Мусоҳибаи махсус бо сармуҳаррири Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Народная газета» Маҳбуба Камолова
- Соли равон рӯзномаи «Народная газета» озмунеро таҳти унвони «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ - роҳ ба сӯи ягонагии халқҳо» эълон намуд, ки чанде пеш дар сатҳи хеле баланд ҷамъбаст гардид. Муаллимаи азиз, лутфан мегуфтед, ки хостаҳои Шумо чун роҳбари ҳайати эҷодӣ аз гузарондани озмун чӣ буд ва оё ба ҳадаф расидед?
- Мақсад аз чорабинӣ саҳм гирифтан дар таблиғи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мешавад. Тавре медонем, 22 декабри соли 2017 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти кишвар соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд. «Замоне фаро расидааст, ки Тоҷикистон дастовардҳояшро якҷоя бо таъриху фарҳанги бою қадимиаш ба ҷаҳониён муаррифӣ бикунад», - таъкид доштанд Пешвои муаззами миллат он ҳангом.
Дарёфти соҳибқаламоне, ки бо забони русӣ на танҳо барои мо, балки барои хориҷиён, хоса барои мардуми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мақолаҳои хонданӣ омода карда тавонанд, ин буд ҳадафи дигари мо. Озмун аз моҳи март то ноябри соли 2018 идома ёфт ва дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор андохтани чархаи якуми НБО «Роғун» ҷамъбаст гардид. Ба идораи нашрия зиёда аз 100 мавод ворид шуд, ки ҳар яке дар алоҳидагӣ аз тарафи комиссияи босалоҳият бо роҳбарии мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, ректори Донишкадаи славянии Тоҷикистону Россия, профессор Нуралӣ Салихов, директори Агентии миллии иттилоотии «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ, сармуҳаррири нашрияи «Халқ озози» Ёқубҷон Абдуманнонзода ва забоншиносон дақиқ омӯхта шуданд.
- Барои худи Шумо кадом маводи пешниҳодшуда бештар қобили таваҷҷуҳ буд?
- Барои ман ҳар мавод бо шаклу услуби хосаи навишт хонданбоб буд. Муаллифон воқеан тавонистанд бо истифода аз жанрҳои адабӣ ва публисистӣ мақолаҳои ҷолиб пешкаш созанд. Ман тариқи ин мақолаҳо бо бисёр мавзеъҳои таърихиву сайёҳии кишвар ва ҳунарҳои нодири мардумӣ ошноӣ пайдо намудам, ки баъдан рафтам ва он ҷойҳоро бо чашми худ дидам. Мавзеи Чилдухтарони Муъминобод, Саразми Панҷакент, Гармчашмаи Бадахшон, хуллас ҷойҳои диданиву сутудании Тоҷикистон хеле зиёд будаанд.
Дар натиҷагирӣ бештар ба забон, услуб, тарзи пешниҳод, оммавӣ будани мавзӯъ диққат додем. Мақолае, ки бароям бештар писанд афтод, ба қалами яке аз муаллифони доимии нашрия Марҳабо Зунунова тааллуқ дошт, ки ӯ саҳми Пешвои миллатро дар рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ қадам ба қадам ба риштаи таҳлил кашидааст. Кӯшидем, дар ин сол ҳар гӯшаву канори Ватан дар саҳифаҳои рӯзнома баробар мунъакис шаванд. Ғолибон ҳам аз ҳар минтақаи Тоҷикистон интихоб гардиданд. Сарпарастии озмунро Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, ҶСК «Асрори санг» ва ҶСК «Рухом» ба уҳда доштанд, ки барои ҷоизадорон аз сангҳои қиматбаҳои ватанӣ туҳфаҳои хотиравӣ омода намуданд.
- Корҳои зиёде дар самти бартараф кардани мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ба сомон расонда шуданд. Ҳоло кадом масъалаҳои ҳалталабро дар ин бахшҳо мебинед?
- Воқеан, рушди сайёҳӣ метавонад барои муаррифии арзандаи давлату миллат мусоидат кунад ва сарчашмаи даромади хубе барои иқтисодиёти кишвар бошад. Тоҷикистон бо тамоми зебоиҳояш имкон дорад ба сайёҳон чизи нав, бардошти тоза, эҳсоси дигаргуна тақдим бисозад. Эҳёи ҳунарҳои азбайнрафтаи мардумӣ барои равнақ ёфтани фарҳанги миллӣ мусоидат хоҳад кард. Аз боҷи гумрукӣ озод намудани технологияҳои марбути ҳунармандӣ ва худи ҳунармандон аз андоз бар манфиати кор буд. Ҳоло ҳунарманд дар хонаи худ мешинаду кор мекунад ва маҳсулоташро бе монеа ба фурӯш мебарорад. Бо ин ҳам буҷети оила ғанӣ мегардаду ҳам ҳунарҳои қариб фаромӯшшуда дубора эҳё мешаванд.
Ин ташаббуси Пешвои муаззами мо мисли дигар иқдомҳояшон саривақтӣ буд. Зимни ироаи Паём зикр шуд, ки масъулон бояд рӯи масъалаи ташкили инфрасохтори муосиру замонавӣ барои сайёҳон бештар кор бикунанд. Мутахассисони сатҳи баланд барои пешвозу гусели сайёҳон омода шаванд. Барои иҷрои ин дастурҳо ба мо ҷавонони забондон заруранд, ки таъриху фарҳанги халқи тоҷикро хуб донанд, дар хусуси ҷойҳои таърихӣ, урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ озод ҳарф зада тавонанд. Дуруст аст, ки меҳмоннавизии мо - тоҷикон вирди забонҳост, вале хизматрасонӣ имрӯз аз пешвоз то гусел бояд дар сатҳи хеле олӣ ба роҳ монда шавад. Дар зимн дастархонороӣ ва сифату сурати хӯрок бисёр муҳим аст. Барои сайёҳ дар ҳама ҷо ҷои тозаи хоб, хӯроки бомазза, обу ташноби мувофиқ лозим.
Албатта, кор дар ин самт кӯшишу заҳмати тӯлониро талаб дорад. Мушоҳида мешавад, ки Кумитаи навтаъсиси рушди сайёҳӣ хеле корро зарбдор ба роҳ мондааст. Бо талошҳои роҳбарияти кумита то имрӯз хеле корҳо ба сомон расонда шуданд. Мисоли равшани ин, афзудани теъдоди сайёҳон аст, ки мо сари ҳар қадам дар кишвар вомехӯрем.
- Замоне рӯзномаҳои русзабон дар Тоҷикистон серхаридор буданд, оё имрӯз ҳам талабот ба матбуоти русзабон зиёд аст?
- Имсол ягона нашрияи русзабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Народная газета» 93 - сола мешавад. Дар солҳои шӯравӣ нашрияи «Советский Таджикистан», баъдтар «Коммунист Таджикистана» бо теъдоди хеле зиёд аз чоп мебаромад. Мутаассифона, ҳоло чунин нест. Ҳаводиси солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба фаъолияти нашрияҳо низ латма зад. Ҷанг зарари моддиву талафоти ҷонӣ дошт. Гурӯҳҳои этникӣ, махсусан русҳо, ки теъдодашон хеле зиёд буд, аз кишвар рафтанд. Вале, ман аз як чиз хурсандам, ки аҳли эҷоди нашрия имрӯз дар таблиғи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мақоми забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо вазифаи худро сарбаландона анҷом медиҳанд. Маҳз бо заҳмати аҳли эҷод теъдоди рӯзнома аз 3 ҳазор ба 10 ҳазор расонда шуд. Ният дорем, бо хонданбоб кардани матолиби нашрия аз ҳисоби соҳибқаламон ва ҷавонони навовар, теъдоди хонандагонро афзоиш бидиҳем.
- Ба андешаи Шумо чун сиёсатшинос барои ҷалби бештари занон ба фаъолияти сиёсӣ ва корҳои роҳбарӣ чӣ бояд кард?
- Вақте масъалаи иштироки занонро дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон омӯхтам, бори дигар эътимод ҳосил кардам, ки бонувон зери сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи арзандаи худро дар ҷомеа дарёфтаанд. Тоҷикистон байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин шуда, соли 1993 мавзӯи баланд бардоштани мақому манзалати занро дар ҷомеа қонунан ба тасвиб расонд. Аз ин пуштибонӣ имрӯз бояд дурусту самаранок истифода кард. Занон наҳаросида дуруст будани ана ҳамин сиёсатро бо ҳузури чашмраси хеш дар ҷомеа бояд исбот бикунанд.
Худи ҳамин нақши занон дар ҳаёти сиёсии ҷомеаро, агар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бубинем, ба қувваю ҷасорати зан эътимоди дучанд ҳосил менамоем. Аз 25 аъзои Комиссияи оштии миллӣ 1 нафар зан буд, ки он кас Бозгул Додхудоева, муовини вақти сарвазири кишвар буданд. Дар гуфтушуниди байни гурӯҳҳо саҳми бонувони ҷасур Низорамоҳ Зарифова, Бозгул Додхудоева, Рафиқа Мӯсоева, Надежда Соловева, Гулафзо Савриддинова, Ибодат Раҳимова, Махфират Каримова, Ҳусноро Мирзоева, Адолат Раҳмонова, Майсара Калонова, Вилоят Мирзоева, Қиматгул Рустамова ва дигарон хеле калон буд. Онҳо чун таблиғгарони сулҳ ба тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон рафтанд ва фаҳмишу рӯҳияи мардумро тағйир дода, онҳоро ба зиндагӣ дилгарм намуданд. Ҳоло вазъият дигар шудааст. Занҳо фаъоланд. Дигар бонувон даъватномаҳоро ба дасти шавҳарон намедиҳанд, то раванду ба ҷояшон раъй бидиҳанд. Фаъолияти занҳо дар шохаи қонунгузорӣ, яъне Парлумон назаррас аст. Раисони шаҳру ноҳия, роҳбарони кумитаву агентиҳои давлатӣ аз ҳисоби занон таъйин мешаванд. Як вазирбону ҳам дорем. Худи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияташ барои занони роҳбар як мактаби бузургест, зан мебошад.
Сиёсат худ санъати идоракунист. Дар он бояд ташкилотчии хуб буд. Яке аз сифатҳои боризи сиёсат ҷасурист. Чизи дигарро бо забони сиёсатшиносӣ харизма мегӯянд, роҳбар бояд, ки тавонад мардумро дар атрофаш муттаҳид созад. Барои чӣ Президенти Тоҷикистон тавонист ба дилу дидаи мардум ҷо шавад, барои он ки миллати парокандашудаву давлати порашударо ба ҳам овард. Роҳбар бояд пок бошад, покдоман бошад, адолатпеша ва кордон бошад. Ҷои даркорӣ аз зердастон талаб ва дар ҳолати зарурӣ барояшон дасти мадад дароз карда тавонад.
- Муаллима, дар зиндагӣ ҳам ҳамин тавре, ки дар фаъолият мебинем, бонуи серталабу сахтгиред?
- Вақте дар барпо кардани сохтори конститутсионӣ шодравон ҳамсари ман, ки корманди ҳарбӣ буд, ҷавон рафт, тарбияву ба воя расондани фарзандон бар дӯшам афтод. Ин имтиҳони зиндагӣ маро водор сохт, ки барои онҳо ҳам модар бошаму ҳам падар. Муҳаббатамро ба воситаи додани тарбияи дуруст, ҷиддият, сахтгирӣ, муҳайё кардани фазои дӯстиву якдигарфаҳмӣ дар хона барояшон иброз доштам.
Новобаста аз ҳар мақом, мо чун модар пеши кӯдаконамон рисолату вазифаҳои мушаххасе дорем. Барои фарзандон нахустин устод ва муаррифгари арзишҳои милливу фарҳангӣ ҳам бояд бошем. Вақти хӯрокпазӣ духтару писарам дар наздам ҳастанд. Кореро, агар ман кардам, як кори дигарро духтарам ва писарам анҷом медиҳанд. Хӯроки дӯстдоштаи ман оши палов аст, ки он ҳам ба рӯйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид гардид.
Соли 2012 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Интихобот ҳамчун раванди сиёсӣ ва хусусиятҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимоя кардам ва ҳоло, ки рисолаи докториро дар мавзӯи «Интихобот чун институти демократӣ дар шароити ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омода месозам, китобу сарчашмаҳои зиёди илмӣ мутолиа менамоям. Ба ҳангоми фароғат китоберо бо унвонии «Дочь Востока» мехонам ва аз корномаи бонуи ҷасури қарни ХХ Беназир Бҳутто ба шигифт меояму бардоштҳо мекунам. Дар ин марҳилаи умр нақша дорам китоби «Тоҷикон»-ро бори дигар бо диди имрӯзаам варақ бизанам.
Гулноза АҲМАДЗОДА