03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Хатлон: 86,2 % маблағҳои буҷети вилоят ба соҳаи иҷтимоӣ равона гардидааст.

 

b 114

Дар соли 2022 бо назардошти рушди воқеъии иқтисодиёт иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз рўи контингенти умумӣ ба андозаи 102.6 % ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба андозаи 103.2 дарсад таъмин гардид. Дар натиҷа ба буҷет 1708.8 милион сомонӣ ворид шудааст, ки он дар қиёс ба нақша 52.7 милион сомонӣ ва нисбат ба соли 2021-ум 175.7 милион сомони зиёд мебошад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон Изатулло Ҳабибуллозода, сардори Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи манбаъ дар соли сипаригардида нақшаи ҳамаи намуди андозҳо дар сатҳи вилоят таъмин гардида, то 1-уми январи соли 2023 пардохти бақияпулии қарзи андозҳо дар маҷмўъ 1 миллиарду 68.2 милион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба авали соли 2022 14.6 милион сомонӣ кам гардидааст.

- Соли 2022 таъмини иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ ба 109% баробар гардида, ҳаҷми маблағи воридшуда бо назардошти хароҷоти маблағҳои иҷтимоӣ 446.5 милион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 39.2 милион сомонӣ зиёд мебошад.

Зикр гардид. ки дар доираи иҷрои воқеъии буҷет ба соҳаҳои хоҷагии халқи вилояти Хатлон бо назардошти маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ 2454.6 милион сомонӣ равона карда шудааст, ки 99-дарсади нақшаи хароҷоти буҷети маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад. Дар соли гузашта мабалағгузорӣ ба рушди соҳаи иҷтимоӣ аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва дигар бахшҳои хоҷагии халқи вилоят бештар гардида, он 86.2 % маблағҳои буҷетӣ ё худ 2116.6 милион сомониро ташкил дод.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ намояндагони ВАО оид ба пардохти музди меҳнат, фонди ҳифзи иҷтимоӣ, хизматрасониҳои комуналӣ ва алоқа, кумакпулию ҷубронпулиҳо, маблағгузорӣ дар самти зимистонгузаронии соҳаҳои иҷтимоии вилоят пурсон шуда, иттилои мушахас гирифтанд.

Тибқи иттилоъ дар соли 2022 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои корҳои омодагӣ ба давраи зимистон ба соҳаи маориф 10, 9 милион сомонӣ ва ба соҳаи фарҳанг 1.5 милион сомонӣ ҷудо карда шуд, ки ин аз 102 то 105 дарсади нақшаро ташки медиҳад.

Кормандони Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон ҷиҳати мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ дар соли сипаригашта дар 410 ташкилоту муассиса таҳлилҳои интихоби гузаронида 9.4 милион сомонӣ камбудиҳоро ошкор намуданд, ки аз ин 4,3 милион сомонӣ ба буҷет ва 4,4 милион сомонӣ ба фоидаи корхонаҳо барқарор карда шудааст.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН, Далер ШАРИФОВ. Вилояти Хатлон

 

 

 

 

 

:.  Хабарҳо 01.02.2023 07:47 509

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz