01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

КАФОЛАТИ ҲУҚУҚУ ОЗОДӢ

     Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин санади таърихӣ ва сарнавиштсози миллат ба муносибатҳои ҷадиди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию сиёсии мамлакат пойдевори мустаҳкам гузошта, самтҳои асосии сиёсати давлатро муқаррар кард. Тавассути он мардуми Тоҷикистон азму иродаи худро ҷиҳати эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуд.

     Зери мафҳуми «ҳуқуқбунёд» тобеи ҳуқуқ, пеш аз ҳама, ба Қонуни асосӣ тобеъ будани фаъолияти давлат, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва кулли шаҳрвандон дар назар дошта мешавад. Аз ин рӯ, волоияти қонун, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, масъулияти давлат ва шаҳрванд, ки аз нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёданд, мустақиман чун меъёрҳои конститутсионӣ амал менамоянд.

     Тоҷикистон, ҳамчун узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ дониста, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро дахлнопазир эътироф намуд.

     Ҷиҳати риояи ин кафолатҳои конститутсионӣ Президенти кишвар ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон дониста шудааст.

     Ҳифзи ин муқаррароти конститутсионӣ ба зиммаи ҳокимияти судӣ, ки яке аз рукнҳои ҳокимияти давлатист, вогузор гардид. Зеро ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат маҳз тавассути адолати судӣ амалӣ карда мешавад. Дар иртибот ба иҷрои вазифаҳои дар назди мақомоти ҳокимияти судӣ гузошташуда қайд кардан бамаврид аст, ки Сарқонуни Тоҷикистон ба ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дода, онро ҳамчун ҳуқуқи ба ҳар шахс дастрас муқаррар намудааст. Гузашта аз ин, ҳама дар назди қонун ва суд баробар дониста шудаанд ва ин мафҳум дар радифи ҳалли дигар масъалаҳо дастрасӣ ба адолати судиро тақвият медиҳад. Муқаррароти конститутсионии мазкур ҷавобгӯ ба меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, минҷумла Эъломияи ҳуқуқи башар ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсист, ки аз 4 апрели соли 1999 дар Тоҷикистон амал менамоянд. Аз ин хотир, давлат ҳимояи судии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро ҳамчун роҳи афзалиятноки ҳимоя эътироф намуда, кафолат додааст. 

     Бобати комилан ва беғаразона иҷро гардидани талаботи Сарқонун, муқаррар карда шуд, ки судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Яъне, Конститутсия, пеш аз ҳама, ҳуҷҷати асосии корбарии ҳокимияти судӣ ба шумор рафта, риояи талаботи он, зимни ба амалбарории адолати судӣ, кафолати амалӣ гаштани ӯҳдадории давлат дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.     

     Боиси фараҳмандист, ки бо сиёсати одилона, хирадмандона ва ояндабинонаи ҳомии Конститутсия, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлолият муқаррароти Сарқонун пайваста амалӣ гардида, давлату Ҳукумат дар муносибатҳои дохил ва хориҷи кишвар ба дастовардҳое назаррасе ноил гардиданд, ки дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистонро ҳамчун як давлати тамаддунсоз муаррифӣ намуданд.

     Ин ҳама аввалқадам дастоварди Қонуни асосии кишвар аст, ки дар роҳи риояву амалисозии нуктаҳои тақдирсози он мақомоти ҳокимияти судӣ низ талоши фаровон доранд. Онҳо тавассути баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, шаҳрвандӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани меъёрҳои  конститутсионӣ устуворона қадам мениҳанд.Конститутсияи давлати озоду соҳибистиқлоламон санадест, ки дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ моро роҳбаладиву роҳнамоӣ мекунад ва амалӣ гаштанаш дар ҳар маврид барҳақ орзую ормони халқро ифода менамояд.                                                                 

Зафар Азизов, 

раиси Шӯрои адлияи Ҷ.Т

:.  Сиёсат 15.12.2010 05:16 2439

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz