Бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти вусъат додани бахши иқтисодиёт аз ҳисоби соҳибкорзанон ва дастгирии онҳо, дар Амонатбонк бо қарори Раёсати Бонк аз 28 декабри соли 2022, таҳти №94 «Тартиби пешниҳоди қарзҳо барои бонувон «Занҳои муваффақ» тасдиқ ва дар амал ҷорӣ карда шуд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ Раиси КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ.
Меъёри маблағи пешниҳоди қарз бо пули миллӣ сурат гирифта, аз 2 000 то 250 000 сомонӣ ё мутаносибан бо асъори хориҷӣ мебошад. Муҳлати қарз то 48 моҳ (4 сол) буда, меъёри фоизи қарз бо пули миллӣ 20 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ 10 фоизи солонаро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, Сироҷиддин Икромӣ зикр намуд, ки аз давраи ба тасвибрасӣ то инҷониб аз ҷониби «Амонатбонк» ба 192 нафар соҳибкорзанон дар ҳаҷми 11,9 млн сомонӣ қарз пешниҳод карда шудааст.