Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Давлатзода Қиëмиддин, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ баён дошт, ки дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии кишвар ба 7653 нафар бо маблағи 6 млн. 460,7 ҳазор сомонӣ барои давраи бекорӣ кумакпулиҳо пардохт гардидааст.
Мавсуф иброз дошт, ки нафароне, ки ин кумакҳои иҷтимоиро гирифтаанд, 6903 нафарашон ҷавонони аз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба эҳтиёт рухсатшуда, 577 нафар аз муассисаҳои ҷазои ҷиноятӣ озодшуда, 173 нафар шаҳрвани ихтисоршуда аз ҷойи кор мебошанд.