Имрӯз дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар семинар-машварати дастурдиҳӣ таҳти унвони “Тақвияти фаъолияти идеологӣ дар шароити муосир” доир гардид, ки дар он Абдулло Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, муовини аввали раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода ва кормандони дастгоҳи идеологии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва соҳаву сохторҳои марбута иштирок доштанд.
Семинарро бо сухани муқаддимавӣ муовини аввали раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки ҳадаф аз мулоқоти имрӯза бо масъулони дастгоҳҳои идеологии шаҳру ноҳияҳо ва вилояти Хатлон ин татбиқи амалии дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалҳо арзёбӣ мегардад.
Баъдан Абдулло Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ба сухан баромада, оид ба тадбирҳои муҳим дар самти тақвият бахшидани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва таъмини иштироки фаъолияти аҳли ҷомеа дар раванди созандагию бунёдкорӣ ибрози андеша намуда, бо усулҳои замони муосир гузаронидани нақша-чорабиниҳои оммавии фаҳмондадиҳӣ, дастури таҳиянамударо ба масъулони дастгоҳҳои идеологии вилояти Хатлон пешкаш намуд.
Мавсуф бо изҳори нигаронӣ аз сатҳи ташкилу баргузории чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғу ташвиқ ва инъикоси раванди чорабиниҳои воқифгардонӣ дар расонаҳо ва сомонаҳои иҷтимоӣ, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар баробари ташкилу баргузории суҳбату вохӯриҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа, ҳамчунин суҳбату вохуриҳои хона ба хонаро то дар дурдасттарин маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷоннок намуда, натиҷаи онро дар саҳифаҳои иҷтимоии соҳавӣ инъикос намоянд.
Бинобар гуфтаи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, тақозои замон аст, ки сохтору соҳаҳои марбута дар сомонаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои мушаххас бо унвони расмии худро дошта, натиҷаи ташкилу баргузории нақша-чорабиниҳои таҳигардидаро саривақт инъикос намоянд.
Дар семинар-машварати дастурдиҳӣ таҳти унвони “Тақвияти фаъолияти идеологӣ дар шароити муосир” тамоми паҳлуҳои фаъолияти соҳаҳои мазкур баррасӣ гардида, масъулони соҳаҳо ҷиҳати иҷрои сифатноку саривақтии нақша-чорабиниҳои таҳиягардида вазифадор гардиданд.
Тибқи иттилоъ, назорати раванди иҷроиши нақша чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва тадбирҳои дар самти баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ ва суҳбату вохӯриҳои масъулони соҳаҳои марбута тавассути гузоришҳои дар саҳифаҳои интернетии соҳавӣ инъикосгардида ба роҳ монда шуда, натиҷагирӣ карда мешаванд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
Далер ШАРИФОВ,
вилояти Хатлон