01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

СУХАНИ САРМУҲАРРИР

Хонандаи арҷманд, инак, мо ба даҳаи дуввуми асри 21 қадам ниҳодем. Шумораи аввали маҷаллаи имсоларо ба даст мегириву тамоси мо барои як давраи дигар оғоз мегардад.

     Ёд  дорӣ, борҳо перомуни зарурати гирифтани иттилоъ, сарватмандии инсонҳои огаҳу донишманди ҷомеъа, бартарияти маърифатнокии модарон, муҳимияти тарбияи насли созанда ва зарурати саҳмгирии муассири занон дар рушди ҷомеъа боҳам гуфтаниҳое доштем. Тӯли солиёни гузашта аз бурду бохт ва дастоварду камбудиҳои ҷомеъа масъалагузориҳо намудем.

     Имсол, ки барои Тоҷикистони азиз соли ҷашнҳои хосаи сиёсист, бо истифода аз ин минбари таъсисдодаи Президенти Тоҷикистон бояд ҳарфҳои созандатару ҳадафҳои нишонрастари занон боз ҳам рушантар инъикос ёбанд.

     Ба заковату омӯзгории зан-модар такя кардану додани инони тарбияи фарзанд ба дасташ, такя кардан ба нерӯи бузурги эшон ва дар таълиму тарбия муқаддаму муҳим ҳисобидани мавқеи зан-модар нишонаи эҳтироми ҷомеа ба вай мебошад. Имрӯз модари тоҷик дар эҷоди қонун низ саҳм мегирад, то фардо насли ояндасозе бипарварад.

     Омӯзиши зиндагии пур аз сангиниҳои занон, вале дар баробари ин матонату қавииродагии эшон, собитгари он аст, ки номуси ватандорӣ, эҳсоси бузурги модарӣ, қарзи ҳамсарӣ ва рисолати шаҳрвандии онҳо, ки чеҳраи аслии бонуи тоҷикро мекушояд, собитгар аст, ки инсон барои пешбурди ин хоку ин сарзамин аз зумраизахираҳои нодир аст.

     Тавре ки аз навигариҳо дар ороишу пешниҳоди матолиби маҷалла пай бурдед, имсол, хонандаи азиз, бо пешниҳоди навгониҳои эҷодии аҳли қалами мо ва ширкати фаъолонаи ҳар хонандаи нашрия, барои тавсеъаи матолиби он ва рангорангиву фарогирии рӯзгори бонувони сазовори кишвар, талоши хосае хоҳем кард.

     Дар ҳамдастӣ ба шумо 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5-солагии нашрияи «Бонувони Тоҷикистон»-ро сазовор истиқбол хоҳем гирфт.

:.  Сиёсат 02.03.2011 08:21 2431

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz