Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соли таҳсили 2023 - 2024 аз 27 давлати дунё 1772 нафар муҳассилини хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки дар сатҳи тодипломӣ 1772 нафар, дар сатҳи баъдидипломии илмӣ 10 нафар ва дар сатҳи баъдидипломии муолиҷавӣ 11 нафар мебошанд. Дар ин бора ректори Донишгоҳ Маҳмадшоҳ Гулзода 30 январи соли равон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
То соли 2019 дар Донишгоҳ ҳамагӣ аз 16 кишвари ҷаҳон донишҷӯён таҳсил мекарданд ва баъди аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштану ба стандартҳои аврупоӣ мутобиқ гардидани фаъолияти Донишгоҳ ҳамакнун шумораи довталабон барои таҳсил дар ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино афзуда, бештари довталабон аз Россия ва Ҳиндустон мебошанд.
Дар донишгоҳ таҳсил бо забонҳои давлатӣ (25,7 %), русӣ (60,9 %) ва англисӣ (13,4 %) ба роҳ монда шудааст.