Нишасти матбуотии муштараки ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ҶСК «Ширкати ҳавопамойии Сомонэйр», «Тоҷикэйр» бо ҷалби зиёди хабарнигорони маҳаллию хориҷӣ имрӯз, 31 январи соли 2024 доир гашт.
Дар маҷмуъ қайд гардид, ки хадамоти ҳавопамойии ҷумҳурӣ соли гузашта то андозае фаъолияти худро хуб ба роҳ монд. Хусусан, теъдоди парвозҳо аз фурудгоҳи пойтахт тавассути як ширкати ҳавопаймоӣ ва дигар ширкатҳои хориҷӣ бамаротиб афзуд, агарчи аз самти Хуҷанду Бохтару Кӯлоб рақамҳо хушҳолкунанда нестанд.
Лоиҳаи созишномаҳо миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои ҷаҳон дар ин бахш ба имзо расида, гуфтушунидҳо бо шоҳигарии Британияи Кабир ва давлати Ирландия дар ҳоли анҷомёбист. Дар соли сипаришуда бино ба маълумоти Исматулло Абдуллозода, директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» соли 2023 аз фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ 2021 хатсайр ба роҳ монда шуд, ки бештар аз 3 миллион шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва хориҷӣ аз он баҳравар шуданд ва 782000 нафари онҳо ба хатсайрҳои ҶСК «ШҲ Сомонэйр» рост меояд. Дар самти сайёҳию туризм бошад ду чархболи наву замонавӣ бо шароиту имконоти муосир хизмату дархости сайёҳонро бароварда намуд. Роҳбари ин ниҳод бо боварӣ қайд намуд, ки кормандони «Тоҷикэйр» низ дар ҳоли хозир маоши худро гирифта истодаанд ва бо фароҳам омадани шароиту имконияти мусоид, аз ҷумла дарёфти ҳавопаймоҳои нав ин ширкат парвозҳоро аз сар хоҳад гирифт. Нуқтаҳои чиптафурӯшии пойтахт ва дар маҳалҳобуда аз ҷониби масъулони фурудгоҳ мавриди санҷиш қарор гирифта, дар даҳ нуқтаи фурӯш камбудиҳо ошкор шуданд.
Хадамоти ҳавопаймоии ҷумҳурӣ соли нави омадаро бо фаъолияти пурсамар оғоз намуда, мақсад дорад, ки имсол ба як қатор давлатҳои ҷаҳон хатсайрҳои нав кушода, сифати хизматрасониро дар ин самт боз ҳам беҳтар намояд.
Р. НАЗИР