Шодї Шабдолов - раиси Њизби Коммунисти Тољикистон (вакили Маљлиси намояндагон) зимни як нишаст 29 октябри соли равон иброз дошт: «Механизме, ки њизбро дар маќомаш нигоњ медорад, интихобот аст. Дар Тољикистон номукаммалии ќонунњо ба аз даст додани мавќеи ањзоби сиёсї оварда мерасонад ва дар љомеае, ки арбобкамолњову одинањо њанўз боќиянд, ба интихоботи демократї эътимод надорам».
Муњиддин Кабирї – раиси Њизби Нањзати ислом (вакили Маљлиси намояндагон) бошад, дар њамин нишаст гуфтањои профессор Иброњим Усмонро дар мавриди хатари аз љониби ЊНИТ сохта шудани давлати исломї рад карда, иброз дошт, ки: «Худи давлат дар иљрои рукнњои исломї баъзе иќдомњое карда истодааст, ки њољат ба њизби мо њам намемонад. Дар мавриди интихобот бошад, мо ба ваъдањои Президент дар бораи шаффофияти он шак надорем. Бо истифода аз таљрибаи аз интихоботњои ќаблї доштаамон бањои нињоиро баъдан хоњем дод».
Ин се иќтибос рўњияи пешазинтихоботии раисони се њизби сиёсиеро, ки дар Парлумон бори дуввум аст, ширкат доранд, рўшан мекунад.
Њарчанд аз љониби намояндагони ЊКТ ва ЊНИТ нањ задани амалњои њанўз сурат нагирифта, яъне шаффофу демократї нагузаштани интихоботи доирнашуда љойиз нест, вале ин хоси ањзоби сиёсии кулли љањон аст, ки дар маъракањои пешазинтихоботї якдигарро бадном мекунанд.
Торафт миёни љомеа сару садоњои марбут ба бўњрони молиявї љойи худро ба масъалаи сохтмони НБО-и Роѓун медињаду гуфтугўи сохтмон бо тадриљ барои мавзўи интихоботи парлумонї љо холї мекунад. Ва ин як раванди муќаррарист. Њарчанд бе сохтмони Роѓун ояндаи Тољикистонро тасаввур карда намешавад, вале моњи феврал салоњияти вакилони касбї ба поён мерасад ва курсињои парлумонро низ холї мондан наметавон.
Таќдири як шохаи муњими њокимияти давлатї аз иродаи сиёсї ва маърифати шањрвандии электорат вобастагии ќавї дорад. Фурсати он аст, дарк намоем, муњим он нест, як њамшањрї ё шиноси ману ту вакил мешавад, муњимтар он аст, сифати маќомоти намояндагї ва ќонунгузор дар он сатње бошад, ки панљ соли баъдї ангушти надомат нагазем.
«Ман њамчун Президенти кишвар шахсан манфиатдори шаффоф гузаштани интихобот ва ба вакилї интихоб шудани бењтарин фарзандони халќ мебошам. Вале як чиз мусаллам аст, ки шаффофияти баргузории интихобот аз мавќеи фаъоли худи мардум ва њизбњои сиёсї низ вобастагии калон дорад.
Њизбњои сиёсї бояд дар байни мардум бошанд ва андешањои созандаи худро ба нафъи давлату Ватан ба халќ дуруст фањмонанд. Ќобилияти ташкилотчигї, сатњи баланди ватандўстї ва нерўи кадрии њар њизбро худи мардум эњсос мекунад ва бањо медињад, ки аъзои ин ё он њизби сиёсї барои рушди љомеа, њимояи манфиатњои миллат чї сањми воќеї гузошта метавонад».
(Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон,
љаласаи Шўрои љамъиятї, 4 декабри соли 2009)
Шояд барои мо – бонувон, ки аз лињози теъдод аксари интихобкунандагонро ташкил кунем, бетаваљљўњї нашояд, ки намояндагони ба истилоњ љинси латиф, чанд курсиро метавонанд дар Парлумони оянда соњиб шаванд.
Сўњбат бо раисон ва намояндагони ањзоби гуногун моро ба хулосае овард, ки дар мавриди ширкати занон ба њайси номзадњо дар интихобот ва ба Парлумон шомил шудани онњо ду чиз аст. Масъалаи аввал чун шиор аз љониби њамаи ањзоб ба як гуна садо медињад: «Бале, њатман занонро пешбарї хоњем кард». Вале чун суол сари он меравад, ки дар рўйхати њизбї онњо дар љойи чандум мешаванд, яъне мушаххас љойгоњи зан дар Парлумони нав чї гуна аст, посухњо њанўз ќонеъкунанда ва рўшан нестанд.
Сиёсатмадорони олам ба он андешаанд, ки яке аз меъёрњои муайян кардани сиёсати демократї ин иштироки фаъоли занон дар љомеа ва мавќеи бонувон дар сиёсат аст. Аз ин рў саволи доимї ба роњбарияти ањзоби сиёсї ва ё сарварони давлатњо дар бораи то чанд фисад дар маќоми роњбарї будани занњо, як падидаи табиї ва демократист. Хоса ин суол дар арафаи интихоботњо бештар садо медињад ва ин гувоњи он аст, ки бе фишори матбуот ва љомеаи љањонї мардњо бо ихтиёри худ ба занњо бартарї додан намехоњанд.
ЊХДТ тайи ду интихоботи парлумонї дар амал собит кард, ки сиёсати гендерии дурустро пеш гирифтааст. Сару садоњои ањзоби сиёсии дигар дар мавриди ширкати занон дар интихобот, ки аксари электоратро ташкил медињанд зиёд бошад њам, то ба њол ин даъвогарон худашон намояндаеро аз ин љинс на дар Парлумон ва на дар маќоми болотари њизбњо роњ надодаанд.
Раиси ЊКТ Шодї Шабдолов, ки даъвати дуюм аст, ин њизбро шахсан дар Парлумон намояндагї мекунад мегўяд: «Занон на ба он њадде сарватманданд, ки мустаќиман дар интихобот номзад шаванд. Онњо аз тарси бой додани маблаѓи гаравпулї аз пешнињоди номзадии хеш худдорї мекунанд. Имсол њам њизби мо занњоро аз тариќи рўйхат њатман пешнињод хоњад кард».
Вале суоле боќист, ки чаро то имрўз аз ЊКТ, ки воќеан занони фаъол дорад, ба ин мартаба касе сазовор нашудааст? Ва оё он мардоне, ки аз ин њизб дар Парлумон намояндагї мекунанд сарватмандонеанд, ки аз гаравпулї наметарсанд?
Муњиддин Кабирї - раиси ЊНИТ чун як фарди интеллектуал ва хеле муосир нисбати вакилии занон хушбин аст. Вале ин њизб њам ду даъфа дар Парлумон бонуеро ба намояндагї пешбарї накардааст. Аммо тибќи сару садоњо ин дафъа ваъдаи ќавитаре додаанд.
Ў бар он назар аст: «Дар љомеае, ки њанўз инсон њамчун мењвар ќарор нагирифтааст, зан њамчун ќишри осебпазири он, наметавонад дар љойи сазоворе бошад. Дар аксари кишварњои пасошўравї, дар њукуматњо ба хотири доштани раќамњои номиналї ва ё чун баргаи ќавие њангоми гуфтугўву њамкорї бо созмонњои хориљї номи бонувон, теъдод ва ё љинси онњо истифода мешаваду халос. Барои аксари кишварњо ва созмонњои ѓарбї тарз ва усули ширкати занон дар њаёти љамъиятї ва сиёсї дуюмдараља аст, муњимтар раќам ва зоњирї масъала менамояд. Ин аст, ки «квота»-ро як амри дохилї ва зарурати мављудияти онро дар амалї кардани сиёсатњои хориљї мебинанд.
Њарчанд дар шароити феълї квота дар кишвари мо амри зарурї аст, вале тадриљан он аз як иќдоми кўмакрасон ба монеаи рушди занњо мубаддал гаштааст. Дар ин миён бонувон мекўшанд бо њар роњу васила вориди квота гарданд ва кам бонуе омода аст, ки берун аз он бо мардон раќобат намояд. Дар ин маврид аксаран бонувон танњо зани дигарро раќиби худ медонанд ва њар як бонуи ангезадор фаротар аз квота барои худ њадафе ќарор нахоњад дод. Набояд фаромўш кард, ки њар бонуе, ки бо чунин усул вориди сиёсат гаштааст ва њатто агар ба болотарин маќом њам расида бошад, боз мадюни мардњост ва хоњ нохоњ миннати онњо ва «квота»-ро хоњад кашид».
Раиси Њизби социал-демократи Тољикистон Рањматилло Зоир баръакси Кабирї тарафдори раќобат миёни занњост. Ў бар он андеша аст, ки: «Агар 9-њавзаи алоњидаро имсол дар интихобот танњо ба ихтиёри занњо гузоранд, имкони тибќи раќобати солим ба Парлумон ворид шудани бонувон пайдо мешавад».
Ў њатмї будан ва зарурати ширкати фаъоли занонро дар Парлумон бо он ташрењ медињад, ки аз 9-кумитаи Маљлиси намояндагон њади аќал 3-4 тоаш ба масоили иљтимої-фарњангї иртибот дорад. Ѓайр аз ин вакилї, ин танњо тањияи лоињаи ќонун нест. Вакилбонувон метавонанд дар Парлумон консепсияи сиёсати фарњангї-иљтимоиро аз нигоњи хоса ва тоза тањия намоянд. Ѓайр аз ин ширкати бонувон дар баробари мардон дар ќонунгузорї гуногунандеширо ба миён меорад, ки бе он Рушду тавсеа ѓайриимкон аст.
Муњимтар аз ин њама будани бонувон дар Парлумон амалї гаштани моддаи 17-и Конститутсия ва сиёсати гендерї аст, ки акси њол бе мувозинати гендерї бунёд ва рушди љомеаи демократї номумкин аст. Дар ќабули ќонунњо њам мувозинати љинсиятї ногузир аст. Агар мо такя ба таљрибаи Шветсия ва Норвегия намоем, теъдоди зиёди занон дар Парлумони ин кишварњо ба баланд шудани фарњанги ќонунгузорї ва такмили тањаммулпазарї мусоидат кардааст.
Мавсуф њамчунин кайд кард, ки: «Њанўз 11-сол муќаддам дар барномаи ЊСДТ риояи мувозинати гендерї љой дода шуда буд ва шакли идеалии он аз 22-номзади њар як њизб 11-тояш бояд аз шумори бонувон бошад. Ва зарур нест, ки њамаи ин бонувон аъзои њизб бошанд, онњо метавонанд љонибдори мавќеи њизбе бошанду вакилони сазовор дар Парлумон».
Њамзамон Масъуд Собиров, раиси Њизби демократии Тољикистон ба посухи суоли мо њарфњои баланде дар мавриди пешбарї шудани занон аз ин њизб гуфта ќайд намуд ,ки: «Агар бонуе ин њизбро дар Парлумон намояндагї кунад, боиси ифтихори мост. Ва љойи занњоро дар рўйхат, салоњияти анљумани њизб номид».
Сиёсатмадоре ба суоли мо дар бораи роњњои баланд бардоштани маќоми зан дар љомеа посух дод, ки: «Оё мо метавонем аз он мардњое, ки худ ва љойгоњу маќоми худашонро ба таври ошкор ва шаффоф дар љомеа таъмин карда наметавонанд, интизор бошем, ки маќоми занро одилона муайян кунанд?» Воќеан баъди ин тарзи масъалагузорї бонувонро талоши бештаре мебояд дар майдони сиёсат ва мусаллам аст, ки он ба дониши комил ва љасорату пешрафтагї иртибот мегирад.
Љомеаи падарсолори мо бошад, њамоно кулли имконоти иќтисодї ва сиёсиро ба мардон во гузоштааст, ки ин наметавонад ба ширкати густурдатари занон дар сиёсат садгузор нашавад. Аммо ин саддро шикастан, муборизаро талаб дораду майдони сиёсат љойи мубориза аст.
Њарчанд ба љинсњо људо кардан, хоса зану мардро раќиби њам гузоштан нашояд, вале фурсатест, ки љомеа ногузир шоистасолориро пеш бигирад ва ба мутахассисон, хоса номзадњо, аз рўи заковат, дониш, истеъдод, таљриба, устуворї дар роњи амалї кардани сиёсати давлати Тољикистон мавќеъ бидињад. То занони бозаковату ќавииродаи кишвар низ ба рушди Ватани мањбуби мо мусоидат намоянд. То љомеаи мо шоистасолориро ба њайси муњимтарин меъёр бипазирад. То арзандатарин фардњоро интихоб намояду ояндагон бикўшанд, ки аз шумули шоистагон бошанд.
Њуриннисо Ализода.
PS: Мегўянд: «агар хоњед, ки овози гурўње дар сиёсат шунида шавад, он набояд аз 30 дарсад кам бошад». Пас метавон бо чунин муносибати аксари ањзоби сиёсї ва ќолабњои шахшудаи интихобкунандагон, ки эътимоди бештаре ба љинси мард доранд, бадон бовар буд, ки дар Парлумони нав овози бонувон дар панљ соли баъдї низ баландтар он тараф истад, аќаллан шунида хоњад шуд?
Аммо мисраъи «Дусад марди љангї бењ аз сад њазор» рўњи касро бо он болида мекунад, дар њоле, ки аз лињози теъдод занон ба Парлумон камтар ворид шаванд њам, агар воќеан онњо шоиставу сиёсатмадоранд, пас метавонанд аз занон дар маќоми олии ќонунгузорї намояндагї кунанд.