Чанде қабл ошноеро, ки аз ҷинси латиф асту дар зиндагӣ аз мадди назарҳо дур мондааст, вомехӯрда, барои тассалои дилаш ёдовар шудам;
Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Ҳар шом, ки ояд зи пайи ӯ саҳаре ҳаст.
Фаришта(ӯро вақти рӯи кор буданаш ҳамин тавр ном мебурданд) оҳе кашида гуфт: «Замоне ҷавон будему кори ҷамъиятиро аз ҳаёти оилавӣ боло гузошта, дар вазифаҳои хизмати давлатӣ бо рӯҳу илҳоми тоза кор мекардем, то сиёсати давлат дар баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа амалан иҷро шавад. Дар ҳавои кору пайкор солҳо пайи ҳам гузашт, ҷавонӣ ҳам. Замоне расид, ки дар мақомотҳои маҳаллӣ меъёрҳо дигар шуданд. Маро аз кор озод карданду дигар нафаре аз мақомоти болоӣ аз ман суроғ накард. Акнун, ки аз майдони сиёсат ронда шудааму аз ҳаёти рафта, ҳама рӯз бароям якранг аст».
Акнун суханронии Қурбонгул Пирхонова масъули бахши кор бо занон ва оила, ки аз як минбари баланд мегуфт; «Ҳар як фарди ҷомеа, бахусус занони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд сипосгузор аз роҳбари давлат бошанд, ки мавқеъ ва манзалати занони тоҷикро ба чунин мартабаи баланд расонидааст», суол пайдо мекунад. Он бонувоне, ки қурбонии сиёсати кадрӣ дар маҳали худ шудаанд, аз кӣ сипосгузору аз кӣ домангир шаванд?
Мутаассифона, чун мисоли дар боло овардаам, дар Хатлон фариштаҳои бетақдир кам нестанд. Раъно Рустамова баъди 8 соли фаъолият дар вазифаи коргузори Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Қӯрғонтеппа ба рухсатии таваллуд(декрет) баромаду баъди бозгашт дигар ҷойи корашро барқарор карда натавонист. Ҳол он ки замони фаъолият дар ин соҳа роҳбарон чандин маротиба ба вазифаҳои баландтар пешбариаш мекарданд. Азбаски хоҳони дар як ҷой сабзидан дошт, дар вазифаи худ монд. Ҳамин тавр баъди 5 соли тарбияи 3 фарзанд барои идомаи кори давлатӣ баргашт. Аммо дар ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа натавонист даъвои барқарор кардани ҷойи корашро кунад. Зеро дар бойгонии шӯъбаи кадрҳои ҳукумати шаҳр ба истиснои дафтарчаи меҳнатиаш, дигар ягон ҳуҷҷати ӯро пайдо карда натавонистанд. Акнун Раъно барои даъвои ҷойи кор ҳуҷҷати тасдиқкунанда надорад ва се сол боз мисли ҳазорон бонувони дигар хонашин шудааст. Дигар ба куҷо муроҷиат кунад?
«Қаҳрамон» - и дигари мо Низорамоҳ Зарипова собиқ муовини раиси ноҳияи Вахш мебошад, ки замоне бекорӣ таҳдидаш мекард. Мавсуф аз зумраи кадрҳои ҷавони хатлонӣ буд, ки дар баробари татбиқи барномаи давлатии мақоми зан дар ҷомеа аз Ҳукумати вилояти Хатлон ба вазифаи муовини раиси ноҳияи Вахш таъйин шуд. Дар муқоиса бо баъзе аз ҳамтоёни хеш нисбати фаъолияти муовинии Низорамоҳ сару садоҳои ҳангомаангезе пайдо нашуда буд. Аммо баъди тағйироти кадрӣ дар сатҳи раисони вилояти Хатлон ва ноҳияи Вахш дар «асос» - и ба вазифаи дигар гузаштан Низорамоҳ Зарипова аз вазифа сабукдӯш карда мешавад.
