03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

“Суруди Алла” баёни розу ниёзи модарон

 

Алла-ифшогари орзуҳои модар. Таҳти чунин унвон аз санаи 1 уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Озмуни вилоятии “Суруди Алла” оғоз гардид. Озмуни мазкур бо ташаббуси Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон роҳандозӣ шудааст.  dd 99332211

Мақсад аз баргузории ин Озмун баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва расидан ба қадру манзалати зан-модар арзёбӣ гардида, дар он ҳаваскорони санъати сарояндагӣ, модарони рӯзгордида ва ҳамчунин ҷавондухтаронее, ки маҳорату салиқаи сароидани суру таронаҳои “Алла”-ро доранд, ширкат хоҳанд варзид.

Даври навбатии озмуни мазкур имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ идома ёфта, дар он бонувони ҳунарманд ва толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок доштанд. Озмун аз рӯи якчанд номинатсия доир гардида, довталабон дар назди аъзои ҳакамон ва меҳмонону тамошобинон маҳорат нишон медиҳанд.

Мавриди зикр аст, ки «Алла»-сароӣ аз анъанаҳои қадимии ниёгонамон маҳсуб ёфта, то имрӯз модарон сари гавҳораи фарзандони хеш ин сурудро месароянд. Матни сурудҳои «Алла», одатан, аз ҷониби модарон эҷод шуда, дар баробари баёнгари розу ниёзҳои онҳо, ҳамчунин хусусияти оромбахшӣ дошта, ба тифлон эҳсоси хушбинӣ мебахшад.

Ҳамин тавр, тӯли қарнҳо сурудҳои “Алла” вобаста ба шароитҳои иҷтимоӣ ва муҳиту замони зисту зиндагии сокинон мазмуни гуногун пайдо кардааст. Аз ҷумла дар чорабинии имрӯза модарон ва ҷавондухтарони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо сароидани сурудҳоии гуногунмазмуни “Алла” хотири тамошобинонро болида гардониданд. Дар Озмун навхонадорон низ иштирок намуда, аз маҳорати модарони рӯзгордида баҳравар гардиданд. Дар идомаи чорабинии фарҳангӣ аз ҷониби бахши САҲШ ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ тақдим карда шуд.

Қобили зикр аст, ки Озмуни вилоятии “Суруди Алла” ба муносибати ҷашнҳои дарпешистодаи миллӣ, фарорасии фасли баҳор ва Иди модар бахшида шуда, даври ҷамъбастии он дар санаи таҷлили Рӯзи модар баргузор мегардад.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН, Далер Шарифов, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

:.  Хабарҳо 24.02.2023 03:45 461

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz