Соли 2023 бо назардошти иҷроиши воқеӣ ва мусоидати молиявӣ аз буҷети вилояти Хатлон ба буҷетҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 303,9 млн. сомонӣ ва аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят 835,7 млн. сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳабибулло Изатуллозода иттилоъ дод.
Ҳамзамон, дар ин давра ба маблағи 130,8 млн. сомонӣ, аз ҷумла, барои зиёдшавии музди маош 129,7 млн. сомонӣ ва барои пешгирии вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) 1,1 млн. сомонӣ ба тариқи ҳисоббаробаркунӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба шаҳру ноҳияҳо равона гардидааст.
Бинобар иттилои манбаъ дар соли сипаригардида иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз рӯи контингенти умумӣ ба андозаи 105,3 дарсад ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба андозаи 106 % таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 1905,9 млн. сомонӣ нақшаи пешбинишуда 2015,8 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 109,9 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 306,9 млн. сомонӣ зиёд аст.
Зикр гардид, ки то якуми январи соли 2024 нақшаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз 102 то 126 % таъмин гардидааст. Дар ин давра бақияпулии қарзи андозҳо дар маҷмӯъ, ки маблағи 166,2 млн. сомониро ташкил менамуд, нисбат ба аввали соли 2023, 2,0 млн. сомонӣ кам карда шудааст. Иҷроиши нақшаи андози иҷтимоӣ буҷетӣ дар сатҳи 108 % таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маблағҳо бо назардошти хароҷоти маблағҳои иҷтимоӣ ба 558,5 млн. сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 43,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Бинобар иттилои Изатуллозода Ҳабибулло соли 2023 хароҷоти маблағҳои буҷети маҳаллӣ дар доираи иҷрои воқеии буҷет ба роҳ монда шуда, ба соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят бо назардошти маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ 2966,9 млн. сомонӣ аз ҷумла, ба соҳаҳои идоракунии давлатӣ 130,4 млн. сомонӣ (97 фоиз), мудофиа 27,0 млн. сомонӣ (99 фоиз), мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 28,6 млн. сомонӣ (99 фоиз), маориф 1769,5 сомонӣ равона карда шудааст, ки 100 % нақшаи хароҷоти буҷети маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ хабарнигорони ВАО оид ба иҷрои қисми даромади буҷет, маблағгузорӣ ба соҳаи иҷтимоӣ, пардохти кӯмакпулиҳо, равона гардидани маблағҳои буҷетӣ бо мақсади пешгирии хавфи офатҳои табиӣ, маблағгузорӣ ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят барои омодагӣ ба давраи зимистони соли 2024, ворастан аз мусоидати молиявӣ ва дигар паҳлуҳои фаъолияти соҳа суолҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби масъулони Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон посухҳои мушаххас гирифтанд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
вилояти Хатлон