03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Хатлон: Иштироки фаъоли бонувон дар Аксияи ниҳолшинонӣ

 

pg 555111222

Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон санаи 23 – юми феврал дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Аксияи тозаги муҳит баргузор гардид, ки дар он сокинони шаҳру навоҳии вилоят ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ баромада, дар кӯчаву хиёбонҳо ва шафати шоҳроҳҳо як миқдор дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида истодаанд.

Дар доираи аксияи мазкур имрӯз шуруъ аз ҳудуди ноҳияи Хуросон то шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Вахшу Кӯшониён Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҷайҳуну Панҷ сокинони касбу кори гуногун дар корҳои ободониву кабудизоркунӣ саҳми худро гузоштанд.

Мавриди зикр аст, ки иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва дигар корҳои ободониву тозагии муҳити зист аз ташаббусҳои наҷибест, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба ҳукми анъана даромада, мардум ба ин васила деҳу рустоҳо ва шафати роҳҳои мошингардро тоза сарсабз менамоянд. Аз ҷумла, бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ ва омодагӣ ба фасли баҳор, мавсими кишту кор ва Иди модарон, бо дастури раиси вилояти Хатлон Аксияи ободониву ниҳолшинонӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин рӯз дар баробари дигар сокинони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон инчунин фаъолзанони ноҳияи Ҷайҳун низ ба маъракаи кабудизоркунӣ ҳамроҳ шуда, дар мавзеъҳои фарҳангиву шафати шоҳроҳи Душанбе-Панҷи Поён садҳо бех ниҳолони сояафкану мевадиҳанда шинониданд.

Заҳматкашони ноҳияи Ҷайҳун бо тавсияи мутахассисони соҳа ниҳолони сояафкану мевидаҳндаро тибқи қоидаҳои агротехникӣ шинонида, азм доранд, ки давоми сол нигоҳубину шодоб намудани ниҳолонро зери назорат қатъӣи хоҳанд гирифт. Зикр гардид, ки маъаркаи ниҳолшинонӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ идома ёфта, сокинон мақсад доранд, ки бо иштироки фаъол дар маъракаи кабудизоркунии муҳити зист дар корҳои ободониву кабудизоркунӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Ҷамолиддин Сайфиддин, Далер Шарифов вилояти Хатлон

:.  Хабарҳо 23.02.2023 10:44 433

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz