25 январи соли равон дар шаҳри Токио 21-умин Намоишгоҳи байналмилалии “Санъат бидуни марз” дарҳои худро барои тамошобинон боз намуд. Ин намоиш ҳамасола бо ташаббуси Ҷамъияти Ҷопон - Авруосиё баргузор мегардад. Дар намоишгоҳ ҳунари рассомии мактаббачагони Тоҷикистон дар қатори расмҳои кӯдакони даҳ кишвари ҷаҳон ба намоиш гузошта шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар намоишгоҳ сафири Тоҷикистон дар Ҷопон Мирзошариф Ҷалолов иштирок ва суханронӣ намуд.