Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.
(Аз Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 19-умин саолгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон)
Мо – тоҷикон дар марҳилаи фавқулода ҳассос ва сарнавиштсози таърихи миллии хеш ба сар мебарем, марҳилае, ки ин миллати куҳанбунёди маърифатҷӯй ва фарҳангофарин бо паймудани таърихи ҳудудан ҳафтҳазорсолаи хеш, бо садпора шудан дар чандин сарзамин, бо балъида шудан аз сӯйи ақвоми дигар, бо қарор гирифтан дар иҳотаи давлатҳову миллатҳои қудратталабу бартарихоҳ, бо рӯёрӯӣ омадан бо таассуботу таҳдидоти мухталифи мулкбарандозу решабаркан иродаву ихтиёри қатъие ба идомаи ҳастӣ ва бақои таърихии хеш зоҳир мекунад.
Мо нуздаҳ соли навтарин ва ҷонгудозтарини таърихи худро пушти сар гузоштем, нуздаҳ соле, ки неъматҳову сармояҳои муқаддасу мутаҳҳару муаззаме чун истиқлол, озодӣ, ифтихор ва сарфарозиро ламс кардем ва чашидем. Вале ба истиқлоли давлатӣ омодагӣ надоштем ва ағлаби қотеи афроди миллат нек огоҳ набуд, ки истиқлол чист, озодӣ чист, озодагӣ чист. Шумо агар осори адабӣ, ҳунарӣ, илмӣ ва фалсафии адибону олимони замони шӯравиамонро варақ занед, баҳсу баррасии пуршӯру ҷиддиеро сари мақулаи истиқлолу озодии миллӣ пайдо намекунед, дар ҳоле ки қаламкашон нухбагони фикриву фарҳангии ҳар қавманд ва боистӣ ба унвони муаллимони истиқлолу озодӣ дарси истиқлолу озодиро ба афроди миллат омӯзиш диҳанд. Мо меҳаросидем, ки ин истилоҳоти сиёсиву фарҳангию фалсафии қудсиро аз дил гузаронем ва ба забон оварем.
Вале ҳаройина дар Тоҷикистон мактаби миллӣ дар айёми коммунистон вуҷуд дошт, ки устод Садриддин Айнӣ бунёдаш гузошт. Рисолати ин мактаб дифоъ аз ҳуқуқи сиёсӣ, ҷуғрофиёӣ, фарҳангӣ ва таърихии тоҷикон ва ба садо даровардани зангӯлаи худогоҳию бедорию озодии миллӣ буд. Маҳз шогирдони ҳамин мактаб бо саъю талоши пайгир, бо фидокорию азхудгузаштагиҳои беназир ҷумҳурии мустақили Тоҷикистонро созмон доданд, барои пояндагиву боландагии забони модарӣ пайкор карданд, таърихи миллатро таълиф намуданд, таърихи адабиёт ва ҳунарҳои миллиро навиштанд, таърихи табартақсимро бознигарӣ карданд, аз ягонагиву якпорчагии тамоми тоҷикону орёиёни ҷаҳон сухан ба миён оварданд…
Инак, нуздаҳ сол аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақил мебошад ва мардуми он дар як фазои озод, бидуни мудохилаи хориҷӣ, ба сар мебаранд ва сарнавишташонро ба дастони хеш рақам мезананд, ғуломию сарфигандӣ рӯ ба завол ва эҳсоси худбоварию сарфарозӣ рӯ ба камол аст. Зотан истиқлоли давлатӣ як мафҳуми басо мураккабу печидаест ва аркони гуногунеро дар бар мегирад, монанди истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ, забонӣ, фарҳангӣ, динӣ, ҳуқуқӣ, иттилоотӣ, иртиботӣ… Ин ҳама рукнҳо ва аслҳо дар маҷмӯъ агар ба ҳадди камол расанд, истиқлоли давлатии комилро падид меоваранд ва дар он сурат давлати миллӣ аз қудрат ва тавоноии тамом бархурдор хоҳад буд.
Тайи нуздаҳ сол давлати Тоҷикистон гомҳои устуворе барои таҳкими пояҳои ҳастии худ гузошт ва дар солҳои наздик, бо комилан амалӣ сохтани барномаи стратегии буруномад аз бунбасти иртиботӣ, истиқлоли энергетикӣ ва истиқлоли ғизоӣ марҳилаи ҷиддан ҷадиде дар истиқлоли миллӣ эҷод хоҳад шуд.
А. СОЛЕҲИЁН