Бо ворид ва таъмин намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ дар муассисаҳои тиббии вилояти Хатлон сол ба сол муроҷиати сокинони вилоят ба муассисаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар коҳиш ёфта истодааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Шойдулло Шарифзода - сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон иттилоъ дод.
Бинобар иттилои манбаъ дар соли 2023 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 41 млн.810 ҳазор сомонӣ маводҳои доруворӣ, таҷҳизот ва маводҳои муҳофизатӣ ворид карда шудааст.
Дар Маркази саломатии шаҳри Бохтар бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шарикони рушд ба маблағи 152 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти муосир барои табобати бемориҳои чашм ворид гардидааст.
Ҳамчунин, дар ин давра аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба Беморхонаи клиникии бисёрсоҳавии шаҳри Кӯлоб ба номи А. Ҳақназар дастгоҳи эндоҷарроҳӣ, ба вилоят 2 адад озмоишгоҳи вирусологии сайёр муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти ташхисии вирусологӣ ворид гардид,- иброз дошт Шайдулло Шарифзода.
Дар ин давра ба Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Б. Воҳидов аз тарафи шарикони рушд 3 адад дастгоҳи поксозии хун ва аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба Маркази вилоятии бемориҳои эндокринологии шаҳри Бохтар дастгоҳи муосири озмоишгоҳи геманализатори клиникӣ харидорӣ гардид.
Дар умум, илова ба таъмини дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ дар соли гузашта дар ҳама муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 31 навгониҳо, аз ҷумла, 7 усули нави ташхис роҳандозӣ гардид.
2 милиону 17 ҳазору 875 сомонӣ таҷҳизоти компютерӣ Сарраёсати
сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Ш. Шарифзода иттилоъ дод, ки соли 2023 дар ҳудуди вилояти Хатлон таъмири 148 муассисаи тандурустӣ ба нақша гирифта шуда, 134 адади он ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, корҳои таъмир ва азнавсозӣ дар 14 муассисаи тандурустӣ бомаром идома дорад.
Тибқи иттилоъ, бо мақсади дастгирии кормандони соҳаи тиб дар соли 2023 аз ҷониби мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо барои дастгирӣ дар Кӯшониён 2 га замин, Ҷ. Балхӣ барои 6 нафар, Дӯстӣ 5 нафар, Хуросон 8 нафар, А. Ҷомӣ 3 нафар, Норак 1 нафар, Муъминобод 7 нафар заминҳои наздиҳавлигӣ ва қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои истиқоматӣ ҷудо шуданд.
-Ба ҳолати моҳи январи соли 2024 дар дар соҳаи тандурустии вилоят 4200 табиб ва 21527 корманди миёнаи тиб фаъолият доранд. Дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон воҳидҳои кории холии табибон зиёда аз 700 ададро ташкил медиҳад,- гуфт Ш. Шариифзода.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
Далер ШАРИФОВ,
вилояти Хатлон