03

Июл, 2025
Панҷшанбе

03

Июл, 2025
Панҷшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Таҷлили Рӯзи таъсисёбии ХХДТ дар вилояти Хатлон

 

  

po 11111111

  Дар ҳамоиши ҳизбӣ бахшида ба 28 –солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар, фаъолони ташкилоту муассисаҳо Кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва омӯзгорону донишҷӯёни ДДБ ба номи Носири Хусрав иштирок доштанд.

Дар маросими расмӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ нахуст Фирӯза Шарифӣ, раиси вилояти Хатлон суханронӣ намуда, оид ба масири тай намудаи ин нерӯи сиёсӣ ва нақши он дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи кишвар ибрози андеша намуд. Мавсуф иброз дошт, ки дар ҲХДТ бо роҳбариву ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа дар татбиқи ҳадафҳои ояндасозӣ дар кишварамон нақши меҳварӣ дорад.

Баъдан, Миралиён Қиёмиддин, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, зимни суханронии хеш аз таърихи таъсисёбии ҲХДТ ва марҳилаҳои тайнамудани ҳизб дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдовар гардида, изҳор дошт, ки идеяи таъсиси Ҳизби Халқии Тоҷикистон, ки фарогири тамоми ҳадафу манфиатҳои ояндасози давлат ва миллат арзёбӣ мегардад, ҳанӯз дар доираи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари тозаинтихоби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд.

Баъдан, санаи 12-уми июни соли 1993 Кумитаи тадорукотӣ таъсис дода шуд, ки пайравони содиқи Роҳбари давлат ҳуҷҷатҳои ташкилии ҳизбҳои навтаъсиси демократии дигар кишварҳои пешрафти оламро мавриди омӯзиш қарор дода, ба хулосае омаданд, ки ҳизби ифдодагари орзуву ормонҳои мардуми Тоҷикистон бояд моҳияти халқиву демократӣ дошта бошад.

Ҳамин тавр, дар арафаи Имзои созишномаи сулҳу Ваҳдати миллӣ рӯзи 25-уми июни соли 1997 Анҷумани 3-юми Ҳизби Халқии Тоҷикистон доир гардида, ба номи ин ҳизби сиёсӣ вожаи “демократия” илова карда шуда, он Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ном гирифт.

Зикр гардид, ки дар тӯли 28 соли арзи ҳастӣ доштани ин нерӯи бузург бо ташаббуси аъзои фаъоли он дар мамлакатамон, аз ҷумла, вилояти Хатлон корҳои бузурги ободонӣ анҷом дода шудааст. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар солҳои охир бо навоварию ташаббусҳои созандааш дар сатҳи ҷумҳурӣ ва ҳам сатҳи вилоят ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст. Дар ин давра Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо рӯи кор овардани 28 ташаббуси созанда, аз қабили ба роҳ мондани низоми ҳавасмандгардонии фаъолияти идоракунӣ- “Рейтинги ҳизбӣ”, Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!”, Амалиёти муштараки “Рӯзи ёдоварӣ”, электроникунонии фаъолият, таъсиси Маҷаллаи илмию таҳлилии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” Амалиётҳои муштарак бо соҳаи маориф “Соати сиёсӣ” ва “Мактаби ман” ва ғайраҳо дар пешрафту ободии Тоҷикистон саҳми арзанда дорад. Бо дарназардошти самаранокии натиҷаҳои “Рейтинги ҳизбӣ” дар фаъолияти Кумитаи иҷроияи вилоят, ин ташаббуси наҷиб дар сатҳи ҷумҳурӣ пазируфта шуда, бо Фармоиши Муовини якуми Раиси ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар роҳандозӣ гардид.

Тибқи иттилоъ ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон теъдоди Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ 2 ҳазору 767 адад ва шумораи аъзои он 185 ҳазору 887 нафарро ташкил медиҳад. Давоми солҳои охир Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон соҳиби биноҳои наву замонавӣ ва нақлиёти хизматӣ гардиданд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин узви КИМ ҲХДТ, раиси шаҳри Бохтар Сиҷоудин Саломзода, Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Дилноза Шоева суханронӣ намуда, оид ба нақши ҲХДТ дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва роҳнамоии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба корҳои ободониву созандагӣ андешаҳои хешро иброз намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ як қатор собиқадорону фаъолони ҲХДТ бо Ифтихорномаву Сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб сарфароз гардонида шуданд.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН, Далер ШАРИФОВ, вилояти Хатлон

 

 

:.  Хабарҳо 13.12.2022 10:47 476

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz