02

Июл, 2025
Чоршанбе

02

Июл, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

«Нахустин маҳфил-викторинаи «Пайравони Пешвои миллат» дар Душанбе баргузор гардид

 

89898990 aaa

Дирӯз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода нахустин маҳфил-викторинаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем!» баргузор гардид.

Нахустин маҳфил – викторина бо иштироки роҳбарияти Донишкада, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат», донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд.

Таъкид карда шуд, ки баргузории барномаҳои дорои хусусияти зеҳнӣ, аз ҷумла Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба баланд бардоштани сатҳи маънавиёти насли ҷавон, зиёд намудани рағбати онҳо ба китобхонӣ ва ба ин васила- баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо мусоидат менамояд.

Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолии мамлакат пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Далели равшани гуфтаҳои боло иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад.

Воқеан, дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ нақши китоб хеле бузург аст. Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои миллат аст, ки солҳои охир соҳаи китобдорӣ ва илму ирфон рӯз ба рӯз рушд намуда истодааст. Ҳар иқдоме, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, сабаби болоравии маънавиёти мардум, бахусус насли ҷавон ва қишрҳои мухталифи ҷомеа мегардад.

Маҳфил – викторинаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» хеле пурмазмун доир шуда, дар он дӯстдорони китоб байни худ муколама намуданд. Беҳтаринҳои маҳфил бо туҳфаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сарфароз гардонида шуданд.

Зимни маҳфил-викторинаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҷониби муҳассилин ва аҳли эҷоди Донишкада барномаи фарҳангии ҷолиб намоиш дода шуд.

:.  Хабарҳо 16.05.2023 13:02 429

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz