03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

“Бонувони Тоҷикистон" дар марз

 

   330791552 558236322929305_7383974045335360430_n

  16- уми феврали соли ҷорӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҷашни 30- умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Муассисаи давлатии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба яке аз қисмҳои низомии қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатиии амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуданд.

   Ҳайати меҳмонон ба ин қисми низомӣ маводи хӯрока аз қабили орду равған, шакару биринҷ, картошаю пиёз, либоси гарми зимистона ва ҳамчунин, маҷалаю рӯзномаҳо ва асарҳои тозанашр дастрас намуданд. Дар ин рӯз меҳмонон аз шароити хизмат, будубоши афсарону сарбозон шинос шуда, зимни суҳбату вохурӣ бо сарбозон иброз доштанд, ки таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беҳтар гардидани шароити ҷузъу томҳо равона гардидааст.

   Дар вохурӣ таърихшинос Ҷонибеки Асрориён оид ба таърихи халқи тоҷик ва роҳи пурпечутоби аҷдодони мо дар масири давлатдорӣ, ҷонбозиҳои фарзандони фарзонаи миллат Куруши Кабир, Спитамен Бобаку Темурмалик ва дигарон дар ҳифзу пойдории халқу Ватан ибрози андеша намуд.

   Дар идомаи чорабинӣ бо ҳомиёни Ватан Шоҳона Одиназода, сармуҳаррири Муассисаи давлатии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон, муҳофизони марзу буми кишварро ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мулассаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак гуфта, барои садоқату вафодориашон дар муҳофизати марзу буми Тоҷикистони изҳори миннаторӣ намуд.

   Ба гуфтаи сардабири Маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои сарбозону афсарони Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, азнавсозии дидбонгоҳо ва муҷаҳҳазгардонии баззаи моддиву техникии қисмҳои ҳарбӣ ва дигар иқдомҳо дар ин самт ҳомиёни Ватанро водор месозад, ки дар иҷрои рисолати муқаддаси бар зиммадоштаашон масъулияти бештар эҳсос карда, амнияту осоиштагиро дар минтақаҳои сарҳадӣ таъмин намоянд.

Зимни суҳбатҳои самимӣ хизматчиёни қисми низомӣ аз дидорбинӣ бо аҳли эҷодии Муассисаи давлатии маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”, модарони меҳрубон, аҳли адаб ва роҳбарияти қушунҳои сарҳадӣ изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки ташкили чунин вохуриҳои хотирмон бо модарон ва аҳли зиё, ки аз дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, ба хизматчиёни ҳарбӣ неруву илҳоми тоза мебахшад. Ҷавобан ба таваҷҷуҳу ғамхории роҳбарияти мамлакат ва зиёиёну аҳли ҷомеа нисбат ба афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ ҷавонмардони шуҷои Ватан назди худ мақсад гузоштаанд, ки хизмати Модар-Ватанро бо сари баланд адо намуда, минбаъд низ дар рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд.

Дар мулоқот бо сарбозон ҳамчунин шоира Шаҳрия Аҳтамзод аз эъҷодиёти ватандӯстонаи хеш шеъру ғазалҳо қироат намуда, бо ёдоварӣ аз масъулияти муҳими бар зиммадоштаи ҳомиёни меҳан изҳор дошт, ки хизмат ба Ватан қарзи муқаддаси ҳар ҷавонписар ба ҳисоб рафта, ин мактаби бузурги ҷавонмардӣ дар тарбияи маънавӣ ва ташаккули афкори созандаи насли ҷавон нақши муассир дорад.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон ва намояндагони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба сарбозон туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

Баъдан, ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи ба номи Шамсиддини Шоҳин ва дигар сарояндагони маҳбуби кишвар бо барномаи ҳунарии хеш табъи хизматчиёни ҳарибро шод гардониданд.

Далер Шарифов, Ҷамолиддин САЙФИДДИН, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

 

:.  Хабарҳо 17.02.2023 12:05 567

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz