01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

САРОҒОЗИ ОҒОЗҲО

Бонуи мӯҳтарам, хонандаи азиз, инак боз ба баҳори нав расидем ва дар омад-омади фасли зебои баҳор таҷлил гардидани Рӯзи бузургдошти Модар - ин ҳастии муқаддас, басо рамзист. Зеро баҳор зояндаи ҳамаи зебоиҳои табиат, сароғози сабзию хуррамӣ, покию нафосат шабеҳи ҳамидагиҳои модарон мебошад. Модарони арҷмандамон, чун муаллимони рӯзгордориву зиндагиомӯзи беминнат, дар таълиму тарбия муқаддаму муҳим ҳисобидани нақши зан-модарро борҳо собит кардаанд. Дар сароғози фаслҳо ҷашни эътиқоду эътирофи модар, эҳтирому гиромидошти эшон, яъне шумо бонувони азиз, мову шуморо аз пештара дида бештар муваззаф барои иҷрои рисолати азалии модариамон мекунад.

Фасли гулпӯшу иди гулрези имсолаи Наврӯзро бо ҳам дар замоне истиқбол дорем, ки ба ҷашни бузурги сиёсии кишварамон 20-сол пур мешавад ва мо он насле ҳастем, ки рисолати сохтани як зиндагии озоду демократӣ, як ҷомеъаи ҳуқуқбунёдро бар душ дорем. Агар мо дар ниҳоди хештан озоду озодандеш набошем ва бо шири ҷонпавар ва хуни озодихоҳи хеш дар шарёни фарзандон ин ҳамаро ҷо накунем, ба аҳдофи бузурги давлату миллат нахоҳем расид. Ин аст, ки ҳар кадоме аз мо хештанро ба ҳайси соҳибватану созандаи сарзамин худ масъул эҳсос бисозему соҳибмулк бояд бишмарем ва барои насли оянда рӯзгори сазоворе поягузорӣ намоем.

Хонандаи арҷманд, тавре дар шумораҳои қаблӣ гуфта будем, имсол парда аз кору рӯзгори бонувони зиёди сазовори тоҷик хоҳем бардошт, ки метавонанд саҳми бештаре аз пештара, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар дошта бошанд, нақши сазоворе дар рӯзгори мо барҷо монанд, масъулияте бар дӯш бигиранд ва бо кору пайкори хеш собит бисозанд, ки ҷинси зан на танҳо латиф асту модар, балки дар ҳам ҷодаву кирдор дар баробари созандагони зиндагии сазовор аз ӯҳдаи ҳар масъулияте мебарояд, агар бовараш созанд. Агар мардони соҳибқалами тоҷик аз ӯҳдаи кашшофии ҷеҳраҳои воқеӣ бароянд, бонувони сазоворе ба майдони сиёсату иҷтимоъ хоҳанд рӯ намуд. Дар ин шумора озмуни «Чеҳракушоӣ»-и мардона оғоз меёбад ва ба ҳамаи онҳое, ки ҳам чеҳранамоӣ мекунанду ҳам чеҳракушоӣ, муваффақият хоҳонем.

:.  Сиёсат 06.04.2011 04:21 2467

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz