Бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар 4-уми март дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо роҳбарии омӯзгор Мақсуд Садиров мизи мудаввар таҳти унвони “Дасти дуои модар” баргузор гардид.
Нахуст директори коллеҷ Н. Рабизода ҳозиринро бо ҷашнҳои пуршукӯҳи баҳорӣ шодбош гуфта, меҳмонони чорабиниро муаррифӣ намуд.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” Шоҳона Одиназода дар бораи қадру манзалати Зан-модар изҳори андеша намуда, таъкид кард, ки имрӯзҳо бо дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон модарони тоҷик мақоми баландро дар ҷомеа сазовор гашта, дар њифзи манфиатњои ќонунии хеш аз пуштибонии њамвораи Пешвои муаззами миллат бархўрдоранд.
Дар рафти чорабинӣ ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ – Дилрабо Файзуллоева, омӯзгорон Гулмирзоева С. Қ., Қосимова С.И., Садиров М.М. ва Қараева С. дар мавзуъҳои “Нақши бонувон дар пойдории сулҳу субот”, “Зан-модар тоҷи офариниш”, “Зан-модар олиҳаи зиндагӣ”, “Таърихи таҷлили 8-уми Март ва дигар масъалаҳои марбут ба занон маърузаҳои пурмуҳтавои хешро пешниҳод намуданд.
Қироати шеър дар ситоиши Зан-модар ва баргузории озмуни “Кадбонуи беҳтарин” аз тарафи донишҷӯён шукуҳи дигаре ба чорабинӣ зам намуд.