфара соҳаи саноати сабук бисёр пешрафта буд. Аз ҳисоби андозҳои ҳамин соҳа буҷаи ноҳия низ ғанӣ мегардид. Ба ғайр аз ин, дар Исфара якчанд заводу фабрикаҳое мавҷуд буданд, ки бевосита дар тобеияти марказ (Москав) қарор доштанд. Ба ҳамин хотир баъзан марказ ба ноҳия маблағҳои махсус ҷудо мекард. Мо аз ҳисоби ана ҳамин даромадҳо боғча, мактаб, бунгоҳҳои тиббӣ, хонаҳои истиқоматӣ бунёд мекардем. Ман ҳамчун роҳбар мекӯшидам, ки маблағҳои ҷудогардида, бевосита барои ободонии ноҳия сарф шаванд. Дар хусуси сарфи пул бошад, бале бонувон аввал хуб андеша мекунанду баъд харҷ.
Ба парлумон чӣ гуна ворид гаштед?
- Ҳанӯз дар замони раиси комиҷроия буданам номзад ба вакили парлумон интихоб шуда будам. Чун он солҳо маҷлис доимамалкунанда набуд, мо, вакилон дар сесияҳо иштирок мекардему баъди анҷоми он боз аз пайи кори доимии худ мешудем. Соли 1996 маро ба ҳайси муовини раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд. Бо ҳамин ман ба пойтахт омадам. Даҳ сол ҳамчун муовини раиси Маҷлиси Олӣ (баъдтар бо ду палатагӣ шудан, дар Маҷлиси намояндагон) фаъолият бурдам.
Парлумони имрӯз аз нигоҳи Шумо чӣ гуна аст?
- Аз он ки 19 фойизи намояндагони парлумони имрӯзаи моро занҳо ташкил медиҳанд, бениҳоят хурсандам. Ман ҷонибдори зиёд шудани занҳои оқилаву фаъол ҳастам. Як тафовути имрӯзи парлумон аз замони фаъолияти ман чун вакил дар он аст, ки замони мо ба ҷанги шаҳрвандӣ ва бартарафкунии харобиҳои он рост омад. Мо мекӯшидем бештар рӯйи таҳияи қонунҳое вақт сарф намоем, ки осудаҳолиро дар ҷомеа барқарор созанд. Имрӯз бошад, шукр, ки вазъият ором аст. Вакилон имкон доранд қонунҳое таҳия намоянд, ки фарогири тамоми ҷабҳаҳои ҷомеа бошанд. Ва ҳамин тавр ҳам ҳаст. Мо имрӯз дар парлумон бонувонеро аз қабили Хайриннисо Юсуфӣ, Назира Ғаффорова, Галия Рабиева, Махфират Хидирова, Марҳабо Ҷабборова дорем, ки онҳо давомдиҳандагони корҳои Рафиқа Мӯсоева, Адолат Раҳмонова, Ҳусноро Мирзоева, Қиммат Рустамова мебошанд.
Кор, маҷлис, ид, ҷашн… Замоне аз рӯйи ҳамин нақша (ё ба ин монанд) амал мекардед. Имрӯз, ки нафақахӯру хонашин шудаед, хумор намегирад?
- Ман ончунон ба корҳои ҷамъиятӣ одат кардаам, ки имрӯз ҳам берун аз он буда наметавонам. Узви шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҳастам. Дар вохӯриҳо бо мардум иштирок мекунам. Вақте ба ҳайси роҳбар кор мекардам орзу доштам, ки ақаллан лаҳзае вақт ёбаму бо фарзандонам бошам, имрӯз ана ҳамон фурсат расидааст. Ман бо фарзандону бо наберагонам.
Хулоса аз таҷриба:
* Роҳбари муваффақ ҳамон нафарест, ки ҳақиқатро дида, шунида ва гуфта тавонад. Роҳбаре, ки мегӯяд: «Мо камбудие надорем», пас ӯ дурӯғ мегӯяд. Он ҷое, ки инсон ҳасту ҷомеа ҳасту коллективи меҳнатӣ, камбудиву иштибоҳ ҳам вуҷуд дорад. Иқрор шудан, пайи ислоҳ кӯшидан, ин аст асоси муваффақиятҳои бузурги ҳар роҳбар.
* Ҳатман мард ё баръакс зан будани роҳбар шарт нест. Муваффақ шудан ё нашудани як нафар дар дилхоҳ вазифа аз сифатҳои шахсии ӯ вобастагӣ дорад. Дониши мукаммал, маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ – ин аст асоси муваффақияти ҳар роҳбар. Ҳамон рӯзе, ки роҳбар аз худомӯзӣ монд, ӯ дигар муваффақ буда наметавонад.
* Ҳамеша бояд донист, ки аз ту донотар, кордонтар ва зиррактар ҳам ҳаст.
ЧИРО НАМЕПИСАНДАМ:
Дар сиёсат - худхоҳиро
Дар иҷтимоъ - танбалиро
Дар иқтисод - фиребро
Дар фарҳанг – бемаърифатро