Дар арафаи соли нави мелодӣ ва натиҷагириҳо аз ҳамкориҳои судманди Муассисаи давлатии Маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар самти дастрасии саривақти сокинони вилоят бо маҷаллаву рӯзномаҳои даврӣ, имрӯз вохуриии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сардабири Маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" Одиназода Шоҳона баргузор гардид.
Зимни вохуӣ Давлаталӣ Саид, раиси виоояти Хатлон аз сатҳу сифати табъу нашр ва инъикоси ҳаёту фаъолияти пурсамари бонувон ва мавзӯҳои мубрами ҷомеа дар ин маҷаллаи мардумӣ ёдрас шуда, ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъдаи аҳли эҷод бо соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят изҳори андеша намуд.
Сипас, Шоҳона Одиназода, сардабири маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" барои ҳамкориҳои судманд ва таваҷҷуҳи зиёди роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати дастрасии аҳрлии вилоят ба матбуоти даврӣ ба раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, Сипосномаи Муассисаи давлатии маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон"-ро тақдим намуд.
Маврид ба ёдоварист, ки маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" дар партави сиёсати хирадмандона Сарвари давлат ва дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззам миллат, бо таблиғи ғояҳои ватандӯстонаву инсонпарварона ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ имрӯз аз маҷаллаҳои серхонандатарин ва маҳбуби натанҳо бонувон, кулли сокинони кишвар ба ҳисоб меравад, ки сол аз сол хонандаи зиёд пайдо карда истодааст.
Ҷамолиддин Сайфиддин
Далер Шарифов
вилояти Хатлон