Оё дар номуваффақ будани он мардон «саҳмгузор» нестанд?
Аз хотир набаровардаем, ки чанд сол қабл дар маҳфилҳои гуногун ва матбуоти даврӣ журналистон ва баъзе аз шахсиятҳои сатҳи мухталиф дар бораи чиро ба сифати идеологияи миллӣ пазируфтани Тоҷикистон баҳсҳо оғоз намуданд. Дар ин миён чизҳои ҷиддие низ пешниҳод гардиданду баъзеҳо онро то ҳадди ифроту хандахариш ҳам расониданд. Аз ҷумла, вақте дастаи мунтахаби наврасони футболи тоҷик ба Бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирифт, пешниҳоде пайдо шуд, ки бояд футболро ба ҳайси идеологияи миллӣ бипазирем. Гумон мекунам, чунин бархӯрд ба масъалаи ҷиддие чун идеологияи миллӣ бозгӯкунандаи он аст, ки дар ҷомеаи мо фаҳмиши амиқу дуруст дар ин масъала на ҳамеша ҷо дорад.
Ҳоло ҳам дар бархе аз нашрияҳои даврӣ мавзӯи мазкур дар шакли дурусту нодуруст баррасӣ мегардад. Хоса, дар назардошт бо ин ки бахши идеологии Ҳукумати Тоҷикистонро асосан бонувон роҳбарӣ мекунанд, дар матбуот навиштаҳое пайдо мешаванд, ки гӯё бо ҳамин сабаб «идеологияи занона» заифу ноком ба назар мерасад. Ин гуна масъалагузорӣ то куҷо дуруст ва мантиқист? Оё гуфтан мумкин бошад, ки «идеологияи занона» ҳамешаи маънои заъфу тарсӯйиро дорад?
Барои дарёфти посух ба ин ва суолҳои дигар моро зарур аст, ки ба меъёрҳои аслии муайянкунандаи идеологияи милливу давлатӣ рӯ биёрем.
Бояд гуфт, мувофиқи меъёрҳои қабулгардидаи ҷаҳонӣ идеологияи давлатӣ, пеш аз ҳама, ба таъмини субот, шакл додани мавқеи қаноатмандии шаҳрвандон, эътимод бахшидани ҷомеа ба афзалиятҳои шакли раҳбарии мавҷуда равона гардидааст. Яъне, идеология ватандӯстии мардумро тақвият бахшида, ҳатто онҳоро чуноне тарбият менамояд, ки эҳтимоли дар ин роҳ қурбон шуданашон истисно нест. Аммо ба назар гирифтан зарур аст, ки ҳар як иделогия бояд ба унсурҳои миллии кишварҳо ва ҷомеаҳо созгор бошад. Аз ин нуқтаи назар, на ҳар идея метавонад ба сифати идеологияи давлатӣ пазируфта шавад ё дар замони муайян қабул гардад.
Ҳар гуна кӯшиши сарфи назар намудани ин меъёрҳо боиси пайдоиши бӯҳронҳо мегардад. Таърих дар ёд дорад, ки дар замони худ барои Ленин зарур омад, ки аз баҳри идеяи «коммунизми ҳарбӣ» бигзараду ба ҷои он сиёсати нави иқтисодӣ (НЭП)-ро роҳандозӣ намояд. Баъди як соли «терапияи шокӣ» Елтсин низ Гайдарро ба истеъфо фиристоду ислоҳоти кишварашро мавқуф гузошт. Ин мисолҳо бори дигар далолат ба он мекунанд, ки ҳеҷ гуна идеология бидуни ба назар гирифтани махсусиятҳои миллӣ ва фурсати муносиб барои амалӣ намудани онҳо ба муваффақият намерасад. Дар ин маврид гунаҳкор намудани омилҳои хориҷӣ (дар мисоли Ленин – ҷанг, тиллои олмонӣ, дар таҷрибаи Елсин – ташвиқоти ғарбӣ) ҳанӯз гуфтани асли масъала нест. Масъалаи асосӣ, тавре ишора кардем, ба сарфи назар кардани махсусиятҳои миллӣ робита дорад.
Ахиран масъулини Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷавоб ба мунаққидони худ дар ин росто гуфтанд, ки феълан мамлакати мо се масъаларо ба сифати идеологияи давлатӣ қабул кардаву барои ҳалли онҳо талош меварзад. Ин се масъала дар доираи ҳадафҳои стратегии ҳукумат қарор дошта, аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар, ҳифзи амнияти озуқаворӣ иборатанд ва тадриҷан амалӣ карда мешаванд.
Ҷои зикр аст, ки дар тамоми ҷаҳон амалӣ намудани бахши идеологӣ бидуни иқтисодиёти қавӣ ва молияи кофӣ имконнопазир дониста мешавад. Ҳукуматҳо миллионҳо долларро барои ин бахш ихтисос додаву масраф мекунанд. Бо сабабҳои маълум, айни замон бахши зиёди корхонаҳои Тоҷикистон дар шакли комил фаъолият надоранд. Ҳамчунин, бар асари мушкилоти бавуҷудовардаи бархе аз кишварҳои дуру наздик иқтисодиёти мамлакати мо бо душвориҳо рӯ ба рӯ гардид. Мардум ин ҳама, бахусус иқдоми Ҳукуматро барои сохтмон ва ба истифода додани нерӯгоҳҳо дуруст дарк кард ва аз он пуштибонии амиқ низ намуд. Аз ин нуқтаи назар, хулоса кардан душвор нест, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумат барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ то куҷо дурусту саривақтӣ ва барои шароити феълӣ созгор интихоб шудаанд.
Фаромӯш набояд кард, ки сарварии блоки иқтисодии ҳукуматро маҳз мардон ба ӯҳда доранд. Яъне, дар чунин шароити ҳам барои мансабдорон ва ҳам мардуми оддӣ то андозае душвор аз бахши идеологӣ, ки раҳбарии онро аз Ҳукумати марказӣ сар карда, то ҳукуматҳои маҳаллӣ бештар бонувон бар дӯш доранд, интиқод намудан чандон мантиқӣ нест ва ба воқеият наздикӣ надорад. Аз ин рӯ, пешниҳод менамоям, ки ба ҷои ба вуҷуд овардани баҳсҳои нозарури «идеологияи занона ё мардона» баҳри ҳарчӣ зудтар расидан ба ҳадафҳои стратегии ҳукумат, ки дар се бахши ишоракардаамон тамаркуз намудаанд, саҳмгузор бошем.
Алии Амин,
коршиноси масоили сиёсӣ