01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БА БОНУВОН РОҲ КУШОЕД!

Президенти кишвар дар баробари  таваҷҷӯҳи «мардони ҳузарб»-ро, ки аксаран курсиҳои раисиро ишғол кардаву  ба занон имкони ишғоли  мансабҳои калидиро камтар кардаанд,ба ин масъала ҷалб намудан,  таъкид дошт, ки фурсати он расидааст, ки  ба бонувон  низ роҳ кушоянд.

Ҷаноби Олӣ аз риоя нашудани банди дуюми Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеъа» хоса изҳори назар карда, ба масулин супориш дод, ки ҳарчи зудтар ба ислоҳи он бипардозанд.

Боиси хушнудии бонувон ин нуктаи хоси дастури  Президенти Тоҷикистон шуда метавонад, ки дар баробари изҳори норизоӣ аз  имкони ками дастрасии занон ба мансабҳои давлатӣ , баҳри рафъи он  ба раиси Кумитаи занон супориш дод, ки Барномаи давлатии дарёфти мутахссисони соҳибистеъдоду  кадрҳои сазоворро  аз ҳисоби занон,  омода созад.

Воқеан,  кас  ба толори пур аз мардони ҷаласаҳои ҳукуматӣ нигариста,  ба андешае меояд,  ки модари тоҷик фақат бачаи раис ва духтари хонашин (метавон калимаҳои: хизматгор, камсавод, беҳунар, ақлкутоҳ, беистеъдод ва ғайраҳоро ин ҷо истифода кард ) зоида аст. Кулли омӯзгорон бар он назаранд, ки аълохонҳои мактаб аксаран духтараконанд, мактаби олиро ҳам бештар бо баҳои хубу аъло ва фаъолона духтарон тамом мекунанд, вале кас  ба ишғоли мансабҳо ва ҷойҳои «равғанӣ» ва корҳое, ки ба ҷуз фармонфармоӣ заҳмати ҷисмониро талаб намекунад, ба бачаҳо мерасад. Чаро кам андарками онҳо ба мансабу вазифа мерасанд, ва ё бирасанд ҳам дар ҷойҳои дуюму чандумдараҷа? Ин суолест, ки посух ба онро Президенти кишвар ба масъулини Ҳукумат вогузор кард.

Хонадаи азиз,метавон боз аз он сари тафохур боло кард, ки ҳамин нияти неки Президенти мӯҳтарамамонро нашрияи таъсисдодааш «Бонувони Тоҷикистон» дар мувофиқа бо Ҷаноби олӣ,  аллакай шурӯъ аз моҳи март амалӣ карда истодааст. Озмуни «Чеҳракушоӣ»-и маҷаллаи мо, аллакай чеҳраҳои 10-нафар мутахассисонеро барои ҷомеъа кушодааст, ки метавонанд дар сатҳҳои гуногуни роҳбарӣ фаъолият дошта бошанд. Ин амал идома дорад ва итминони комил дорем, ки саҳми босазое дар иҷрои ин нияти неку сиёсати гендерии Сарвари давлат хоҳад шуд.

:.  Сиёсат 03.05.2011 08:11 2449

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz