Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Норак сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Шоҳона Одиназода бо бонувони фаъоли касбу кори гуногуни шаҳр, собиқадорони меҳнат, хосса бо бонувони заҳматкаши НБО «Норак», ки барои фурӯзонӣ ва пешрафти Ватани азиз саҳми арзанда доранд, мулоқот намуда, дар ин росто, суҳбати гарму судманде анҷом дод.
Зимни мулоқот Шоҳона Одиназода оид ба саҳми назарраси бонувони шаҳри Норак дар эҳё ва нигаҳдории анъанаҳои миллӣ, расму оинҳои ниёгон, саҳми беандозаи бонувони барқчии НБО «Норак» дар рушду пешрафти кишвар, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонун дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ободу зебо гардонидани манзилҳои зист, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, дурӣ ҷустан аз фарҳанги бегона, бахусус ба бар кардани либосҳои миллӣ аз ҷониби занону духтарон ва тарғиби фарҳангу асолати миллӣ ибрози андеша намуд.
Таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванд бояд пайравӣ аз ҳадафҳои некбинона ва созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, саъю кӯшиши худро баҳри ободии Ватани азиз равона созанд.
Бонувони фаъоли шаҳри Норак аз ташрифи сармуҳаррири маҷалла изҳори хушнудӣ баён намуда, иброз доштанд, ки мекӯшанд, то дар ниҳоди ҳар як фарди ҷомеа, махсусан насли наврасу ҷавон ҳисси ватандӯстӣ, анъанаҳо ва муқаддасоти миллӣ тарғиб ва ҳифз карда шаванд.
Бонувони касбу кори гуногун, аз он ҷумла омӯзгорон, табибон, ҳунармандон, кормандони НБО «Норак» аз муҳтавои суҳбати омӯзанда изҳори сипос баён дошта, пешниҳод намуданд, ки чунин мулоқотҳои судманд дар оянда бо намояндагони соҳаҳои гуногуни шаҳр дар алоҳидагӣ сурат гирад.
«Бонувони Тоҷикистон»