Зан ва мард ба унвони ду ҷинс дорои масоил ва рӯҳиёту эҳсосоти хоси худ мебошанд, ки шинохти он бавижа аз назари таълиму тарбияти инсонӣ дар пайрезии заминаҳои тафоҳум ва созгорӣ, ташреҳи мусовии он ду ва таҳқиқи равобити солими хонаводагию иҷтимоӣ, нақши бисёр муҳим ва асосӣ хоҳад дошт.
Ҳарчанд зан ва мард мавҷуде яксон ва ду инсон ҳастанд, вуҷуди авотиф ва эҳсосоти саршор дар занон, ин эҳсосотро комилан нашинохтани мардон ва адами ҷиҳатдиҳии ин авотиф тавассути худи занон боиси сӯйитаъбиру бардоштҳои ғалат аз воқеиёти вуҷуди занон ва тавоноиҳои онон шудааст. Бештари мардон ба ғалат тасаввур мекунанд чун занон саршор аз эҳсосотанд, пас заиф ҳастанд. Аммо ин як иштибоҳ аз ҷониби одам ва ойини гузаштагон аст, ки доиман ба мо тазаккур медоданд: барои он ки худро қавӣ нишон диҳӣ, эҳсосоти худро пинҳон кун, дар ҳоле ки илми равоншиносӣ ёд медиҳад, ки барои равони солим доштан бояд қудрати баёни эҳсосот дошта бошӣ.
Занон се ниёзи асосӣ аз мардон доранд: аввалин ниёз эҳсоси амният аст. Эҳсоси осудагӣ аз ин, ки бидонанд ишқи мардон нисбат ба онон босубот асту дар ҳар шароите ӯро дӯст доранду эҳсоси амният аз ин ки мутмаин бошанд мардон ба ишқи худ пойбанд ҳастанд.
Дувум эҳсоси пайванд ва иртибот - мардон дар робитаи худ хостори ишқи пайванде ҳастанд, ки ин ишқ дар замони бархурди физикӣ намуд мекунад ва ба шакли қатъшаванда аст. Аммо занон дар робитаи худ зимни вуҷуди ишқи пайвандӣ хостори ишқи робитаӣ низ ҳастанд. То ишқ дар робитаи онон ба шакли давомдор бошад. Пас барои зан лозим аст, ки вуҷуд ва тавъам будани ишқро аз марди муқобили худ дарёфт кунад. Ишқ ва эҳсосот дар зан ҷузъи аслии зиндагиаш аст, дар ҳоле ки дар мардон ишқ варзидан бояд барномарезӣ шавад. Занон ба таври пайваста ниёз доранд, то мардон ишқро дар вуҷуди худ барномарезӣ кунанд ва ба зан мавриди алоқаи худ эълом кунанд.
Савум ниёз ба эҳтиром аст, барои ин ки ба як зан исбот шавад, ки мард барои ӯ эҳтиром қоил аст, лозим аст ба ӯ бифаҳмонад, ки хушҳолии зан дар авлавияти ҳама барномаҳо барояш аст, барои зиндагӣ кардан бо ӯ арзиш қоил аст, ба ӯ ниёз дорад ва ҳаргиз ба ӯ бетаваҷҷӯҳ намешавад.
Баъзе иштибоҳоти мардон барои занон ғайри қобили қабул аст, аз ҷумла, ин ки бо ӯ ҳарф назанад, сӯҳбатҳои дупаҳлӯ ва бокиноя бизанад, бо дигарон гарм бигирад ва аз ӯ фосила бигирад, ниёзҳояшро надида бигирад, доим аз ӯ интиқод намояд, бо ӯ бетаваҷҷӯҳ бошад ва аз эҳсосоти дарунии худ чизе нагӯяд. Ҳатто занони қавӣ ва тавоно ҳам ниёз ба пайванди отифӣ доранд, чаро ки тавоноӣ наметавонад ҷойи эҳсоси занонаро бигирад. Занон дӯст доранд сӯҳбат кунанд, то аз ин роҳ ҳам эҳсосоти худро нишон диҳанд ва ҳам тапишҳои дарунии худро маълум намоянд. Дӯст доранд ҷузъиёти масоилро баён кунанд, бо садои баланд фикр кунанд, бо садои баланд эҳсос кунанд, аммо нигаронӣ ва нороҳатии худро камтар, аз он чӣ ки ҳаст, нишон диҳанд.
Профессор Рек - равоншиноси машҳури амрикоӣ мегӯяд: дунёи мард бо дунёи зан ба куллӣ фарқ мекунад, агар зан наметавонад монанди мард фикр кунад ё амал кунад, аз ин рӯст, ки дунёи онҳо бо ҳам фарқ мекунад.
Вил Дуронт дар китоби «Лаззати фалсафа» дар фасле таҳти унвони «Мардон ва занон» чунин мегӯяд: «Кори хоси зан хидмат ба бақои насл аст ва кори хоси мард хидмат ба зан ва кӯдак, мумкин аст корҳои дигаре ҳам дошта бошанд, вале ҳама аз рӯйи ҳикмат ва тадбир бунёди ин ду кори асосӣ мебошад.»
Маҳатма Гандӣ - раҳбари истиқлоли Ҳиндустон мегӯяд: «Агар мехоҳед ба неъмат, истиқлол ва озодии комил бирасед, муқаддам бар ҳама чиз занҳоро таълим ва тарбият бидиҳед».
Бад-ин сурат зан сарчашмаи ҷӯшони меҳру муҳаббат ва сулҳу сафо ва ишқу вафо дар зиндагии инсон аст ва то вақте ки муҳити зиндагии хонаводагӣ ва иҷтимоӣ тавассути мардон олуда ба беэътимодӣ ва беадолатӣ нашавад, ин чашмаи раҳмати илоҳӣ ба ҷӯшиши ҳаётбахши хеш идома хоҳад дод.
Акрамуссодоти Меҳрбахш
(таҳияи Анзурат Маликзод)