Диққат! Президенти кишвар ба Фармоне имзо гузошта буд, ки дар он омадааст: Низорамоҳ Зарипова бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси ноҳияи Вахш озод карда шавад. Аммо баъди аз вазифа озод шудан собиқ муовини раиси Вахш ба гуфте дар «кӯча» монд. Ин бону, ки беш аз 10 соли даврони ҷавонии худро сарфи кори ҳукумат намуда, ҳатто ба хотири «карера» сохтан хостгорҳои худро ноумед кард, тӯли чанд моҳ беҷойи кор монда, мисли ҳазорҳо нафар бонувони тоҷик хонашиниро ихтиёр сохт. Вақте ҷойи кор ёфт, дар як сӯҳбати сари роҳӣ ҳамин қадар гуфт: «Баъди бекории дурудароз Нарзулло Барфиев шахсе, ки дар мактаби бузурги сиёсати кадрӣ обутоб ёфтааст, маро ба департаменти давлатии агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вилояти Хатлон ба кор қабул кард. Ростӣ, дигар намехоҳам, ки он ноҳаққиҳои нисбатам раво дидаро нақл кунам. Мабодо аз ҳамин рӯзам ҳам намонам. Аммо як чи бароям муаммост, дар ноҳияи Вахш чӣ гуноҳе содир кардам, ки нисбатам чунин муносибатро раво диданд? Бигзор хатову камбудиҳоямро ошкоро мегуфтанд. Аз муроҷиатҳоям ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин тасаллиятнома дар хотирам мондааст; «Наход, бо шумо барин кадр чунин муносибат карда бошанд, мо кори аз дастамон омадаро мекунем». Дарди моро мегӯяд Низорамоҳ, онҳое дарк мекунанд, ки мисли мо 10-15 сол дар вазифаҳои хизмати давлатӣ фаъолият намуда, баъдан якбора хонанишин мешаванд».
Аҷоиб. Президент зери ҷумлаи «Бо сабаби ба вазифаи дигар гузаронидан Низорамоҳ Зарипова аз вазифаи муовини раиси ноҳияи Вахш озод карда шавад» имзо гузошта бошад, пас чӣ гуна масъулини маҳаллӣ кадри ҷавонро фаромӯш карданд? Шодӣ Мӯсоев раиси ноҳияи Вахш мегӯяд: «Аввалан ин ки Низорамоҳ Зарипова бо аризаи худ аз кор рафта буд. Дар ҳақиқат. Президент зери ҷумлаи «Ба сабаби ба кори дигар гузаштан, Низорамоҳ Зарипова аз вазифаи муовини раиси ноҳияи Вахш озод карда шавад» имзо гузошта буд. Аммо шахсан ман бо бону Низорамоҳ сӯҳбате доштам ва барои идомаи фаъолият дар ноҳия вазифаи мудири шӯъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияро пешниҳодаш кардам. Аммо худи он кас гуфтанд, ки бо раиси онвақтаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ Хайринисо Юсуфӣ маслиҳат дошта, мехоҳад фаъолияти минбаъдаашро дар кадом як ташкилоте идома диҳад».
Низорамоҳ Зарипова аз зумраи бонувоне ба ҳисоб мерафт, ки дар партави сиёсати Президенти мамлакат оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ба вазифаи пурмасъулият таъин шуда буд ва қариб як панҷсола дар вазифаи муовини раиси ноҳияи Вахш фаъолият ҳам кард. Аммо баъди аз майдон берун шуданаш воқеан ҳам як муддат худро бетақдир ҳис мекард, фариштаи бетақдир?
Хатои кӣ?
Агар тадқиқотро пайваста идома диҳем рӯз ба рӯз дар рӯйхати фариштаҳои бетақдири хатлонӣ номҳои нав пайдо мешаванд. Зулҳарам Воҳидова, собиқ мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Бохтар, нисбати ҳукумати ноҳия, ки гӯё ӯро беасос аз вазифа сабукдӯш карда бошанд, ба додгоҳ шикоят бурдааст. Воқеан ин тасмими як бонуи бохтарӣ дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон намунаи беназир аст. Агар тамоми бонувони беасос аз вазифаҳояшон сабукдӯш гардида, барои дифоъ аз ҳуқуқ ва мавқеи хеш садо баланд мекарданд, шояд имрӯз мансабдорон вақти аз вазифа озод кардани кадрҳои ҷавон одилонаву оқилонатар рафтор мекарданд. Алъон ҳалномаи суди Бохтар ба фоидаи ҷабрдида набаромад, аммо Зулҳарам муборизаро барои барқарор кардани адолат идома медиҳад. Ба гуфти Зулҳарам Воҳидова мақомот як ҳолати худкушӣ ва ду ҷиноятро аз тарафи занон, ки дар давоми 9 моҳи фаъолияти роҳбарии ӯ рӯй додааст, баҳона пеш оварда, ӯро аз вазифа озод намуд. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати ноҳия барои дар амал татбиқ намудани « Барномаи давлатии ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2006-2016» маблағҳои лозимаро ҷудо накардааст, -мегӯяд собиқ мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Бохтар. Аз ҷониби дигар эроди масъулини ноҳия бобати рӯй додани худкушӣ аз ҳисоби занон дар нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар соддалавҳона менамояд. Зеро ноҳияи Бохтар 220 ҳазор аҳолӣ дошта 50% - и онро занону духтарон ташкил медиҳанд. Агар ин рақамро бо вилояти Бадахшон, ки ҳудуди 250 ҳазор аҳолӣ дорад, муқоиса намоем, сатҳи ҷинояткории занону духтарон дар Бохтар он қадар нигаронкунанда наменамояд. Ҳол он ки ягона худкушӣ дар Бохтар, баъди 13 рӯзи ба кор омадани Воҳидова рух додааст. Ин ва дигар далелҳои ҷабрдида суол пайдо мекунад, ки шояд аз вазифаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Бохтар озод кардани Зулҳарам Воҳидова сабабҳои дигар дошта бошад? Ба гуфти худи ӯ дар рафти мурофиаи судӣ комёбиҳои роҳбарии ӯро ёдрас нашуданд. Ҳол он ки бо роҳбарии ҳамин Зулҳарам Воҳидоваи «ноӯҳдабаро» бори аввал ноҳияи Бохтар дар озмуни вилоятии «Чакомаи гесу» ҷойи дуввум ва роҳхат ба озмуни ҷумҳуриявиро гирифта буд. Ё ҳукуматдорон гуфтанианд, ки ин муваффақият танҳо ба натиҷаи кори мудири бахши кор бо занони ноҳия вобаста нест. Пас ба як ҳолати худкушӣ ҳам танҳо мудири бахши кор бо занон ва оила ҷавобгар нест. Ё нодуруст?
Дар шарҳи ин қазия зимни як нишасти матбуотӣ Абдуаллим Исмоилов раиси ноҳияи Бохтар иброз дошт, ки ҳар роҳбар дар интихоб ё аз кор озод кардани ин ё он кадр баъзан хато мекунад. Зулҳарам Воҳидова гарчанде тибқи озмун ба ин вазифа таъйин шуда буд, аммо дар давоми фаъолияти роҳбариаш аз ӯҳдаи кор набаромад. Пеш аз он ки аз вазифа сабукдӯш шавад, мо ба ӯ якчанд вазифаҳоро пешниҳод намудем, аммо пешниҳоди моро қабул накарда, ба суд муроҷиат намуд. Ин масъала бо муовини раиси вилояти Хатлон ва ҷонишини сарвазири мамлакат Руқия Атоевна низ матраҳ шуд. Аммо дари ҳукумат ҳеҷ вақт барои бонувон баста нест, бигзор донишу малакаи худро дар дигар вазифаҳо санҷанд, кадри хуб ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур намемонад, - мегӯяд раиси Бохтар. Билохира, дақиқ карда натавонистем, ки раиси ноҳияи Бохтар дар интихоби озмунии мудири бахши занон хато намуда бошад ва ё дар мавриди аз кор озод сохтани ӯ?
Воқеан ҳам раиси ноҳияи Бохтар Абдуаллим Исмоиловро натанҳо мардум, балки бештари рӯзноманигорони минтақа низ барои дорои малакаи хуби сиёсӣ, одоби баланди муошират, ҳамчун як роҳбари маданӣ эътироф мекунанд. Аммо маҳз дар давраи роҳбарии вай аз майдони сиёсат берун кардани се бонуи фаъоли ноҳия ба чеҳраи сиёсии ӯ бетаъсир намемонад. Гарчанде худи ҷабрдида Воҳидова дар мурофиаи судӣ ҳам сабабгори қазияи худ муовини раис Кибриё Сафароваро ном гирифтааст. Мутаассифона, ин ҳолатҳо сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа зери шубҳа қарор медиҳанд.
Алъон мурофиаҳои судӣ оид ба шикояти З. Воҳидова дар сатҳи болои ин мақомот дида баромада мешавад. Зулҳарам Воҳидова иброз медорад, ки мақсад аз муроҷиаташ ба суд ин исбот намудани бегуноҳии худ ва барқарор кардани адолат мебошад. Адолате, ки ҳар инсон дар дил ба он умед дорад ва аз ҷониби суд бояд кафолат дода шавад.
Дар самти иҷрои барномаи давлатии тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар Хатлон камбудиҳои дигар низ ҷой доранд. Дар соҳаҳои андоз, молия ва бонк ягон вазифаи калидиро бонувон ишғол накардаанд, ҳатто дар вазифаҳои муовини раис оид ба иқтисод ва саноати ягон шаҳру ноҳия ҳузури занон қариб, ки ба чашм намерасад. Иддае аз масъулин даъво пеш меоранд, ки дар ин соҳот кадрҳои болаёқат надорем. Аммо дар дохили худи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят якчанд нафар бонувон мисли Хурсаной Изатуллоева, Саодат Қодирова, дар риштаҳои иқтисод, хизматрасонӣ савдо ва захираҳои табиӣ, Муқаддас Сатторова ва Меҳринисо Холмуродова дар шӯъбаи кор бо занон аз 10 то 15 сол дар як вазифа кор карда, боре ба вазифаҳои болотар пешбарӣ нашудаанд. Вақте сабабро аз худи ин бонувон пурсон шудем, баъзеашон кӯтоҳ ҷавоб гуфтанд: «Ин ҳам тақдир аст». Ин бонувон дар деги ҳукумат он қадр ҷӯшидаанд, ки бовар аст соҳаҳои худро дар сатҳи шаҳру навоҳӣ ба хубӣ идора карда метавонанд. Чаро ин «фариштаҳои бетақдир» ба вазифаҳои болотаре пешбарӣ намешаванд? Як маълумот: танҳо тӯли солҳои 2004-2006 аз дастгоҳи ҳамин ҳукумат 5 нафар бону танҳо ба ҳайси муовини раиси шаҳру навоҳии Хатлон таъин шуда буданд. Пас чаро ин анъана имрӯз аз байн рафтааст?
Талбак Хӯҷамуродов мудири шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси Хатлон иброз медорад, ки кадрҳои болаёқате, ки дар мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоят кор мекунанд, аз мадди назар дур нестанд. Аммо пешбарии кадрҳо ба вазифаҳои роҳбарӣ аз раёсати ҳамон идора ё соҳа вобастагии зиёд дорад. Ба гуфти ӯ то 1-уми апрели соли ҷорӣ дар тамоми сохторҳои хизмати давлатии Хатлон 2567 нафар кор мекунанд, ки аз ин теъдод ҳамагӣ 480 нафар занон мебошанд. Ба тозагӣ роҳбари давлат дастур дод, ки барои 154 ҷамоати деҳоти вилояти Хатлон 455 воҳиди нави корӣ ташкил карда мешавад. Аз ин ҳисоб 42 воҳиди корӣ вазифаи муовинони раисони ҷамоатҳои деҳот аст, ки ба ҳамаи ин вазифаҳо танҳо бонувони кордон ҷалб карда мешаванд. Вале чаро занон танҳо муовин бошанд?
Барои расидан ба ҳадафҳои сиёсати кадрии давлат тасмим гирифта шудааст, ки дар тобеияти раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як Маркази тарбияи кадрҳои ҷавони роҳбарикунандаро таъсис диҳем, - иброз медорад Талбак Хӯҷамуродов. Аммо ин ваъда аст, ки иҷро шудани онро вақт муайян мекунад. Бисёриҳо бар ин назаранд, ки гӯё дар дохили ҳукуматҳои маҳал ва атрофи он бонувони кордон зиёданд. Аммо ҷалбу пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда масъалаи дигар аст. Чаро масъулини сатҳи маҳал барои ҳамин ҳам дастури мушаххасро аз боло интизор мешаванд?
Бубинед, дар ҳоле мушкили нахустини вилояти Хатлон истифодаи самараноки замин асту дар ягон навоҳии кишвар раисе барои баровардани соҳа аз мушкилот нақшаи мушаххасе рӯи даст надорад, мо аз ҳисоби бонувоне мисли Мутаҳира Маҷнунова, ки дар бахши истифодаи самараноки замин рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст, олимон дорем. Аммо ҳукумати вилоят чунин кадрҳоро дарёфт ва ба вазифаҳои роҳбарӣ пешбарӣ карда наметавонад. Чаро? Барои мо ҳам норӯшан аст. Бону Мутаҳира бовар дорад, ки агар қоидаҳои агротехникиро дуруст ба роҳ монда, аз замин соле се ҳосил гирем, дар муқоиса ба кишти пахта, аз дигар навъ зироатҳо даромади зиёдтар ба даст оварда метавонем. Ба гуфти ӯ дар кишварҳои пешрафта агар ҳосилнокии замин коҳиш ёфт, ҳукумат заминро аз хоҷагидор бозпас мегирад. Новобаста аз он ки соҳибкор андозҳои ҳатмиро пардохт кардааст. Аммо дар кишвари мо меъёр андозсупорандаи фаъол будан аст, на истифодаи самараноки замин. Ин меъёрҳо носолиманд.
Ҳамсӯҳбати мо бовар дорад, ки нисбат ба мардон бонувони мо дар риштаи андозу молиёт ва иқтисоду бонкдорӣ роҳбарони муваффақтар шуда метавонанд, аммо шароити иҷтимоии бонувон монеъи карерасозии онҳо мешавад. Пас чӣ бояд кард?
Ҷ. Сайфиддинов