01

Июл, 2025
Сешанбе

01

Июл, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Ҷуръат надорем ё чорабиниҳои сермасрафи ҳукуматиро кӣ танзим мекунад?

     Ҳатто дар ноҳияҳои Шӯрообод ва Ховалинг қисме аз мактабҳо то ҳанӯз дар хонаҳои шаҳрвандон фаъолият мекунанд. Дар қисме аз ноҳияҳои пахтакори минтақа баъзе аз мактабҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Оё маблағҳои ба «рӯзҳои ноҳияҳо» пешбинишударо барои бунёд ва таъмири мактабҳояшон истифода кунанд, манфиатбахштар нест? Мисолҳои овардаи мо воқеият доранд. Ҳар сол як ноҳияи минтақа як-ду моҳ омодагӣ дида, дар шаҳри Кӯлоб рӯзҳои хешро доир мекунад. Аз чунин чорабиниҳо фоидаи бештар мерасад ё зарар?

     Дар сӯҳбат мудири бахши занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Темурмалик Саодат Ҳакимова гуфт, ки барои гузаронидани рӯзҳо вақту қувваи бисёр сарф мешавад, лекин бадии кор он аст, ки барномаҳо якранг буда, ҳар сол аз дигар такрор меёбанд ва ягона чизе, ки ҳар сол нав мешавад, хароҷоти маблағу вақту қувваи корист. Аз чанде аз мудирони бахшҳои кор бо занони ноҳияҳои вилояти Суғд оид ба чунин чорабиниҳо пурсон шудем. Посух доданд, ки масалан дар Суғд ба ҷои «Таронаи чакан» чорабинии «Атласи Хуҷанд» баргузор мегардад, лекин на ҳар сол, балки дар панҷ сол як маротиба.

     Ба ёд меояд, ки дар даврони шӯравӣ ҳам чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ, аз ҷумла фестивал-конкурси эҷодиёти халқ - «Бӯстон» доир мешуданд, лекин аксаран ҳангоми ҷашну маросимҳои бузургу муҳим. Имрӯз ҳам чунин маъракаҳоро сари ҳар панҷ сол, бахшида ба солгардҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гузарондан мақсаднок аст. Маблағи ҳарсолаи рӯзҳои гуногунро шояд имрӯз барои харидории саҳмияҳои НОБ-и Роғун сарф намудан ё ба таври хайрия ба суратҳисоби он гузаронидан заруртару муфидтар будагист.

     Бо мудирони шӯъбаҳои танзими ҷашну маъракаҳо ва расму оинҳои мардумии чанде аз ноҳияҳои минтақа сӯҳбат доштем ва аз эшон пурсидем, ки барои чӣ танзими чунин маъракаҳои серхарҷи сатҳи ноҳия ва вилоятро масъалагузорӣ намекунед? Иқрор шуданд, ки ҷуръати инро надоранд.

     Агар масъулони ин кори муҳими давлатӣ имкон ё ҷуръат надошта бошанд, ки дар танзими чунин маъракаҳои якранги серхарҷ саҳм бигузоранд, пас… барои чи лозиманд? Танҳо барои дар кабинет нишастану тӯйу маъракаҳои мардумро ба ҳисоб гирифтан набудагистанд, охир?  

 Билоли Шамс

:.  Сиёсат 24.05.2010 06:09 2387

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz