Фишурдаи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон оид ба лоиҳаи қонун "Дар бораи масъулияти
падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд",
шаҳри Душанбе, 14 декабри соли 2010
Таърих гувоҳ аст, ки аз қадимулайём мардуми соҳибтамаддуни мо ба тарбияи фарзанд аҳамияти хоса зоҳир намуда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ ҳамеша кӯшиш мекарданд.
Маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушди ҷомеа, мустаҳкамии қудрати давлат ва побарҷойии тамаддунҳо ба шумор меравад.
Ҳамчун инсони комил ба воя расонидани фарзанд ва тарбияи дурусти ӯ ҳеҷ гоҳ бе меҳру муҳаббат ва дастгириву садоқати падару модар имкон надорад.
Аз ин лиҳоз, падару модарони арҷманд бояд рисолати муқаддаси худ–тарбияи поктинативу зебоипарастӣ, башардӯстиву инсонпарварӣ ва заҳматкашиву ободкориро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар рӯҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расонанд,
Одату анъанаҳои орёӣ, ҳуқуқи тамаддуни исломӣ ва ҳатто шӯравӣ роҳу равиши мухталифи бунёди оилаи устуворро тавассути меъёрҳои мухталифи иҷтимоӣ ҷустуҷӯ намуда, то ҳадде ба комёбиҳо ноил шудаанд. Меъёрҳои ахлоқӣ, динӣ ва ҳуқуқӣ тавассути китобҳои муқаддасу суннати паёмбарон, асарҳои тарбиявӣ, панду андарзҳо ва ҳатто санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сарҳади озодӣ ва меъёру ҳудуди масъулияти волидон ва фарзандонро муқаррар мекарданд.
Дар ҳамаи зинаҳои таълиму тарбия ва такмили ахлоқу маънавият масъулияти асосӣ бар дӯши падару модар аст. Зеро падару модар дар саргаҳи ташаккули андешаву эҳсос ва рушди ҷаҳонбинии кӯдак қарор доранд.
Усулан ақлу идрок, ҷаҳонбинӣ ва фазилати маънавии падару модар аввалин сарчашмаест, ки дар зеҳну шуури кӯдак нақши ҳамешагӣ пайдо мекунад ва нуфузи он дар зиндагии инсон як умр боқӣ мемонад.
Масъалаи бағоят муҳиме, ки аз ин қазия бармеояд, сатҳи тафаккур, дараҷаи худогоҳӣ ва ҳофизаи таърихиву фарҳангии худи падару модар мебошад, ки тавассути он фарзанд соҳиби саводу дониш, дили огоҳу ақли бедор, арҷгузорӣ ба ниёгон ва муҳаббату садоқат ба Ватану миллати худ мегардад.
Дар воқеъ, шарти нахустини тарбияи фарзанди солеҳ мавҷудияти сафою покизагӣ, раҳму шафқат ва дӯстиву дӯстдорӣ миёни падару модар ва муҳити хонавода мебошад. Эҳтирому меҳрубонии мутақобила ва риояи ҳуқуқи ҳамдигар аз ҷониби падару модар дар зеҳни фарзанд эҳтиром ба шахси худ, эҳтиром ба инсон ва эҳтиром ба ҷамъиятро парвариш медиҳад. Унсуралмаолии Кайковус низ мефармояд: "Ва падару модарро ҳам тавон аст ва ҳам фармон. Аммо тавон аст ба парвардани ту ва фармон аст ба хубӣ омӯхтан".
Ба шарофати падару модар одобу ахлоқ, маърифату маънавият ва беҳтарин анъанаҳои ахлоқии гузаштагони мо аз насл ба насл интиқол ёфта, ба як мактаби бузурги тарбияи ахлоқи иҷтимоӣ ва маънавии шахсият мубаддал мегарданд.
Доир ба назария ва амалияи нақши падару модар дар тарбияи фарзанд ва ё баръакс, вазифаи фарзанд дар бобати эҳтиром гузоштан ба падару модар китобҳои мӯътабаре, аз қабили "Қобуснома"-и Унсуралмаолии Кайковус, "Насиҳатнома"-и Имоми Аъзам, "Ахлоқи Носирӣ"-и Насираддини Тӯсӣ, "Кимиёи саодат"-и Ғазолӣ, "Ахлоқи Мӯҳсинӣ"-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, "Ахлоқи Ҷалолӣ"-и Давонӣ ва дигар панду насиҳатномаҳо таълиф шудаанд. Дар ин китобҳо марҳалаҳои мухталифи таҷрибаи ахлоқии миллати тоҷик ҷамъбаст гардида, нақши падару модар дар тарбия, таълим ва ташаккули фарзанд, ки ояндаи ҷомеаро муайян менамояд, бо далелҳои мӯътамад ба исбот расидаанд.
Яке аз ақидаҳои бунёдии ин муаллимони бузурги ахлоқ аз он иборат мебошад, ки онҳо ҳусни эҳтиром ва масъулиятро нисбат ба фарзанд ва пайваставу ҳамеша анҷом додани амалҳои солеҳро дар рафтору гуфтори ӯ бо муносибати некбинонаи падару модари онҳо алоқаманд медонанд.
Дар ин замина мутафаккири бузурги асрҳои миёнаи тоҷик Муҳаммад Ғазолӣ чунин гуфтааст: "Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ҳар тухме, ки дар вай бикорӣ, бирӯяд. Агар тухми хайру некӣ аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модару муаллим дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳар чӣ хоҳад, кунад ва бо ҳар кӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ накунӣ".
Таълиму тарбия дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа рӯҳу равони воқеӣ пайдо мекунад. Аммо ба ин се ниҳод муҳити атроф ва фазои иттилоотӣ, ки дар натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ вусъати азиме пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад.
Бо дарназардошти ин, мо як рукни умда ва созандаи низоми тарбияро дар тарбияи хонаводагӣ мебинем. Дар ин ҳалқаи сегона агар оила ё хонавода рисолаташро бо камоли масъулият ба сомон расонад, дар парвариши инсони комил, оқилу донишманд, ватандӯсту ватанпарвар натиҷаи матлуб ба даст меояд ва агар ҷомеа таъсир расонад, мақоми таълиму тарбия боз ҳам устувортар мегардад.
Махсусан, нақши оилаи устувор ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанд басо муҳим мебошад.Падару модарон, ки сутуни хонавода ва ё оиларо ташкил медиҳанд, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир намоянд. Онҳо бояд як нуктаро ба инобат гиранд, ки фарзанди солеҳ ва бомаърифат давоми умри падару модар мебошад ва ба ин хотир ҳангоми таълиму тарбия ҳеҷ чизро набояд аз онҳо дареғ доранд ва барои ба камолот расидани онҳо сармояи хешро дар парваришу омӯзиши фарзандонашон сарф намоянд.
Коста гардидани ахлоқи қисме аз наврасону ҷавонон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегона ва ба ҷинояткорӣ даст задани иддае аз онҳо, пеш аз ҳама, натиҷаи беаҳамиятӣ ва бемасъулиятии падару модарон мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки тарбияи кӯдак дар баробари ин, ки самти муҳими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мебошад, пеш аз ҳама вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар, созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва умуман аҳли ҷомеа низ ба шумор меравад.
Наврасон, ки ҳоло ҳаракату рафтори худро пурра дарк накарда, миёни сиёҳу сафед фарқ гузошта наметавонанд, баъзан фирефтаи амалҳои шахсони ҷинояткор гардида, оқибат худашон низ даст ба ҷиноят мезананд.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ дар солҳои охир дар қаламрави кишварамон аз тарафи ноболиғон ва ё бо иштироки бевоситаи онҳо 4200 адад ҷиноят содир шудааст, ки ин боиси ташвиши ҷиддӣ мебошад. Махсусан аз тарафи ноболиғон содир гардидани ҷинояти ниҳоят вазнини одамкушӣ (104 нафар) нигаронкунанда аст.
Аз ин шумора, дар 16 ҳолат фарзандони ноболиғ даст ба куштори падару модарон задаанд. Ва баръакс дар 12 ҳолати дигар аз ҷониби падару модарон куштори фарзандон ба қайд гирифта шудааст, ки амали бисёр нангину даҳшатнок мебошад. Илова бар ин, тибқи маълумоти мақомоти судӣ баъди таваллуд аз ҷониби баъзе модарон ба ҳалокат расонидани тифлони навзоди худ низ вуҷуд дорад.
Бо сабаби беэътиноиву бепарвоии баъзе аз падару модарон ва шахсони мутасаддии тарбияи кӯдакони ноболиғ онҳо ба ҷиноятҳои истифода ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир (90 ҳолат), дуздидани воситаҳои нақлиёт (70 ҳолат) ва авбошӣ (350 ҳолат) даст задаанд. Дар давраи зикргардида ноболиғон ба дигар ҷиноятҳои вазнин, аз қабили дуздии молу амвол, ғоратгарӣ, қаллобӣ ва роҳзанӣ даст зада, қариб 3000 адад ҷиноят содир кардаанд.
Падару модароне ҳастанд, ки бо баҳонаи вазъи душвори иқтисодии оила фарзандонашонро аз донишомӯзӣ дур мекунанд ва онҳоро ба бозору марказҳои хизматрасонӣ барои боркашониву бозорнишинӣ ва дигар корҳо сафарбар менамоянд. Дар натиҷа, ин гуна кӯдакон аз таълиму тарбия дур монда, дар муҳити носолим ба воя мерасанд ва ба корҳои номатлуб даст мезананд, ки ҳар кадоми он оқибатҳои бадро ба бор меорад.
Баъзе падару модарон тарбияи фарзандони худро ба мактаб ҳавола намуда, чунин мепиндоранд, ки гӯё кори таълиму тарбия фақат вазифаи муассисаи таълимӣ мебошад. Бо дарназардошти талаботи ҷомеа ва аҳамияти бузурги таълиму тарбияи насли наврас зарурате ба миён омадааст, ки доир ба масъалаҳои зикршуда қонуни махсус қабул карда шавад. Зеро имрӯз, яъне дар замони ҷаҳонишавии босуръати проблемаҳои башарӣ ва омезиши арзишҳо, ки нақш ва нуфузи таълиму тарбия ҳамчун меъёри иҷтимоӣ ба хотири рушди инсон ва таҳкими сармояи зеҳнӣ асоси бунёди ҷомеаи навро ташкил менамояд, қабули чунин санади муҳим иқдоми саривақтӣ мебошад.
Қабули қонуне, ки ба урфу одат ва хусусиятҳои миллии мо асос ёфтааст ва аз ҳуқуқҳои табиии инсон сарчашма гирифта, ба зиндагии мардум созгор мебошад, дар рушди зеҳнии насли солиму созанда нақши муҳимеро иҷро менамояд. Бо ин мақсад ва ба хотири боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, инчунин худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои милливу умумибашарӣ, риояи меъёрҳои одобу ахлоқи ҳамида, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва ба роҳи рост ҳидоят намудани фарзандонамон имрӯз лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ба муҳокимаи мардуми кишварамон пешниҳод менамоям.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" маҳз барои тарбияи инсон, ба хотири сармояи зеҳнии фарзандонро тақвият бахшидан ва рушди захираҳои зеҳнии инсон таҳия шудааст. Сармояи зеҳнӣ ҳамчун махзани истифодаи мақсадноки захираҳои инсонӣ, пеш аз ҳама тавассути тарбия дар оила, ба воситаи таҳсил ва ба даст овардани маълумоти муосир ба даст меояд ва ба пешрафти ҷомеа таъсири мусбат мерасонад. Бовар дорам, ки қонуни мазкур ҳадафҳои давлату ҷомеаро дар тарбияи фарзанд муайян намуда, заминаи баамалбарории онҳоро мукаммал мегардонад. Зеро тарбияи фарзанд вазифаи муқаддаси падару модар, инчунин ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад.
Падару модар вазифадоранд, ки тибқи арзишҳои миллӣ ба фарзандони худ номи нек гузоранд, барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии онҳо ғамхорӣ намоянд ва фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, эҳтироми падару модар ва риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намоянд. Онҳо бояд ба таълим фаро гирифтани фарзандонро таъмин намуда, ба таҳсили онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ монеъ нашаванд.
Мутаассифона, имрӯз баъзе падару модарон пойбанди таассубу хурофот шуда, барои ба таълим фаро гирифтани фарзандони худ монеъ мешаванд, онҳоро ба мактаб намемонанд ва духтарони ноболиғро ба шавҳар медиҳанд.
Тибқи маълумоти судҳо 234 ҳолати никоҳи духтарони ноболиғ ошкор гардидааст. Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки бо сабаби аз ҷониби падару модарон омода накардани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона бисёр оилаҳои навташкил барҳам мехӯранд. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар давоми солҳои охир беш аз 33 ҳазор ақди никоҳ ба тариқи судӣ ва зиёда аз 11 ҳазор тавассути мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бекор карда шудааст.
Аз ин рӯ, мехоҳам ба чунин падару модарон махсус хотирнишон ва таъкид намоям, ки мактаб ва маориф имконият фароҳам меорад, то фарзандони мову шумо аз усулҳои муосири таълиму тарбия бархурдор гардида, аз дастовардҳои навтарини илму техника ва технологияҳои муосир, ки имрӯз омили муайянкунандаи рушди иқтисодиёт ва таъминкунандаи сатҳи зиндагӣ гардидааст, дар канор намонанд. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳамеша дар муроҷиатҳоям ба мардуми Тоҷикистон ёдовар мешавам, ки танҳо фарзандони соҳибмаърифату дорои касбу кори замонавӣ метавонанд дар бунёди давлати пешрафтаву мутамаддин саҳмгузор бошанд.
Лоиҳаи қонун ҳамчунин ӯҳдадории мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳоеро, ки масъалаҳои таълиму тарбияи фарзандонро танзим мекунанд, муқаррар намудааст.
Давлат тавассути таъсиси боғчаҳои бачагона, кӯдакистонҳо, мактабу интернатҳо, муассисаҳои табобативу фароғатӣ ва мақомоти васояту парасторӣ, ки ҳамаи онҳо дар тарбияи фарзанд масъуланд, вазифа ва ӯҳдадориҳои худро дар назди насли наврас иҷро менамояд.
Мехоҳам иброз намоям, ки миллати соҳибтамаддуни мо аз қадим бо одобу рафтори намунавӣ ва тарбияи хуб маълуму машҳур буд ва итминон дорам, ки имрӯз низ мардуми бофарҳангу соҳибмаърифати мо барои мукаммал намудани ин қонун аз анъанаҳои неки миллӣ, фарҳанги ғанӣ ва таърихи қадимаи худ васеъ истифода мекунанд.
Ҳар як шахсе, ки миллати худ, Ватани худро дӯст медорад ва эҳтиром менамояд, бояд ба қадри ин арзишҳо расад ва дар масъалаи муҳимтарини зиндагӣ таълиму тарбияи фарзандон бетафовут набошад. Онҳоро дар рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ тарбия намояд ва ба илму касбомӯзиашон бештар диққат дода, онҳоро дар ин рӯҳия ташвиқ намояд.
Дар навбати худ мақомоти давлатӣ низ бояд ба падару модарон ҷиҳати тарбияи дурусти фарзандон мусоидат намуда, дар миёни наврасону ҷавонон тарзи ҳаёти солимро мунтазам тарғиб намоянд. Зеро ин кори муҳим ва тақдирсоз вазифаи ҷонии нафақат падару модарон ва мураббиёну омӯзгорон, балки тамоми ҷомеа аст.
Ин вазифаҳои ниҳоят муҳим ҳар яки моро водор месозанд, то дар таълиму тарбияи фарзандони худ тамоми тадбирҳои заруриро андешем. Зеро фарзанди солеҳу хушахлоқ ва боҳунару донишманд ғайр аз ин, ки сарвати азизу бебаҳои падару модар мебошад, ба арзиши маънавии давлат ва сармояи зеҳнии он дохил гардида, сатҳу сифати маърифатнокии ҷомеа ва қудрати давлатро муайян месозад.
Аз ин рӯ, ҳар яки мову шумо - падару модарони азизро зарур аст, ки фарзандони худро ба роҳи дуруст, анҷоми амалҳои хайру савоб, омӯзиши илму ҳунар ва азхуднамоии техникаву технологияҳои муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватани азизамон - Тоҷикистон, ки имрӯз ба як ҷавони нерӯманду зебои бистсола монанд аст, ҳидоят намоем.