01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ИМТИҲОН

Аммо имтиҳонҳои пулакии чанд соли охир маънии ин вожаро аз байн бурдаанд ва дигар касе аз нагузаштан аз «имтиҳон» наметарсад, ба қавле имтиҳон фурӯхта шудааст. Ана ҳамин имтиҳонҳои дурӯғин зиндагии моро пур аз дурӯғ кардаанд. Хонандаи бесаводу донишҷӯи коҳил ва олими бемағзу унвондор, ки бояд дар акси ҳол асоси ҷомеаи моро ташкил бидиҳанд,фаъолиятро аз дурӯғу риё ва қаллобиву фиреб оғоз мекунанд, мефурӯшанду фурӯхта мешаванд.

Имсол имтиҳони имондорӣ­–моҳи шарифи Рамазон ба давраи имтиҳоноти дохилшавии донишҷӯёни макотиби олӣ рост омад. Шояд омӯзгорони имтиҳонгир ба хотири моҳи шарифи Рамазон онҳоеро ба донишҷӯйӣ мепазиранд, ки воқеан дониш меҷӯянд? Охир нафси инсон беохир аст, вале ба давлат хиёнат кардан барои садсолаҳо ҳам бояд ҷавобгарие дошта бошад.

Гармои тобистон ва рӯзҳои дароз кам касонро саб­ру таҳаммул медиҳад, ки талаботи ин моҳи муборак­ро риоя созанд. Ба хусус онҳое, ки мехоҳанд натанҳо рӯзаи хӯрдан бигиранд, балки рӯзаи қалб, чашм, андеша ва забон ҳам дошта бошанд. Вале ҳамоно бозоре, ки имрӯз ҳама чиро вай «дикта» месозад, имтиҳони рамазонро ҳам бо меъёри пулу нарх чен мекунад. Ва ба тарғиботу таъкидҳои ҳукуматдорону рӯҳониён нигоҳ накарда, нафси бади савдогарон имтиҳони имондориро низ «пулакӣ» кардааст.

Боз савдогари «рӯзадор»-и гурусна, дурӯғ мегӯяду рамазонакии бо ҳавас ба маводи ғизоӣ чашмдӯхтаро гӯл мезанад. Барои ӯ имтиҳони соле як бор собит кардани мусулмонии комил, ҳам бо имонфурӯшиву риё мегузарад.

Агар мо соле як бор, як моҳ садоқату имондориамонро бе олудагӣ ба дурӯғу фиреб, пушти сар карда наметавонем, пас чӣ зарурати гуруснагии намоишкоронаамон? Суоле матраҳ аст, ки чаро аз охират наметарсем?Шояд бархе мӯътақиданд, ки имтиҳони охиратро низ «пулакӣ» кардаанд? Чаро бозорсӯзиҳоро мо ҳушдоре аз охиратсӯзӣ намешуморем?

:.  Сиёсат 01.09.2011 13:53 2870

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz