01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Рамзҳои сарафрохтаи давлатии мо

Бароямон касе ташреҳ намедод, ки  давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон  таърих ва суннати  қадима дораду  аҷдоди мо ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби дирафши давлатӣ  буд. Бо кӯшиши хоҷагону зери тарбияи системаи шӯравӣ, мо садоқат ба давлате доштем, ки осори миллии моро аз беху бун ба кӯйи фаромӯшӣ афкандаву  фарҳангу маданиятамонро чун як унсури диниву зарарнок дар шуурамон ҷо карда. Инак,  бо гузашти қарнҳо, бо талошҳои Сарвари воқеан милливу ватандорамон  кӯшиши ба асли хеш баргаштан дорему гомҳои ҷасуронае мегузорем дар ин роҳи душвор, вале ояндасоз.
      Рӯзи 30 сентябр чун ба майдони тозабунёде, ки Парчами давлатии  рамз ё гувоҳе  аз 20 соли соҳибистиқлоливу давлатдории тозабунёди мо  он  ҷо баъди чанд лаҳзае бояд ба осмонҳо сар барфрохтан оғоз мекард,  наздик мешудам, даста – даста ашхоси ба таври идона либоспӯшидаеро медидам, ки ба маросими тахрихиву ифтихори давлатдорӣ наздик мешуданд. Оре,  воқеан касро дар ин лаҳазот ифтихори миллӣ фаро мегираду мехоҳад ба наслҳои оянда пайғоме бигузорад: «Дар ин раҳ падарони шумо ҷонфидоиҳо доштанд. Ва танҳо  ба шарофати истиқлолияти давлат
ӣ тоҷикон соҳиби парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони хеш гаштанд.»

Баъдан, садои ифтихорманди Президенти мӯҳтарами Тоҷикистон аз зери ин рамзи давлатдорӣ баланд мегардад: «…Баъди ҳазор соли бедавлатӣ ҳамчун натиҷаи азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи тоҷик ба даст омадани соҳибистиқлолӣ дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр масъулиятнок ва дар айни замон хеле пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқи кишвар ва ба вуҷуд овардани аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт, ки имрӯзҳо ба оғози ин гардиши таърихиву тақдирсоз бист сол пур мешавад. Ба ифтихори баланд афрохтани Парчами миллӣ – рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сӯи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат ҳамаи шаҳрвандони мамлакат ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик менамоям.»

Воқеан   тавре, ки он ҷо зикр гашт, бо гузашти асрҳо танҳо се сол пеш мо тавонистем  ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон ва гиромидошти ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон 24 – уми ноябрро ҳамчун Рӯзи парчам эълон намоем. Акнун бояд ҳар фарди ватандӯст эътироф намояд, ки Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми мо буда, мақсаду мароми  тоҷиконро дар рангҳои худ инъикос мекунад.
            Парчами милл
ӣ  бо тобиши се ранг: сурх – озодиву истиқлол, сафед – сулҳу оромӣ, сабз – ободиву хуррамӣ ва бо  ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостониамон  дар фазои осоиштаи кишвар парафшонӣ хоҳад дошту миллати сарбаланди мо ифтихори_давлатдорӣ.
            Баландии манораи ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии То
ҷикистон 165 метрро ташкил медиҳад, ки мутобиқи маълумоти мутахассисон дар ҷаҳон баландтарин буда, тӯли матои рангинкамони он ба 60 метр ва паҳноиаш ба 30 метр баробар мебошад. Парчами имрӯзҳо парафшони кишвари мо дорои сутуни  165 метра ва паҳноии 30метр  ва дарозии 60 метр ба рекордҳои нави ҷаҳонї шомил гашт .

Намояндаи Китоби рекордҳои Гиннес, парчами миллии Тоҷикистонро ҳамчун баландтарин байрақи дунё,  расман эътироф дошта, сертификат дар бораи баландтарин парчамро ба Президенти  Тоҷикистон тақдим намуд.
            Сипас Президенти Тоҷикитсон эълон намуд, ки аз ҳамин лаҳза ин мавзеи ободу дилкаш Майдони парчами давлат
ӣ номида шавад.
            Бигзор, тавре, ки Сарвари давлатамон иброз доштанд,  Парчами пур
ҷило ва нурафшони истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд.

            Дар арафаи 20 солагии Истиқлоияти давлатӣ тӯли  чанд рӯзи охир ин дуюмин рамзи давлатдории давлати мост, ки дар пойтахти кишвар сар афрохта сари тафохури моро баландтар месозанд.

 

                                                                 Ҳ. Юсуфӣ
:.  Сиёсат 01.09.2011 12:42 3864

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz