Дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии федеративии Олмон аз 18-уми январи соли равон Форуми ҷаҳонии “Ҳафтаи сабз-2024” оғоз ёфт. Тоҷикистон низ дар баробари дигар кишварҳо дар ин намоишгоҳи сатҳи баланди байналмилалӣ ширкат варзид.
Роҳбарияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба афзалияти намоишгоҳ маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ, инчунин маҳсулоти ширкатҳои ватании “СИЁМА”, “Мармарӣ”, “Тути Помир”, “Фабрикаҳои қаннодии Ширин”, “Амирӣ”, Ассотсиатсияи зардолупарварони Ашт ва Исфара ва ғайраҳоро муаррифӣ намуданд. Ҳамчунин нигораҳо аз гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистон, ҳунарҳои мардумӣ ва имкониятҳои сайёҳӣ намоиш дода шуд.
Манбаъ: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон