03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

КӮЛОБ: НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

 

k 7333

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, нишасти матбуотии раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр бо иштироки васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид.

Нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб барои ҳамкории судманд бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, дастгирии сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2022 ба рӯзноманигорон изҳори сипос намуд. Назарзода Бахтиёр зимни суханронии хеш доир ба муҳимтарин нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву ичтимоии шаҳр иттилоъ дода, иброз дошт, ки соли гузашта барои сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб соли таърихӣ ва хотирмон буд.

   Бахусус дар ин давра зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншоотҳо, аз қабили Коллеҷи технологияи инноватсионию иттилоотӣғкоммуникатсионӣ, филиали муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ”, Муассисаи таълимии №47, коргоҳи истеҳсоли гӯшти мурғ, бинои Кумитаи идораи замини шаҳр ифтитоҳ гардид. Аз ҷумла, зимни ифтитоҳи бинои баландошёнаи истиқоматӣ аз ҷониби муҳтарам Пешвои миллат ба сад нафар ятимони кулл зиёфат ва туҳфаҳои арзишманд дода шуд.

Дар доираи ин сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб вохӯрии Сарвари давлат бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва собиқадорони меҳнат доир гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами рӯз баррасӣ гардид.

Бахтиёр Назарзода зимни баромади хеш ҳамчунин изҳор дошт, рӯйдоди дигари хотирмон ин 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» мебошад, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.

- Дар соли 2022 нақшаи андозҳои давлатии шаҳри Кӯлоб 116,0 фоиз иҷро ва ба буҷет 127,3 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбати нақша 17,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андозҳо якҷоя бо андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 113,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи 140 млн. 691 ҳазор сомонӣ, 158 млн. 960 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нишондиҳанда аз нақша 18 миллион 268 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Бо назардошти эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ва амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии бо суръати мамлакат соли 2022 тибқи қарори раиси шаҳр “Соли рушди саноат ва роҳҳои обод” эълон, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва дар соли 2022 дар ин самт чораҳои дахлдор амалӣ карда шуданд. Дар натиҷаи чораҳои амалигардида ба 01 январи соли 2023 дар шащри К=лоб 7 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои коркарди сангу шағал, истеҳсоли маҳсулот аз филизот, корхонащои истеҳсоли сафолаку хишти сементӣ ва коргощи истеҳсоли филтрҳои равғанӣ ва ҳавоӣ барои автомошинаҳо ба истифода супорида шуда, дар ин замина 73 ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтанд. Ҳамчунин дар ҶДММ “Комбинати хонасозӣ” -и шаҳри Кӯлоб 3 коргоҳҳои нав, аз ҷумла истеҳсоли сафолак, хишти сабук ва сангҳои ороишӣ, дар ҶДММ “Сувайба-2014” коргоҳи парвариши мурғи гуштӣ, дар ҶДММ “Хуршед-Н” коргоҳи истеҳсоли сангу шағал ҳамагӣ бо таъсиси 40 ҷойҳои нави корӣ ба истифода супорида шуданд ва дар маҷм=ъ дар соҳаи саноати шащри К=лоб 113 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли сипаригашта ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 810,0 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 32,1 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 104,1 фоизро ташкил дод.

Дар соли 2022 барои рушди соҳаи маорифи шаҳри Кӯлоб 94,9 миллион сомонӣ, аз маблағҳои қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ равона гардид. Мавриди зикр аст, ки дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 77 муассисаи таълимию тарбиявӣ, аз ҷумла, 52 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 4 литсей, мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат, 2 мактаб-интернат, Маркази таҳсилоти иловагӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ, фароғатгоҳи «Шарора», 13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ (аз ҷумла 4 муассисаи таҳсилоти хусусии томактабии «Меҳрона», «Миҷгона», «Сабрина» ва «Ягона») фаъолият доранд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба соҳаи тандурустӣ 44,8 миллион сомонӣ равона гардид, ки 23,6 фоизи қисми хароҷотии буҷети маҳаллиро ташкил медиҳад. Дар шаҳр 72 адад муассисаҳои тандурустӣ, аз ин 5 муассиса ба бахши госпиталӣ ва 67 адади дигар ба бахши кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ рост меояд. Аз 72 адад муассисаҳои тиббӣ 15 адад дар ҳудуди шаҳр ва 57 адад, аз ҷумла маркази саломатии ноҳиявӣ, 14 адад марказҳои саломатии деҳотӣ ва 41 адад бунгоҳҳои тиббӣ дар ҷамоатҳои деҳот ҷойгир мебошанд.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ намояндагони ВАО ба суолҳои худ оид ба масъалаҳои мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ, кишоварзию рушди саноат посухи мушаххас гирифтанд. Баъдан, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр изҳор дошт, ки сокинони фарҳангдӯсти шаҳр бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳри иҷрои ҳадафҳои пешгирифта дар самти корҳои ободонию созандагии диёри биҳиштоосоямон саъю талош хоҳанд намуд.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН, Далер ШАРИФОВ

:.  Хабарҳо 09.02.2023 15:36 411

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz