Чанде қабл ҷиҳати иштирок дар як семинар оид ба нақши Қазоқистон ва САҲА, ки тавассути донишгоҳи ба номи Уезови шаҳри Чимкенти Қазоқистон ташкил шуда буд, ба он диёр сафар намудам. Масъули истиқболу пешвози меҳмонони хориҷӣ хонуми қазоқе бо номи Сандугаш Бекбосынова, устоди сиёсатшиносии донишгоҳи мазкур буд. Бонуи ҷавону муваффақ бо симои зебо, илму дониш ва фарҳанги баланди таомул. Ҳангоми муаррифӣ худро «янгаи меҳмонони тоҷикистонӣ» гуфт ва мо пай бурдем, ки шавҳраш ҳамватани мост. Бо истифода аз фурсат ва дар фарҷоми семинари мазкур бо ин бонуи сиёсатшинос сӯҳбате оростем, ки фишурдаи онро ба хонандагони «БТ» пешкаш мекунем.
- Сандугашхонум, шумо феълан 29 сол дореду ҳамзамон дастовардҳои фаровон: номзади илм, вазифаи баланд дар донишгоҳ ва аз ҳама муҳим, оиладору модари ду фарзанд. Чӣ гуна дар ин синну соли ҷавонӣ ба ин қадар дастовардҳо ноил шудед?
- Ташаккур, лутф мекунед. Шояд ин ҷо омилҳои равонӣ вуҷуд дошта бошанд. Пеш аз ҳама ман падару модари хуб дорам, алалхусус модарам, ки ҳам аз лиҳози молиявӣ ва ҳам равонӣ доим бароям кӯмак мекард. Илова бар ин, хоҳарони меҳрубоне дорам, ки онҳо низ маро дастгирӣ намуда, барои сохтани ояндаи ҷиддӣ кӯмакам мекунанд. Яъне ҳамеша дар иҳотаи одамоне будам, ки муваффақ ҳастанду бояд ба онҳо худро мерасондам. Дар як фурсати муайяни ҳаёт эҳсос намудам, ки бояд талоши бештар намуда, корҳои ҷиддитаре анҷом диҳам. Ҳоло низ гумон намекунам коре кардааму дастоварде дорам.
- Шумо хоксорӣ мекунед…
- Намедонам. Фикр мекунам вақте одам эҳсос намояд, ки ӯ ба чизе ноил шудааст, аз ҳаракат боз мемонад.
- Чаро барои таҳсилу ояндаи худ сиёсатро баргузидед?
- Омили асосӣ ин аст, ки ман дар оилаи сиёсатмадор ба дунё омадам. Падари ман чеҳраи сиёсӣ буд. Мехоҳам номи ӯ доимо зинда бошад. 17 сол аз марги ӯ мегузарад. Бовар кунед, то ҳол шахсеро надидаам, ки ӯро бо бадӣ ёд кунад. Ҳамаи онҳое, ки маро мешиносанду дастгирӣ мекунанд, ба он маъност, ки қиблагоҳи ман ба онҳо некӣ кардааст.
- Яъне маънои гапатон ин аст, ки сиёсат интихоби Шумо нест, балки ин роҳро барои падаратон интихоб кардаед?
- Дар кӯдакӣ орзуи моделер шуданро бар сар доштам. Бо мурури замон, вақте дидам, ки мардум бо ин касб чӣ гуна муносибат мекунанд, тасмим гирифтам роҳамро дигар кунам. Мумкин аз ҳамин хотир тасмим гирифтам, ки сиёсат ва асоси муносибати байналмилалиро аз худ намоям. Дигар чизе, ки шавқи маро бедор намуд, ин буд, ки тавассути сиёсат имконияти тағйир додан вуҷуд дорад. Шояд имконе надошта бошам, ки тағйироти калон анҷом диҳам, аммо дигаргунии ҷузъӣ имкон дорад. Мегӯянд «сиёсат кори ифлос аст», вале дар сиёсат худро мусбат намо кардан имконпазир мебошад. Ба фикри ман «сиёсати пок» низ вуҷуд дорад ва мешавад бо садоқату ростӣ сиёсатро пеш бурд. Илова бар ин, ба андешаи инҷониб садоқату ростӣ дар сиёсат аҳамияти бештар аз бозиҳои ифлосро дорад. Мӯътақидам, ки чизеро дар ҳаёт тағйир додан, аз дасти ҳар кадоми мо меояд.
- Қавлест машҳур аз як чеҳраи сиёсии рус, ки «Одами хуб сиёсатмадори бад аст ва одами бад сиёсатмадори хуб». Ба ин андеша чӣ назар доред.
- Ман бо ин гуфта мувофиқ нестам.
- Чаро?
- Инсони хуб сиёсатмадори хуб ҳам буда метавонад, зеро одами хубро мардум дастгирӣ хоҳанд кард. Дар ҳар ҷое, ки дастгирии мардум вуҷуд дошту дорад, он ҷо сиёсат низ вуҷуд дорад. Агар касе барои пулу дороӣ вориди сиёсат мешавад, инро сахт маҳкум мекунам. Зеро дар сиёсат бояд ҳамеша аз нуқтаназари манфиати мардум ворид шуд ва онро ҳимоят намуд. Шахсе, ки аҳамияти ин нуктаро дарк мекунад, ки пушти сари ӯ мардум мераванду ӯ сиёсатмадори бад буда наметавонад.
- Мехостам баҳогузории таваҷҷӯҳ ва иштироки духтарони ҷавони қазоқро дар таҳсили сиёсат ва иштирок дар фаъолияти сиёсӣ аз Шумо бишунавам. Оё дар кишвари Шумо духтарони ҷавоне, ки ба сиёсат таваҷҷӯҳ доранд, бисёранд?
- Шумораи ин гуна занон кам нест. Маълум аст, ки ҳар зан модар аст ва барои ояндаи фарзандони худ нигарон. Мехоҳад фарзандонаш ояндаи хубе дошта бошанд. Ҷамиъияте, ки занро дар сиёсат роҳ намедиҳад, хеле чизҳоро аз даст медиҳад. Аз ҷумла гуманизмро. Дар ин росто масъулиятҳои муайян аз даст мераванд. Дар таносуби мардон занҳо табиатан адолатхоҳтаранд. Модарон аз роҳи сиёсат талош мекунанд ояндаи инсонитаре барои фарзандонашон таъмин намоянд. Ин дар сиёсат хеле муҳим аст.
- Оё аз сатҳи озодиҳое, ки дар кишваратон доред, розиед? Барои мисол аз озодии баёне, ки дар кишвари шумо мавҷуд аст…
- Бале. Шояд баъзе аҳзоби оппозитсионӣ бигӯянд, ки масалан озодии сухан вуҷуд надорад. Ман чунин намеҳисобам. Фикр мекунам ин мушкил дар дарки онҳост, ки бенизомӣ, анархияро онҳо демократия мефаҳманд. Дар фаҳмиши ман демократия ин ҷамъияте ҳаст, ки ба сӯи такомул саъй мекунад. Ҷамъияте, ки нигоҳи интиқодӣ ба худаш дорад. Усулан барои бунёди чунин ҷомеа дар кишвари мо шароит фароҳам аст.
- Шумо узви ягон ҳизб ҳастед?
- Бале, узви ҳизби «Нуротан», яъне узви ҳизби ҳоким.
- Ояндаи ин ҳизбро дар майдони сиёсии Қазоқиқистон чӣ гуна мебинед?
- Ин хеле ҳизби пурқуввате ҳаст. Бахусус он ки ин ҳизб ҷиноҳи ҷавонон дорад, барои ман бештар писанд меояд. Ягона камбудии ин ҳизб аст, ки дар он то ҳанӯз бархе аз унсурҳои бюрократиро мебинем. Фикр дорам, ин ба традитсионализми мо рабт дорад. Вале, дар умум, фикр мекунам ин ҳизб ояндаи сиёсии ҷиддие дорад. Дар ҳоли ҳозир ин ҳизб хеле муборизаи қавие бо фасод (коррупсия) мебарад. Мубориза ба ин маъно нест, ки як - ду нафарро барои чанд доллар дастгиру боздошт намоянд, балки дар шакли омӯзишӣ ва пешниҳодҳои ҷиддӣ барои тағйири вазъият. Чунки қонунгузории мо мисли қонунҳои дигар кишварҳои ҷаҳон нокомиланд ва эҳтиёҷ ба такомул доранд. Мо камбудиҳои худро дорем ва инро эътироф ҳам мекунем.
- Ҳадафҳои ояндаи шумо кадомҳоянд?
- Аввалан, мехоҳам хонаи шахсии худро дошта бошам. Хонаи калон. Дигар, баъзе чизҳое дар зеҳн дорам, мехоҳам ба мардуми худ бирасонам. Мехоҳам одаме шавам, ки ӯро гӯш мекунанд. Рисолаи доктории худро тамом намоям. Бо навиштани рисолаи докторӣ мехоҳам исбот намоям, ки хатароти муайяне аз фирқаҳои деструктивӣ вуҷуд дорад. Ва ин хатар бамаротиб калонтар аз хатароти динӣ - экстремистӣ ҳаст. Чун хатари пинҳон ҳамеша шадидтар аз хатароти ошкоро мебошад. Маълум аст, ки одам ба хатари пинҳон аҳамият намедиҳад. Алайҳи хатари ошкор бошад мубориза мекунад. Аммо таъсири хатари пинҳон ҳоло дар ҷавонон қавитар аст. Хатари ошкор мисли масалан «Ҳизбуттаҳрир» маълум аст ва алайҳи он чораҳое андешида мешавад, бар зиддаш мубориза мебаранд. «Ҷамоати таблиғ» ё «Бародарони мусулмон» ё намедонам гурӯҳҳои дигар. Дар умум муассисаҳои диние, ки метавонанд фаъолияти экстремистӣ дошта бошанд, хеле зиёданд. Алайҳи онҳо хадамоти махсус мубориза мебаранд. Ҳастанд гурӯҳҳои хурде шояд ҳам чандон хурд набошанд, мисли «Шоҳидони Яҳуво» ташкилоти «….Кришно» ин ташкилот тахрибкорона фаъолият менамоянд. Инҳо тахрибкоронатар аз он ташкилоте амал мекунанд, ки дар оғоз зикр намудем. Онҳо ба суроғи одам вақте мераванд, ки дар вазъияти равонии ногувор қарор дорад. Бо истифода аз чунин ҳолатҳо бар мардум таъсир мегузоранд. Дар ҳолатҳои равонии муайян одам корашро аз даст медиҳад ва дороияшро мефурӯшад. Мардум барои мисол, вақте узви масалан гурӯҳи Яҳуво мешаванд, аз хидмати аскарӣ даст мекашанд, ки ин бо қонунҳои амалкунандаи кишвари мо созгор нест. Ман фикр мекунам, ки ин намуд ташкилот хеле хатарноктар аз дигар ташкилоте ҳаст, ки зикрашон рафт. Дар дини Ислом мафҳуме чун «ҷиҳод» вуҷуд дорад. Ба назари ман ҳар инсон барои чизе ҷиҳод мекунад. Инсон вақте ба ин ҷаҳон меояд талош мекунад чизеро ба даст биёрад ва дар роҳи худ бо чолишҳое рӯ ба рӯ мешавад. Худованд тақдирсози ҳар инсон аст ва ба одамон ҳам тақдир додаасту ҳам озодии интихоб. Шояд ман баъзе аз таълимоти диниямро ба ҷой наорам, мисли пурра пӯшидани ҳиҷоб ва дар хона нишастану намоз хондан ва ё шояд ҳам чизҳои дигаре, вале ман дар зиндагиям интихоб намудам, ки коре барои ҷомеа ва кишварам анҷом диҳам. Ин аст интихоби ман.
Cаъдӣ Юсуфӣ