Давлати қаблии мо, ки нахуст соли 1924 ба сифати ҷумҳурии мухтор ва сипас соли 1929 ба сурати ҷумҳурии мустақил таъсис ёфт ва то соли 1991 дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ арзи вуҷуд дошт, миллӣ набуд. Чаро? Идеологияи коммунистӣ бар ин пиндор буд, ки бар мабнои тамоми халқҳои бошандаи маҳдудаи ҷуғрофиёии шӯравӣ халқи советии ягонаву якпорчаро ба вуҷуд оваранд, ки ба забони русӣ такаллум кунад ва мутобиқи арзишҳои коммунистӣ зиндагиву фаъолият намояд. Дар ин низоми сиёсӣ андешаи миллӣ ҳам худнамоӣ мекард, вале дар мухолифати фарҳангӣ бо андешаи коммунистӣ қарор дошт ва аз худвижагию нотакрории таърихии миллати тоҷик пуштбонӣ мекард. Андешаи коммунистӣ забони тоҷикиро аз тахти каёнӣ, ки бар он ҳудудан ду ҳазор сол такя зада буд, вожгун сохт ва забони русиро бар ҷойи он нишонда буд, аммо дили андешаи миллӣ барои он метапид, ки забони тоҷикиро аз нав бар аврангу авранди шоҳӣ барнишонад.
Як иллати калидии фурӯрезии импиротурии коммунистӣ ин гашт, ки андешаи миллӣ дар тамоми ҷумҳуриҳо бар андешаи коммунистӣ фоиқ омад ва ҳар ҷумҳурӣ истиқлоли сиёсии худро эълом намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 парчами озодию истиқлоли хешро барафрошт, зодаи андешаи миллӣ ва ҷунбиши миллии тоҷикон дар саропои асри бистум аст. Агар ин ҷунбиши худҷӯш набуд ва давлати бо номи Тоҷикистон созмон намеёфт, миллати тоҷик дар густураи ҷуғрофиёии Осиёи Марказӣ маҳкум ба нобудии тадриҷӣ мегашт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 20-умин солрӯзи таъсиси хеш таҷлил мекунад, бар идеологияи миллӣ асос ёфта, ҳадафаш дифоъ аз ҳастии таърихии миллати тоҷик аст, ки беш аз 80 дарсади ҷамъияти онро ташкил медиҳад, дар ин маҳдудаи ҷуғрофиёӣ ва сиёсист ва бо ҳамин ормон арзи ҳастӣ дорад. Забони тоҷикӣ забони расмии ин давлат аст ва кӯшиш ба харҷ меравад, ки ин забон рушду такомул ёбад, дар ҳамаи манотиқи кишвар ҳамчун забони давлатӣ садо диҳад ва ҳамагон онро фаро бигиранд. Ин давлат пушту паноҳи фарҳанги миллист ва барои равнақи ҳамаҷонибаи он тамоми имконотеро, ки дар ихтиёр дорад, дар хидмати он мегузорад ва ҷиҳати муаррифии он ба оламиён низ кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ин давлат таърихи миллии ҳафтҳазорсоларо як мактаби худогоҳиву бедории миллӣ медонад ва ба ҳамин манзур садҳо асари илмию ҳунарӣ роҷеи таърихи наву куҳан ба нашр расид, аз тамаддуни ориёӣ ва ҳазораи давлати Сомониён тақдиру тамҷид ба амал омад ва пайкараи мӯҳташами Амир Исмоили Сомонӣ ба манзалаи падари сиёсии тоҷикон дар пойтахт ва марокизи вилоятҳо қомат афрохт. Ин давлат, агарчи динро ҷудо аз сиёсат мешуморад, аммо ба рушди ислом ба ҳайси дини миллӣ мусоидат мекунад ва огоҳ аст, ки арзишҳои миллӣ ҳамон арзишҳои исломианд. Дар солҳои истиқлол ҳазорҳо масҷид бунёд шуд ва даҳҳо ҳазор нафар ба зиёрати хонаи Худо шарафёб гаштанд. Аммо давлати миллӣ, азбаски аслҳои демократиро ҳам арҷ мениҳад, ба ҳуқуқу озодиҳои фарҳангии ақаллиятҳои миллӣ, динӣ ва мазҳабӣ ҳам эҳтиром қоил буда, барои фаъолияти озоди онҳо шароити кофӣ муҳайё сохтааст.
Акнун суоли матраҳ ин аст, ки оё давлати миллии мо дар таърихи ҳафтҳазорсолаамон шабеҳу ҳамтое дорад, ки аз он намунабардорӣ карда бошад? Бояд тазаккур дод, ки тамоми давлатҳои мо –аз Пешдодиён то Манғитиён динӣ буданд, ҳарчанд дин (мазҳаб) дар бархе аз онҳо нақше пурранг ва дар баъзеи дигар нақше камранг дошт. Давлати Сомониён, бо он ки забони форсиро бар маснади шаҳрёрӣ нишонду аз фарҳанги эронии исломӣ ҳимоят мекард ва ҷашнҳои миллии Наврӯзу Меҳргону Садаро эҳё сохт, давлати динист, зеро бо идеологияи динӣ пойбарҷо буд. Амир Исмоили Сомонӣ роҳбари ҳам сиёсӣ (дунявӣ) ва ҳам динии мардум шумориш мегашт.
Дар давлати кунунии мо андешаи миллатмеҳварию ватанмадорӣ андешаи марказӣ мебошад.
Бо ин ҳама давлати ҷадиди тоҷикон модели ғарбиро ба сифати осм (намуна, улгу) интихоб кард. Дар асрҳои 14-15 дар Аврупои Ғарбӣ бо зуҳури падидаи иҷтимоиву фарҳангии Растохез (Реннесонс) нахустин бор дар таърих давлатҳои миллӣ арзи ҳастӣ карданд. Ба сухани дигар модели «давлат- дин» аз миён рафт, модели «давлат-миллат» ҷойгузини он гашт ва нахустин нишонаи ин давлатҳо дур сохтани дин аз дахолат дар умури сиёсӣ буд. Давлати навзуҳури тоҷикон чун тамоми давлатҳои пасошӯравӣ ин модели Ғарбро баргузид, то мавриди бовару эътимоди сойири мамлакатҳову миллатҳо қарор гирад, бо онҳо ҳамгароӣ, ҳамкорӣ ва ҳамёрии бештар дошта бошад, аз пуштибонии байналмилалӣ баҳра бардорад, гом дар масири мардумсолорӣ гузорад ва ҳуқуқу озодиҳои сиёсию фарҳангии ҳар шаҳрванди хешро тазмин намояд.
Фотеҳ Абдулло