Рухшона ин саҳар низ чун одати ҳамешагӣ хеле бармаҳал ба ҷои кор ҳозир шуд. Дар болои мизи хидматии ӯ як баста мактубу ҳуҷҷатҳое мехобиданд, ки барои баррасӣ оварда буданд. Ӯ ба курсӣ нишаста, бастаи ҳуҷҷатҳоро ба назди худ гузошт ва роҳату фароҳам ба мутолиа пардохт. Дар як дам он ҳамаро хонда баромад ва ба мақсаду мароми муроҷиаткунандагон ошно гашт. Сипас, андешаю мулоҳизаҳои худро оид ба иҷроиш, дар ҳошияи ҳар кадоме аз ин ҳуҷҷатҳо, як – як сабт карда, ба ҷузвдон гузошт.
Баъд аз фурсате аз ҷой бархосту назди тиреза рафт ва пардаи онро ба як тараф андохта, ба берун назар афканд.
Офтоби оламоро аллакай аз қуллаи кӯҳ ба қадри як найза баланд шуда, ба берун саховатмандона нур мерехт. Аз ҳарорати ин нурҳои заррину ҳаловатбахши офтоби тирамоҳӣ ба тану ҷон рӯҳу равони тоза медамид. Кас мехост ҳар чи бештар аз ин нурҳои ҷонбахш баҳра бардорад. Дар берун рӯзи корӣ барои мардуми шаҳрак кайҳо оғоз шуда, ҳар касе пайи рӯзгори худ дар ҷунбуҷӯл буд…
Тамошои ин манзараи дилфиребу назаррабо ӯро мафтун кард. Ба назараш чунин расид, ки ҳеҷ гоҳи дигар ин ҳолати зеборо надида бошад ва бори аввал эътибор дод, ки аз ин ҷо маркази ноҳия - шаҳраки Темурмалик, хеле хуб намудор мешавад. Ҳоло дар партави равшании хуршеди саҳар, намои шаҳрак дар назараш дигаргуна ҷилва дошт. Ӯ эҳсос кард, ки воқеан, тарҳи маркази ноҳия дигар шуда, хеле ободу зебо гаштааст. Ҳеҷ гоҳ дар ин ҷо ин қадар биноҳои хушсохту замонавӣ набуданд, ки ба симои он ин андоза шукӯҳу шаҳомат бахшида тавонанд. Аз ҷониби дигар, дидани гулгашту хиёбонҳои навобод, кӯчаю роҳравҳои ороста, майдончаҳои истироҳату бозӣ касеро ҷалби таваҷҷуҳ менамуду ҳавасро дар вуҷудаш бармеангехт.
Аз чӣ бошад, ки тамошои ин манзараи дилрабо ӯро беихтиёр ба рӯзҳои ҷавонию мактабхонияш бурданд…
Он замон маркази ноҳия - шаҳраки Темурмалик ҳанӯз дуруст шакл нагирифта буд ва дар он биноҳои баланду замонавӣ ҳам ба чашм намехӯрданд. Бо вуҷуди ин, Рухшона ба ин ҷо дил баста буд ва гоҳ – гоҳе ҳамроҳи падараш дар кӯчаҳо қадам мезад ва шомгоҳон дар боғи истироҳатии навсохт сайругашт менамуд…
Падараш Талбак Шарифов, он айём сарварии ноҳияи Темурмаликро ба уҳда дошт ва дар мақоми котиби аввали ҳизб фаъолият мекард. Ӯ, ки худ як марди далеру ҷасуру матину устувору оштинопазир бо камбудиҳову фориғболон буд, тавонист барои мардуми диёр хизматҳои арзандаеро ба ҷо биорад, хусусан, дар бобати бунёди иншооти муҳими хоҷагии халқ, тарбияи кадрҳои ҷавону болаёқат ва ғанӣ гардондани буҷети ноҳия. Маҳз ҳамин чиз буд, ки мардум Талбак Шарифовро ду даъват ҳамчун вакили худ ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Ҳарчанд ки он замон на ҳама фикру андешаҳои вакилон ва роҳбарони маҳаллӣ ба инобат гирифта мешуданд, ин марди далеру шуҷоъ тавонист бисёре аз нақшаю ниятҳои неки худро ҷомаи амал пӯшонад ва дар хизмати мардум қарор диҳад…
- Эй кош, падарам зинда мебуду ин ҳама пешравиҳоро бо чашми худ медид, - зери лаб нидо кард ӯ, - Шукри Истиқлолият, шукри осоишу осудагии мулк ва шукри Сарвари доною ғамхор, ки моро ба ин рӯзҳои нек расонд!
Рӯҳи Рухшона аз хулосаи охир сабук гашт. Зеро ба хотир овардани рӯзҳои гузашта, хусусан, ёдоварӣ аз падар, ҳолати рӯҳиашро беҳтар кард. Ӯ акнун худро хеле хушҳол эҳсос менамуд. Ин буд, ки бо хотири болида аз дафтари корияш берун омад…
Мутобиқи нақша ӯ ҳоло бояд ба Ҷамоати деҳоти Кангурт равад ва он ҷо аз супоришҳои чанд рӯз пеш додааш натиҷагирӣ намояд. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз аз қайди андешаҳои субҳгоҳӣ пурра раҳо нашуда буд. Ин дам:
- Салом, муаллимаҷон! – гуфтани духтари ҳамсоя, ки ба мактаб шитоб дошт, риштаи хаёлоти ӯро барканд.
- Салом, духтарҷон! Ана, дидӣ, чӣ қадар зебо шудаӣ. Чунки сарулибосат мувофиқ, шинам, хоксорона. Минбаъд ҳамин гуна либос бояд пӯшиду аъло бояд хонд! Фаҳмидӣ, духтарам!
- Бале, муаллимаҷон!
- Офарин! Рав, ҷони апа!…
Дидани ин духтараки хандонаку ширин бо либосҳои зебо, воқеан, ӯро рӯҳбаланду болидахотир гардонд.
Ин буд, ки бо чеҳраи хандон ва табъи болида вориди мошин шуд ва роҳи деҳаи Кангуртро пеш гирифтанд…
Дар саҳни бинои ҷамоат ӯро раиси деҳот Чинигул Файзова бо чеҳраи хандон истиқбол гирифт:
- Биё - биё, апаҷон! Омад – омади Шумо аз омад – омади шоҳи Дарвоз ҳам гузашт, - бо хандаи ҷарангосӣ садо баровард Чинигул ва дасти Рухшонаро гирифта, ӯро ба курсии мулоим, ки дар зери дарахтони саҳни идораи ҷамоат барои меҳмонон дуруст карда буданд, гузаронд ва ҳол пурсид:
-Охир, як ҳафта шуд, ки роҳ мепоям, аммо ҳеҷ не, ки биёӣ!
- Хайр, ана, омадам, агар супоришҳо иҷро нашуда бошанд, аз интизориҳот пушаймон мешавӣ, духтар! - худро ҷиддӣ гирифта гуфт Рухшона ва мехост боз чизе гӯяд, аммо ин дам беихтиёр ба атроф назар андохт. Дар ҳама ҷо дигаргуниҳою навовариҳо ба назар мерасиданд ва аз ҳама бештар, дар саҳни ҳавлии идораи деҳот ва бинои он.
Гулҳои садбарг дар роҳравҳо ба дараҷае шукуфону хандон буданд, ки Рухшона аз диданашон ба як назар мафтун шуд ва ҳеҷ бовараш наомад, ки дар саҳни Ҷамоати деҳот қарор дорад. Ба ҳар ҷо, ки менигарист, ҳама ҷоро тару тоза, шукуфону атрафшон ва ғайриодӣ дармеёфт. Сабзаи махмалини назди ҳавлӣ ҳам дар нашъунамо буд, мисле ки мавҷ мезад. Ӯ аз ин ҳама тамоман моту маҳбут гашта буд…
Воқеан, Ҷамоати деҳоти Кангурт аз шумори зеботарин ва калонтарин ҷамоатҳои деҳоти вилояти Хатлон ба шумор меравад. Дар ин ҷо таги як - ду соли охир, дигаргуниҳои муҳиме рӯи кор омада, иншооти зиёде қомат афрохтанд. Ин диёри куҳанбунёд имрӯз ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар тозаҷавониҳо ёфта, басо ободу зебо гардидаст, ки диданаш беихтиёр дили ҳар бинандаро мерабояд…
Рухшона аз ғайрати Чинигул, ки чӣ гуна тавонистааст дар як фурсати кӯтоҳ, ҳама он камбудию норасоиҳоро ислоҳ намояд, ба ҳайрат афтода бошад ҳам, сирро бой надода, худро ба нодонӣ зада, хомӯш меистод.
- Ҳама супориш иҷро! – садо баровард Чинигул, аз он ки эҳсос кард табъи Рухшона болида аст, боз афзуд:
- Бо ёрии омӯзгорони деҳот шиору овезаҳоро дигар кардам, апа! Шеъру суханҳои тамоман навро навишта оварданд. Биё, як сари қадам бубинем, - гуфту аз дасти Рухшона гирифт.
Рухшона ҳанӯз аз қайди зебоиҳо нараҳида буд ва бисёр мехост, ки як дами дигар бимонаду аз ин ҳама баҳра бардорад, аммо наметавонист. Чунки боз дар ин ҷо корҳои зиёде буданд. Бо чанд кас вохӯрию суҳбат мебоист…
Воқеан, дар ҳама ҷода якдигарфаҳмӣ чизи хуб аст, аммо дар соҳаи маънавиёт, муҳим ва асосист. Ин соҳаест, ки мардумро рӯҳан дигаргун мекунад, пеш мебарад ва ба қуллаи мақсуд мерасонад, аммо дар ин ҷабҳа комёб гаштан, корест сангину вазнин, ки ин барои ҳамагон рӯшан аст…
Рухшона роҳбарест, ки метавонад касро шунавад, арзу додашро таҳаммул кунад ва хулоса барораду чора андешад. Ҳар роҳбаре, ки аз рӯи ин меъёр фаъолият менамояд, ба мардум наздик мегардад ва оқибат ба мақсад мерасад. Рухшона аз зумраи ҳамин гуна хуштолеъҳост. Маҳз ҳисси баланди вазифашиносию пурмасъулиятӣ, риояи одоби сарварӣ, шинохти қадру эътибори ҳамдиёрони худ, муносибати самимона бо онҳо, бегумон, ӯро миёни мардум соҳибэҳтиром гардондаанд.
Воқеан, сазовор шудан ба эътимоду эҳтироми мардум бузургтарин саодат аст.
А. ЗАРИФӢ,
ноҳияи Темурмалик